Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Тасвиби созишномаҳои грантӣ ва кафолатӣ

№10 (4116) 18.01.2020

 Бо татбиқи онҳо инфрасохтори зарурӣ барои истифодаи троллейбусҳо дар шаҳри Душанбе пурра барқарор мешавад

DSC_1411Понздаҳуми январи соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум баргузор шуд.

 РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 57 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифӣ Ф. Б.»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия баровардани Шарифӣ Ф. Б.»

3. Оид ба Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ»

4. Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ»

5. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ».

РАИС: - Ба баррасии масъалаи якуми рӯзнома – «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода» шурӯъ менамоем.

Вакилони муҳтарам! Чунон ки ба шумо маълум аст, бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуданд. Мо ба Фирӯза Шарифӣ барои сазовор гардиданашон ба боварии Пешвои миллат табрику таҳният гуфта, дар иҷрои мансаби хеле пурмасъули давлатӣ барори кор орзумандем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шарифӣ Ф. Б.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома — «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия баровардани Шарифӣ Ф. Б.» лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала — «Оид ба Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»- и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо «Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки ­аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур мутобиқи муқаррароти амалкунандаи қонунгузории кишвар 2 октябри соли 2019 ба имзо расидааст. Дар асоси ин созишнома ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағи иловагии грантӣ дар ҳаҷми 2,8 млн. доллари амрикоӣ ҷалб мешавад.

Ёдрас менамоям, ки солҳои 2014 – 2019 лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе» ба маблағи умумии 8,2 млн. доллари амрикоӣ татбиқ ва корҳои дар марҳилаи аввал пешбинишуда амалӣ гардиданд.

Ҳаҷми умумии маблағи бо ин мақсад ҷалбшаванда 8,0 млн. доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод, ки аз он 5,2 млн. маблағҳои қарзӣ ва 2,8 млн. доллар маблағҳои грантӣ мебошад.

Барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа, инчунин, ҷудо намудани 750 ҳазор евро (баробар ба 900 ҳазор доллари амрикоӣ) бо мақсади таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа ҳамчун кумаки техникӣ пешбинӣ шудааст.

Мақсад аз ҷалби маблағҳои иловагӣ пурра барқарор намудани инфрасохтори зарурӣ барои истифодаи троллейбусҳо дар шаҳри Душанбе, инчунин, татбиқи барномаи рушди нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, ­маблағгузории иловагӣ», дар маҷмӯъ анҷоми корҳои зерин, аз ҷумла, таҷдиди чор зеристгоҳи ҳаракат (3,9 млн. доллар), барқарорсозии 30 км кабелҳои фидерӣ (1,05 млн. доллар), барқароркунии 20 км кабелҳои контактӣ (2,0 млн. доллар), хариди таҷҳизот барои нигоҳдории троллейбусҳо (950,0 ҳазор доллар), дастгирии раванди татбиқи лоиҳа (300,0 ҳазор доллар), хизматрасонӣ вобаста ба идоракунии муҳандисӣ ва амалӣ гардидани барномаи рушди нақлиёти ҷамъиятӣ (600,0 ҳазор доллар), инчунин, маблағҳо барои ҳолатҳои ғайричашмдошт (52,0 ҳазор доллар) пешбинӣ гардидааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур то 31 декабри соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади дар муҳлати муқарраршуда амалӣ гардидани барномаи рушди нақлиёти ҷамъиятӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити муосири хизматрасонӣ дар пойтахти кишвар, аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Нидозода Ҳусейн Болта дода мешавад.

НИДОЗОДА Ҳусейн Болта:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, ­маблағгузории иловагӣ» 2 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Мақсади лоиҳа барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе мебошад.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 8,0 млн. доллари амрикоӣ мебошад, ки аз он маблағҳои грантӣ 2,8 млн. долларро ташкил медиҳанд. Айни замон маблағ дар ҳаҷми 1,4 млн. доллар барои тасдиқ пешниҳод гардидааст. Маблағи боқимонда дар ҳаҷми 1,4 млн. доллари амрикоӣ дар сурати гирифтани ҳама ризояти дахлдори дохилӣ ва донори дахлдор бо созишномаи алоҳида пешниҳод мешавад. Инчунин, барои амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур кумаки техникӣ дар ҳаҷми 0,75 млн. евро пешниҳод гардидааст.

Лоиҳа аз қисматҳои зерин иборат аст:

Қисмати 1. Таҷдиди зеристгоҳҳо, барқароркунии шабакаи кабелӣ, таҷдиди шабакаи инфрасохтори рӯизаминии нақлиёти барқӣ ва таъмин намудани таҷҳизот барои нигоҳдории троллейбус.

Қисмати 2. Дастгирӣ дар татбиқи лоиҳа, хизматрасонӣ дар идоракунии муҳандисӣ ва барномаи рушди нақлиёти ҷамъиятӣ. Татбиқи лоиҳа соли 2019 оғоз меёбад ва анҷоми он 31 декабри соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Лоиҳа, ки афзалиятнок ба шумор меравад, ба «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016 — 2020» ва «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2020» ворид карда шудааст. Дар баробари ин, тибқи банди 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи қарори мазкур мавриди арзёбии дохилиидоравӣ қарор гирифт ва дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ кардани созишномаи грантии мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки «Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» — и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала — «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, ­маблағгузории иловагӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, ­маблағгузории иловагӣ» бо мақсади таъмини расмиёти созмонҳои молиявӣ вобаста ба тасдиқи кафолати хизматрасонии маблағҳои қарзии ҷалбшуда аз ҷониби қарзгиранда, яъне Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба баррасии шумо пешниҳод шудааст.

Созишномаи кафолатии мазкур 2 октябри соли 2019 ба имзо расидааст ва тибқи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии маблағҳои қарзии барои татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» ҷалбшуда, инчунин, шартҳои дигари дар созишномаи қарзӣ пешбинишударо кафолат медиҳад.

Аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Нидозода Ҳусейн Болта дода мешавад.

Нидозода Ҳусейн Болта:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» 2 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Мақсад аз лоиҳа барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе мебошад.

Маблағҳои қарзии лоиҳа ба муҳлати 15 сол, аз ҷумла, се сол муҳлати имтиёзнокӣ, пешбинӣ гардида, хизматрасонии он тибқи созишнома дар шакли меъёри тағйирёбанда LIBOR + 1% амалӣ карда мешавад.

Азхудкунии маблағҳои ҷалбшуда баъди аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ (ратификатсия), ки барои эътибор пайдо кардани созишномаи мазкур зарур аст, оғоз меёбад.

Тибқи созишномаи кафолатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати молия) уҳдадориҳои асосии зерин дорад:

- ҳамчун тарафи асосӣ, ки уҳдадории додани кафолатро ба зимма гирифтааст, кафолат медиҳад, ки мувофиқан ва сари вақт пардохти қисман ва ё пурраи маблағи қарз, инчунин, иҷрои саривақтии ҳамаи дигар уҳдадориҳои қарзгирандаро, ки дар созишномаи қарзӣ ба назар гирифта шудаанд, таъмин менамояд;

- қарзгирандаро аз пардохти ҳамаи андозҳо, бо дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳо ба ҳама гуна мол, аз ҷумла, нисбати бақайдгирӣ, тафтиш ё стандартикунии таҷҳизот, кор ва хизматрасонӣ бо дарназардошти хизматрасонии машваратӣ, ки аз ҷониби қарзгиранда ё шаҳр барои лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ, грантӣ ва кумаки техникӣ, ки аз ҷониби бонк пешниҳод мешаванд, озод мекунад ё ҷуброни онро таъмин менамояд;

- қарзгирандаро аз пардохти ҳама андозҳои бевосита ва ё бавоситаи барои мушовирони хориҷӣ, ки аз ҷониби бонк, қарзгиранда ё шаҳр барои татбиқи лоиҳа ҷалб карда шудаанд ва аз ҳисоби ­маблағҳои қарзӣ, грантӣ ва кумаки техникӣ пешниҳод мешаванд, озод мекунад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи кафолатии мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад», оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович дода мешавад.

Раҳматулло МИРБОБОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи созишномаи мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Он 17 апрели соли 2019 дар шаҳри Москва зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия ба имзо расонида шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати сохтмони панҷ мактаб аз ҷониби Федератсияи Россия дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои зикр­гардида қитъаҳои замин ҷудо намудаанд. Ҳамчунин, вобаста ба ­масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон розигӣ додаанд.

Бо дарназардошти мавҷуд будани ҷалби кумаки беруна ва озодкунӣ аз супоридани боҷи гумрукию андозҳо дар матни Созишнома (дас­тури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.09.2019, № 29/10-97), он дар шакли лоиҳаи қарор барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин, иттилоъ медиҳем, ки лоиҳаи созишномаи мазкур оқибатҳои эҳтимолии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ ва оқибатҳои дигари бастани шартномаҳои байналмилалиро ба миён намеорад ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро талаб наменамояд.

Хоҳишмандем созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна дода мешавад.

Лутфия РАҶАБОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

«Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва гирифтани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон созишномаи мазкурро 8 январи соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва онро ҷонибдорӣ намуд.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз муҳтавои созишнома бармеояд, ки ҳар кадом аз ин панҷ мактаб барои таҳсили 1200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, барои ҳар кадоме аз онҳо варзишгоҳ, толори маҷлис ва ошхонаи барҳаво бунёд мегардад. Ташвиши ман аз таъмини ин мактабҳо бо омӯзгорон аст. Оё барои ҳамаи фанҳо омӯзгорон мерасанд? Мувофиқи тахминҳо, ба ҳар мактаб 70-80 нафар омӯзгор лозим мешавад. Вазорат оё дар ин бобат андеша дорад?

Раҳматулло МИРБОБОЕВ: — Ҳоло мо дар Донишгоҳи славянӣ омода кардани мутахассисонро барои ин мактабҳо шурӯъ намудем. Агар қаблан дар ин донишгоҳ мутахассисони забон ва адабиёти рус омода карда шаванд, ҳоло барои тамоми фанҳои дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тадрисшаванда муаллимон омода карда мешаванд. Ба ин мақсад ба нақшаи қабули ин муассисаи таълимӣ тағйирот ворид карда шудааст.

Ҳамчунин, таъсиси гурӯҳҳои русӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишгоҳҳои дигар, ки самти омӯзгорӣ доранд, дар назар аст.

РАИС: — Кӣ оиди ин масъала савол дорад? Сухан ба вакил Ҷаббор Ахмедов дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Баъди ба охир расидани бунёди ин мактабҳо дар заминаи онҳо масъалаи таъсис додани мактабҳои муштараки Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода мешавад ё не?

Раҳматулло МИРБОБОЕВ: — Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Россия як созишномаи дигар дар раванди коркард қарор дорад. Ин созишнома баъди ба истифода додани мактаб­ҳои зикршуда раванди фаъолияти ин муассисаҳои таълимиро муайян менамояд. Албатта, ҳангоми таҳияи созишнома вазорат кӯшиш менамояд, ки манфиатҳои кишварамон бештар ҳимоят карда шаванд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» оғоз менамоем.Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

Рустам ШОҲМУРОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, манзур мегардад. Зарурати қабули қонуни мазкур аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 декабри соли 2018 бармеояд.

Мақсад аз лоиҳаи қонун баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сатҳу сифат ва дастрас будани хизматҳое, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешаванд, сода гардонидани қоидаҳо ва кам кардани муҳлатҳои хизматрасониҳо, инчунин коҳиш додани хароҷоти маъмурӣ, ки ба хизматрасониҳои давлатӣ мансубанд ва ташаккули низоми ягонаи табодули иттилоотӣ бо истифода аз захираҳои иттилоотии электронӣ мебошад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба таъмини асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ҳукумати электронӣ, ташаккули заминаи қонунии истифодаи босамари технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, амалӣ намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар ин соҳа равона гардидааст.

Таъсис додан ва амалӣ намудани хизматрасониҳои электронии мақомоти давлатӣ дар чаҳорчӯбаи эҷод ва рушди системаҳои иттилоотии идоравӣ сурат мегирад.

Ташаккули хизматрасониҳои электронии мақомоти давлатӣ дар заминаи таҳлили вазифавии феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ ва иҷро намудани равандҳои маъмурӣ амалӣ карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» аз 6 боб ва 24 модда иборат мебошад.

Боби якум аз муқаррароти умумӣ иборат аст, ки дар он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ, принсипҳои асосии хизматрасониҳои давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои гирандагони хизматрасонӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои хизматрасонанда пешбинӣ гардидааст.

Боби дуюм ба танзими давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ бахшида шуда, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ, ваколатҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти хизматрасониҳои давлатиро муайян менамояд.

Боби сеюм ба феҳрист, стандарт ва дастури хизматрасониҳои давлатӣ, тартиби ташкил ва пешбурди феҳристи хизмат­расониҳои давлатӣ, талаботи умумӣ нисбат ба таҳия ва тасдиқи стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ, муҳокимаи оммавии лоиҳаи стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ ва талабот ба таҳияи дастури хизматрасониҳои давлатӣ бахшида шудааст.

Боби чорум «Хизматрасониҳои давлатӣ» ном дошта, дар он раванди хизматрасониҳои давлатӣ, пешниҳоди иттилоот ба гирандагони ин хизматрасониҳо, дар бораи тартиби хизматрасониҳои давлатӣ, пардохти маблағ барои хизмат­расониҳо ва хусусияти баррасии муроҷиатҳо оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ танзим гардидаанд.

Дар боби панҷум масъалаҳои назорати сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, арзёбӣ ва мониторинги ҷамъиятии сифати ин хизматрасониҳо ба танзим дароварда шудаанд.

Боби шашум аз муқаррароти хотимавӣ иборат мебошад, ки дар он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани қонун пешбинӣ гардидааст.

Қабули қонуни зикршуда ба сарфа намудани вақти аҳолӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, аз байн бурдани такроршавии ваколатҳои мақомоти давлатӣ, инчунин, коҳиш додани содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта замина мегузорад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад. Бо дарназардошти ин, аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз лоиҳаи қонуни мазкур баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳое, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешаванд, сода гардонидани қоидаҳо ва кам кардани муҳлати хизматрасониҳо, инчунин, кам кардани хароҷоти маъмурӣ, ки ба хизматрасониҳои давлатӣ мансубанд ва ташаккули низоми ягонаи табодули иттилоотӣ бо истифода аз захираҳои иттилоотии электронӣ, пайвастшавии доимӣ ба низом ва шабакаҳои маҳдуди баҳисобгирии алоқаи ҳамаи истифодабарандагон мебошад.

Қонуни зикршуда, ҳамчунин, ба таъмини шароити ҳуқуқӣ барои фаъолияти ҳукумати электронӣ, ташаккули заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини истифодаи босамари технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, амалӣ намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар ин соҳа равона гардидааст.

Таъсис додан ва амалӣ намудани хизматрасонии электронии мақомоти давлатӣ дар чаҳорчӯбаи эҷод ва рушди системаҳои иттилоотии идоравӣ сурат мегирад. Ташаккули хизматрасониҳои электронии мақомоти давлатӣ дар заминаи таҳлили вазифавии реҷаҳои (феҳристи) расонидани хизматҳои давлатӣ ва иҷро намудани ҷараёнҳои маъмурӣ амалӣ карда мешаванд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ ва баҳри такмили он 66 таклифу дархост пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз 66 таклифу дархости воридшуда 25 — тоаш пурра ва 9 — тоаш қисман қабул гардид. Пешниҳодоти қабулгардида, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул гардид.Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Орзу Ҳусейн дода мешавад.

АҲМАДЗОДА Орзу Ҳусейн:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» бо мақсади ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаи таҷдиди Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик», тибқи банди 1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» барои солҳои 2019-2024, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019, №374 тасдиқ шудааст ва ҷиҳати танзими саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқии обии Роғун», тибқи тартиби муқарраргардида, барои баррасӣ пешниҳод мешавад.

Мавриди зикр мебошад, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба ҷамъияти саҳомии кушода бо 100 фоиз саҳми давлат дар сармояи оинномавӣ табдил дода шудааст. Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи молиявии корхона, тибқи қарори мазкур, дар заминаи як қатор иншооти ғайриистеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҷамъиятҳои саҳомии алоҳида бо 100 фоиз саҳмияҳои давлатӣ таъсис шудаанд.

Дар баробари ин, соли 2010 саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқии обии Роғун» ба фурӯш бароварда, аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба маблағи умумии 800,4 млн. сомонӣ харидорӣ гардидаанд.

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», амволи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» хусусӣ гардонида намешаванд. Бинобар ин, зарурати ворид намудани тағйир бо моддаи 9 қонуни номбурда ва аз ин модда хориҷ намудани калимаҳои «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба миён омадааст. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2020, № 2534 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва гирифтани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонун бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» барои солҳои 2019-2024 таҳия гардидааст.

Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик», тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ба ҷамъияти саҳомии кушода бо 100 фоиз саҳми давлат дар сармояи оинномавӣ табдил дода шуд.

Ҳамчунин, бо дарназардошти аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ харидорӣ гардидани саҳмияҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун», зарурати хориҷ намудани калимаҳои «Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ аз моддаи 9 қисми якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» пешбинӣ гардидааст.

Дар ҷаласаи васеи кумита 14 январи соли 2020 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бо дарназардошти ин, аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ