Ҳаштуми апрели соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 63 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмуҳаммадзода Ҷамшед, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин ва шахсони дигар, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, иштирок доранд.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон
2. Дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон ба намояндагӣ аз Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ
3. Дар бораи Созишнома оид ба гранти Фонди бисёрдонораи мақсаднок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа»
4. Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа»
5. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот»
6. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда»
9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»
10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.
Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Лоиҳаи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон 3 апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст. Ҳаҷми маблағи ҷалбшаванда 11,3 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ карда мешавад.
Лоиҳаи пешниҳодшуда аз 4 қисмат иборат буда, мушаххасан амалӣ гардидани тадбирҳои зеринро дар бар мегирад:
Якум, тақвияти иқтидорҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар самти табобати интенсивӣ ва эҳё. Яъне, хариди таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводи безараргардонӣ, либоси махсус, омода намудани ҳадди ақал 100 кати нав ва хариди маводи дигари ниёзи аввалия барои муқовимат бо пандемия.
Дуюм, амалӣ намудани чорабиниҳои гуногунсамт бар зидди пандемияи вируси COVID-19 дар кишвар, бахусус, тадбирҳо вобаста ба омодагии ҷомеа бар зидди вирус.
Сеюм, расонидани кумаки яквақтаинаи иҷтимоӣ ба оилаҳое, ки аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазир ба шумор мераванд.
Чорум, нигаҳдории марказҳои татбиқи лоиҳаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои амалинамоӣ ва мониторинги лоиҳа дар давраи солҳои 2020 — 2021.
Мехоҳам зикр намоям, ки бо ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ ва созмонҳои дигари молиявӣ барои ҷалби маблағҳои иловагӣ дар ин самт, инчунин, коҳиши таъсири эҳтимолии он ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, идома доранд.
Татбиқи саривақтии лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бар зидди вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имкон фароҳам меоварад, ки тадбирҳои зикршуда дар фурсати кӯтоҳтарин анҷом дода шаванд.
Бо пешниҳоди маълумоти мазкур аз шумо, муҳтарам вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки созишномаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дода мешавад.
Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2020 таҳти №23 созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Мақсад аз он пешгирӣ, муайян ва чораҷӯӣ ба таҳдиди сирояти нави коронавируси COVID-19 ва тақвият додани чораҳои пешгирӣ барои таъмини омодагии низоми тандурустии ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонидани кумаки иҷтимоӣ ба аҳолие, ки аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазиранд, иборат мебошад.
Лоиҳа аз 4 қисмат иборат аст:
1. Тақвияти иқтидор дар соҳаи табобати интенсивӣ ва эҳё – 6.3 млн. доллари амрикоӣ;
2. Банақшагирии бисёрсоҳавии чораҳои эътино ва таъмини омодагии ҷомеа — 1,0 млн. доллари амрикоӣ;
3. Расонидани кумаки муваққатии иҷтимоӣ ба хонаводаҳое, ки аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазиранд – 3,0 млн. доллари амрикоӣ;
4. Амалисозӣ ва мониторинги лоиҳа – 1,0 млн. доллари амрикоӣ.
Арзиши умумии лоиҳа 11,3 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ мегардад. Хизматрасонии бонкии лоиҳаро Бонки ҷаҳонӣ ба анҷом мерасонад.
Татбиқи лоиҳа аввали соли 2020 оғоз ва соли 2021 анҷом меёбад.
Созишнома, ки саҳми молиявии бебозгашт дорад, ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд.
Маблағгузорӣ ва татбиқу азхудкунии лоиҳа пас аз анҷоми расмиёти дохилидавлатии созишномаи номбурда оғоз мегардад. Дар ҷаласаи васеи кумита 3 апрели соли 2020 созишнома бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва иштирокчиён тасдиқи онро мувофиқи мақсад шумориданд.
Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ ва ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Кӣ оид ба масъала савол дорад? Сухан ба Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.
Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: - Дар банди 2. 1 моддаи 20 сухан дар бобати 8,3 МРТ меравад, вале дар маърӯзаи вазири молия сухан аз боби 11, 3 млн. доллари амрикоӣ рафт. Инро чӣ гуна шарҳ додан мумкин аст?
Холиқзода Ҳоким ҲИКМАТУЛЛО: - Дар ин модда сухан перомуни ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ меравад. Ин як воситаи пардохт аст, ки аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор истифода мешавад ва он танҳо дар шакли ғайринақдӣ вуҷуд дорад.
Қурби ин воситаи пардохт аз чор қурби озод — доллари амрикоӣ, евро, иени ҷопонӣ ва фунт — стерлинг вобаста мебошад. Соли 2016 ба ин радиф юани хитоӣ низ шомил гардид. Аз натиҷаи лаппишхӯрии қурби онҳо аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор қурби ин воситаи пардохт муайян карда мешавад. Ҳоло қурби як ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ (ҲМҚ) ба 1 доллару 36 сенти амрикоӣ баробар аст.
РАИС: - Боз кӣ савол дорад?
Сухан ба вакил Даринг Раҳмон дода мешавад.
Даринг РАҲМОН: - Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд дастгоҳи нафаскашии сунъӣ вуҷуд дорад? Тибқи созишномаи мазкур боз харидории чанд адад дастгоҳ дар мадди назар аст?
РАИС: — Вакили муҳтарам!
Ҳоло сухан дар хусуси созишномаи сармоягузорӣ меравад ва агар савол доред, дар доираи он пешниҳод намоед. Ҳарчанд ки аз хусуси ин таҷҳизот низ дар маърӯзаи вазири молия сухан рафт.
Роҷеъ ба саволи шумо ҳоло вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҳтарам Насим Олимзода посух мегӯянд.
ОЛИМЗОДА Насим Хоҷа:
- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ! Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 500 дастгоҳи нафаскашии сунъӣ мавҷуд аст, ки дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Тибқи созишномаи пешниҳодгардида, пешбинӣ шудааст, ки боз зиёда аз 100 дастгоҳи сунъии нафаскашӣ харидорӣ шавад. Ин дастгоҳ ду — се моҳ пештар тақрибан 10 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дошт. Ҳоло қимати он аз 100 — 150 ҳазор доллар боло рафтааст. Дар сурати харидории ин миқдор дастгоҳ имкон меёбем, ки дар мубориза ба муқобили пандемия мавқеи устувор дошта бошем.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID — 19 дар Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон ба намояндагӣ аз Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек дода мешавад.
ХУДОЁРЗОДА Худоёр Завқибек: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Нақби автомобилгарди «Истиқлол» аз ҷиҳати стратегӣ иншооти муҳим ба ҳисоб рафта, ба истифода додани он барои ҷумҳурӣ аз ҷиҳати сиёсӣ ва рушди иқтисодиёт аҳамияти хеле мухим дорад. Корҳои кофтуковӣ ва геологии «Нақб аз зери қаторкӯҳҳои Ҳисор дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд бо варианти Уштур» соли 1972 аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Лоиҳакаш» («Тоҷикгипротрансстрой») шурӯъ шуда, соли 1982 корҳои сохтмони роҳҳои ба нақб баранда оғоз гардид.
Лоиҳакаши асосӣ пажӯҳишгоҳи «Тоҷикгипротрансстрой» буда, лоиҳаи нақбро пажӯҳишгоҳи «Гидроспецстрой»- и шаҳри Москва омода намудааст. Соли 1988 сохтмони нақб аз ҷониби Ширкати тоҷикистонии «Союзгидроспецстрой» оғоз ва бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ корҳои сохтмонӣ соли 1991 қатъ гардиданд.
Пас аз муҳлати тӯлонӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Гидроспецстрой»- и ноҳияи Данғара моҳи майи соли 1999 аз қисмати шимолӣ ва Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Гидроспецстрой» — и Роғун моҳи октябри соли 2001 аз қисмати ҷанубии нақб корҳои сохтмониро оғоз намуданд.
То соли 2004 корҳои сохтмонӣ — васлкунии нақб, иншооти наздипорталӣ ва долони зиддитармавӣ дар қисмати шимолу ҷануб ва кандани нақби автомобилгард бо дарозии 1280 метр ва нақби ҳаводиҳанда бо дарозии 1730 метр иҷро гардида, маблағи 10,5 млн. доллари ИМА аз худ карда шуд.
Баъд аз он дар заминаи Ёддошти тафоҳуми байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 18 майи соли 2003, бо маблағгузории муштараки Тоҷикистон (7,8 млн. доллари ИМА) ва Эрон (21,2 миллион доллари ИМА — қарз, 10,0 млн. доллари ИМА — кумаки бебозгашт) корҳои сохтмонӣ дар нақб оғоз, вале соли 2010, бо сабаби пайдо шудани корҳои иловагӣ ва норасоии маблағ, қатъ гардиданд.
Бо мақсади анҷоми корҳои боқимондаи лоиҳа 4 сентябри соли 2011 Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар ин замина 1 ноябри соли 2011 Қарордод байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати паймонкори эронии «Собир» ба имзо расид.
Соли 2011 дар асоси Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои иҷрои корҳои иловагӣ ба маблағи 6,0 млн. доллари ИМА бо тариқи ҳиссагузории баробар ва 7 июли соли 2015 дар асоси Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои иҷрои корҳои барқарорсозии иловагӣ ва азнавсозии канали заҳкаши обпарто дар нақби ҳаводиҳанда ба масофаи 1605 метри тӯлонӣ, ҷиҳати иҷрои чорабиниҳо оид ба корҳои оббандӣ (сементатсия) кандани чоҳҳои заҳкаши иловагӣ дар деворҳои нақби асосӣ, бардоштани сатҳи бетони фарши нақби нақлиётӣ ба маблағи 5,9 млн. доллари ИМА бо тариқи ҳиссагузории баробар, дар маҷмӯъ, 11,9 млн. доллари ИМА аз ҷониби Ширкати паймонкори эронии «Собир» корҳо ба анҷом расиданд.
Ҷамъ, барои сохтмони нақби «Истиқлол» бо дарозии 4996 метр нақби автомобилгард ва 4996 метр нақби ҳаводиҳанда, ғайр аз корҳои системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ, 61,4 млн. доллари ИМА равона гардид.
Нақби мазкур аз лиҳози муҳандисӣ – техникӣ яке аз иншооти мураккабтарини инфрасохторӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ дар нақб дар заминаи Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба густариши муносибатҳои дуҷониба аз 27 ноябри соли 2008 (банди 5) бо ҷониби эронӣ солҳои 2018 — 2019 корбариҳои дахлдор анҷом дода шуд.
Бо дарназардошти даъвати ҷониби эронӣ, ҳайати Тоҷикистон 7 — 8 октябри соли 2019 ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуд, ки зимни он масъалаи маблағгузории иҷрои боқимондаи корҳо дар нақби «Истиқлол» баррасӣ гардид. Дар натиҷа, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда маблағи умумии 11,0 млн. доллари ИМА- ро бо ҳиссагузории баробар (50 фоиз саҳми ҷониби эронӣ тариқи грант ва 50 фоиз саҳми ҷониби тоҷикистонӣ) ҷудо менамоянд.
Ҳамин тариқ, ҷонибҳо лоиҳаи «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шикрати тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон ба намояндагӣ аз Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назоратӣ, бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ»- ро таҳия намуданд.
Айни ҳол, корҳои лоиҳакашии системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ тавассути ширкати «Фароб»- и Ҷумҳурии Исломии Эрон пурра таҳия шудааст ва барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ омода аст.
Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 2019 №16736 (27 — 2), аз 23 октябри соли 2019 №16746 (29-9) ва аз 25 октябри соли 2019 №115518 (29-9) якҷо бо вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баррасӣ ва тибқи таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳо такмил дода шуд.
Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 №645 маъқул дониста шуд ва 2 январи соли 2020 ба имзо расид.
Нақби мазкур аз лиҳози сиёсӣ — иқтисодӣ ва молиявӣ, пеш аз ҳама, барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла, кам кардани фосилаи вақт ва ҳаракати бемамоният ва бехатари воситаҳои нақлиёт дар ҳама фасли сол барои интиқоли мусофирон, мол ва маҳсулоти ниёзи мардум аз минтақаи шимоли кишвар ба минтақаҳои марказӣ, ҷанубӣ, ғарбӣ, шарқӣ бо камтарин хароҷот ва инчунин, баръакс, аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. Қобили зикр аст, ки воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат тавассути нақб зиёда аз 30 км ва ду соат вақтеро, ки қаблан барои ҳаракат бо роҳи ағбаи Анзоб (бо дарназардошти мусоидии обу ҳаво) харҷ менамуданд, сарфа хоҳанд кард.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон ба намояндагӣ аз Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ»- ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.
АКРАМЗОДА Баҳодур Исмоил: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон ба намояндагӣ аз Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ, ки 2 январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Он аз ҷиҳати сиёсӣ ва рушди иқтисодиёт аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 декабри соли 2019, бармеояд, ҷиҳати дарёфти маблағҳои сармоягузорӣ барои беҳтарсозии имкониятҳои нақби «Истиқлол» таҳия гардидааст.
Мақсад аз он масъалаи маблағгузории иҷрои корҳои харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ дар нақби «Истиқлол» мебошад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқи Ёддошти тафоҳуми мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.
Ёддошти тафоҳум ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ ва ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон ба намояндагӣ аз Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома оид ба гранти Фонди бисёрдонораи мақсаднок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «CASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» шурӯъ менамоем.
Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.
Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Бо дарназардошти он ки масъалаи зикршуда ба масъалаи баъдӣ ҳаммаъно мебошад, агар шумо зид набошед, ҳар ду масъаларо якҷо шарҳ медиҳам.
РАИС: — Вакилони муҳтарам! Шумо пешниҳоди муҳтарам вазирро ҷонибдор ҳастед?
- Марҳамат, муҳтарам вазир!
ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Созишномаҳои грантӣ оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «CASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.
Арзиши умумии лоиҳа 26,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 24,0 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва 2,0 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантии Фонди бисёрдонораи мақсаднок мебошад.
Лоиҳа дар 24 ҷамоат иборат аз 60 деҳаи шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Леваканд, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Хуросон, Абдураҳмон Ҷомӣ, Вахш, Ҷайҳун, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, инчунин, 50 маҳаллаи ҷамоатҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара, ки дар онҳо лоиҳаи CASA 1000 татбиқ мешавад, амалӣ мегардад.
Лоиҳа аз 4 қисмат:
- беҳтар намудани сифати таъминоти барқ дар деҳот (дар ҳаҷми 10,0 млн. доллари амрикоӣ);
- сармоягузорӣ ба инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ (дар ҳаҷми 12,0 млн. доллари амрикоӣ);
- дастгирии ҷамоатҳо тавассути пурзӯр намудани иқтидор, инчунин, ба роҳ мондани масъулияти иҷтимоӣ ва васеъ намудани иқтидорҳои маҳаллӣ (дар ҳаҷми 2,5 млн. доллари амрикоӣ);
- идоракунии лоиҳа, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг, арзёбӣ ва робита бо ҷамоатҳо (дар ҳаҷми 1,5 млн. доллари амрикоӣ) иборат мебошад.
Дар доираи қисмати якуми лоиҳа сохтмон ва таҷдиду азнавсозии шабакаҳои барқӣ дар деҳаҳое, ки дар долони гузариши хати интиқоли барқи CASA 1000 ҷойгир мебошанд, инчунин, сохтмони зеристгоҳи 110/10 киловат дар шаҳри Исфара бо мақсади таъмини дастрасии барқ дар деҳаҳои наздисарҳадӣ пешбинӣ гардидааст.
Барқарорсозии системаи обёрӣ, обтаъминкунӣ ва санитария, сохтмони роҳҳо, синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳо, боғчаҳои кӯдакона, бунгоҳҳои тиббӣ, таваққуфгоҳҳо ва хизматрасонии техникӣ дар қисмати дуюми лоиҳа пешбинӣ гардидааст, ки тавассути Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Дар қисмати сеюм пурзӯр намудани иқтидори ҷамоатҳо дар самти банақшагирии рушди маҳал, идоракунии молиявӣ, ҳалли низоъҳо ва муколама пешбинӣ гардидааст, ки дар он ба фарогирии занону ҷавонон ба омӯзиш ва иштироки онҳо дар идоракунӣ диққати махсус дода хоҳад шуд.
Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, зиёда аз 200 ҳазор нафар сокини долони гузариши хати интиқоли барқи байниминтақавии CASA 1000 ва деҳаҳои наздисарҳадии деҳоти «Ворух» ва «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара ба таъминоти барқ, инфрасохтори замонавии иқтисодиву иҷтимоӣ ва иштирок дар банақшагирии рушди маҳал, идоракунии молиявӣ ва ҳалли низоъҳо дастрасӣ пайдо хоҳанд намуд.
Татбиқи лоиҳа соли 2020 оғоз ва соли 2023 анҷом меёбад.
Бо дарназардошти маълумоти пешниҳоднамуда, аз шумо, муҳтарам вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки созишномаҳои грантии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Маҳмудов Музафарҷон Ҷусупович дода мешавад.
Музафарҷон МАҲМУДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба гранти Фонди бисёрдонораи мақсаднок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «CASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» ва Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «CASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», ки 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудаанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Мақсад аз созишномаҳо баланд бардоштани сифат ва васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасонии таъминоти барқ, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ва мусоидат ба пурзӯр намудани иқтидори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии фарогири лоиҳа ба ҳисоб меравад.
Маблағи умумии лоиҳа 26 млн. доллари ИМА мебошад, ки аз он маблағи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 24 млн. доллари ИМА ва Фонди бисёрдонораи мақсаднок 2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаҳои мазкурро ҷонибдорӣ карданд.
Созишномаҳои мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ ва ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онҳоро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба гранти Фонди бисёрдонораи мақсаднок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «CASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «CASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.
ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ !
Лоиҳаи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.
Ҳаҷми умумии лоиҳа 31,7 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳадаф аз он таъмини дастрасии аҳолии 61 деҳа дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим, Шуғнон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 74 деҳаи наздисарҳадӣ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ба неруи барқ мебошад.
Дар доираи лоиҳа амалӣ шудани корҳои зерин:
- сохтмони шабакаҳои хурди пайвастшавӣ ба шабакаи марказонидашуда, аз ҷумла, ба шабакаи ширкати «Помир Энерҷӣ»;
- сохтмони инфрасохтори тавлидкунандаи неруи барқ, аз қабили неругоҳҳои хурди барқӣ, системаҳои бодӣ ва захиракунандаи энергия, дастгоҳҳо ва ё панелҳои офтобӣ;
- сохтмони инфрасохтори тақсимкунандаи неруи барқ, аз ҷумла, хатҳои барқӣ, насби трансформаторҳо, ҳисобкунакҳои барқӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ;
- дастгирии ширкати «Помир Энерҷӣ» тавассути пешниҳоди кумаки техникӣ барои анҷоми корҳои иловагӣ ва таҳқиқотии лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» дар ВМКБ ва дигар хизматрасониҳои соҳавӣ ва лоиҳавӣ пешбинӣ шудааст.
Муҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад.
Бо дарназардошти аҳамияти иҷтимоӣ доштани лоиҳа, инчунин, ҷиҳати таъсиси инфрасохтори зарурии соҳавӣ дар маҳаллаҳои зикршуда барои таъмини дастрасӣ ба барқ аз шумо, муҳтарам вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаи грантиро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: -Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гиёзода Азиз Қодир дода мешавад.
ГИЁЗОДА Азиз Қодир: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бояд қайд кард, ки бо татбиқ гардидани лоиҳа тахминан 31460 нафар сокини вилояти Хатлон ва 11666 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба неруи барқи доимӣ ва инчунин, ба истифодаи таҷҳизоти муосир дастрасӣ пайдо хоҳанд кард. Ҳамчунин, татбиқи лоиҳа дар минтақаҳои фарогири он истифодаи сӯзишвории дизелӣ, ангишт, ҳезум ва дигар навъҳои сӯзишвории анъанавиро маҳдуд менамояд ва ба ин васила барои эмин нигоҳ доштани муҳити зист боис хоҳад гардид.
Амалишавии созишнома барои беҳтар гардонидани сатҳи зисту зиндагонии мардум, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар қитъаҳои алоҳидаи баландкӯҳ такон хоҳад дод.
Созишнома саҳми молиявии бебозгашт дошта, ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд.
Созишномаи зикргардида дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ карда шуд.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим» оғоз мебахшем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Исмоилзода Мирзо Иброҳим дода мешавад.
ИСМОИЛЗОДА Мирзо Иброҳим: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» солҳои 1956-1957 ба истифода дода шуда, зиёда аз 60 сол аст, ки мавриди истифода қарор дорад. Айни замон таҷҳизоти он куҳнаву фарсуда шуда, масъалаи таҷдиду азнавбарқарорсозии онҳо ба миён омадааст.
Вобаста ба ин, бо ҷалби маблағгузории грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд соли 2014 аз ҷониби Ширкати австриягии «IC Consulenten» тадқиқоти «Асосноккунии техникӣ – иқтисодии таҷдиди НБО-и Қайроққум» гузаронида шуд. Тибқи асосноккунии техникӣ-иқтисодии гузаронида, маблағи умумии таҷдиду азнавсозии неругоҳ аз 180 то 200 миллион доллари ИМА арзёбӣ гардидааст. Татбиқи лоиҳа 25 июли соли 2014 оғоз гардида, анҷоми он 31 декабри соли 2023 дар назар аст.
Вобаста ба маблағгузории лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум ва бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим» 25 июли соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳои қарзӣ, қарзи имтиёзнок ва грантӣ ба маблағи 71 миллион доллари ИМА (аз ҷумла: 50 миллион доллари ИМА-қарз, 10 миллион доллари ИМА-қарзи имтиёзнок ва 11 миллион доллари ИМА-грант) ба имзо расонида шуданд.
Инчунин, 13 апрели соли 2018 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, созишномаҳои қарзӣ, қарзи имтиёзнок ва грантӣ ба маблағи 88 миллион доллари ИМА (аз ҷумла: аз ҳисоби маблағҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд – 38 миллион доллари ИМА – қарз, аз ҳисоби маблағҳои Фонди иқлими сабз – 27 миллион доллари ИМА – қарзи имтиёзнок ва 23 миллион доллари ИМА — грант) ва 24 майи соли 2019 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо ба маблағи 30 миллион евро (баробар ба 36,9 миллион доллари ИМА) ба имзо расонида шудаанд.
Дар маҷмӯъ, барои таҷдиду барқарорсозии НБО-и «Қайроққум» 195,9 миллион доллари ИМА ҷалб гардида, созишномаҳои дахлдори молиявӣ ба имзо расонида шудаанд.
Иловатан ба маблағҳои зикршуда, аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷудо намудани кумаки техникӣ (бо тариқи грант) барои маблағгузории хизматрасониҳои машваратии Муҳандиси фармоишгар «ФИДИК» (Федератсияи байналмилалии муҳандисон ва мушовирон) ба нақша гирифта шуда буд. Пас аз гузаронидани равандҳои озмунӣ ва мувофиқаи натиҷаҳои он бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Ширкати «Темелсу Интернейшнл Инҷиниринг Сервисес якҷо бо ширкати Су-Япи инҷиниринг энд консалтинг» (Туркия) ғолиби озмун дониста шуд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, № 431 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, 2 октябри соли 2019 созишномаи грантӣ ба маблағи умумии 1 546 200 доллари ИМА ба имзо расонида шуд. Маблағҳои мазкур танҳо барои хизматрасонии Муҳандиси фармоишгар (ФИДИК) – Ширкати муштараки «Темелсу Интернейшнл Инҷиниринг Сервисес якҷоя бо ширкати Су-Япи инҷиниринг энд консалтинг» истифода мешаванд.
Ширкати мазкур ба ШСХК «Барқи Тоҷик» дар татбиқи лоиҳа, махсусан дар қисматҳои техникии он, мусоидат менамояд (баррасӣ, санҷиш ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои техникӣ, назорати иҷрои корҳо, омодасозии ҳисобот оид ба рафти иҷрои кор ва ғайра).
Муҳлати иҷрои корҳои Муҳандиси фармоишгар «ФИДИК» аз моҳи октябри соли 2019 оғоз гардида, анҷоми он моҳи марти соли 2025 пешбинӣ гардидааст.
Дар хотима мехоҳам қайд намоям, ки НБО-и «Қайроққум» ягона манбаи истеҳсоли неруи барқ дар шимоли кишвар мебошад ва аз ин лиҳоз таҷдид ва таъмини кори устувори он барои амнияти энергетикии кишвар аҳамияти стратегӣ дорад.
Бо дарназардошти ин, аз шумо вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич дода мешавад.
Машраб ФАЙЗУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи грантӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим», ки 2 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади асосии созишнома аз бартарафсозии таъсири экологӣ, барқарорсозии сарбанди хокӣ, сохтмонҳои пӯлодии гидравликӣ, таҷҳизоти гидромеханикӣ, технологӣ, барқарорсозии трубина бо мақсади фароҳам овардани имконияти неругоҳ дар зиёд гардонидани истеҳсоли барқ дар шароити тағйирёбии назарраси гидрологӣ, бо дарназардошти пайдарҳамии тағйирёбии иқлим, иборат мебошад.
Дар ҷаласаи васеи кумита созишнома бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ гардид.
Созишномаи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон дастгирӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.
ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо мақсади ройгон ҷорӣ намудани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав, додани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда, бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул, тибқи тартиби муқарраргардида, барои баррасӣ пешниҳод шудааст.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои бақайдгирии шартномаҳои гарав яке аз вазифаҳои давлат мебошад, ки барои рушди соҳибкории хурду миёна ва таъмини кафолати баргардонидани қарзҳои ташкилотҳои бонкӣ равона гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани раванди бақайдгирии уҳдадориҳо вобаста ба молу мулки манқул соли 2018 Низоми иттилоотии Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ ба истифода дода шуд, ки бақайдгирии бевоситаи гаравҳоро тавассути шабакаи интернет амалӣ мегардонад. Низоми иттилоотии Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ доимоамалкунанда буда, 24 соат дар шабонарӯз ва 7 рӯз дар ҳафта фаъолият менамояд.
Дар баробари ин, мавҷуд будани боҷи давлатӣ имкон намедиҳад, ки ташкилотҳои қарзӣ бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқулро ихтиёран амалӣ намоянд. Бинобар ин, бо мақсади пурра ҷорӣ намудани расмиёти бақайдгирии гарави амволи манқул ва ташкили шароити мусоид ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллӣ, тибқи лоиҳа, бандҳои 9, 10 ва 11 қисми 6 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» хориҷ карда шуданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар панҷ соли охир (солҳои 2015-2019) маҷмӯан зиёда аз 400 уҳдадории гаравӣ ба қайд гирифта, аз ин ҳисоб 8,5 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда шудааст. Аз байн бурдани боҷи давлатӣ барои расмиёти бақайдгирии гаравҳо ба буҷети давлатӣ таъсири манфӣ намерасонад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.
НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мутобиқи бандҳои 9), 10) ва 11) қисми 6 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»: 9) барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо; 10) барои додани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда – ба андозаи 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; 11) барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул — ба андозаи 5 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷи давлатӣ муқаррар гардида, ин намуди боҷҳо бекор карда шуда, минбаъд додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии хабарномаҳои гарав, додани иқтибос аз Феҳристи амвол ва бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гаравӣ ройгон анҷом дода мешаванд.
Ин намуди боҷҳои давлатӣ бо сабаби хеле кам ба қайд гирифтанашон дар амалия кам истифода бурда мешаванд. Бинобар ин, аз ин намуди фаъолият гирифтани даромад ба сифати боҷи давлатӣ мувофиқи мақсад намебошад, ба истиснои хароҷоти минималие, ки барои нигаҳдории дахлдори Системаи иттилоотии Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ равона гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҳангоми хориҷ намудани боҷи давлатӣ ва минбаъд ба тариқи ройгон фаъолият кардани низоми нави бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул ба беҳтар гардидани рейтинги кишвар дар ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ — «Пешбурди тиҷорат» таъсири мусбат мерасонад.
Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонун бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, намояндагони кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ карда шуд.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ намуданд. Инчунин, дар кумита хатоҳои имлоиву техникии лоиҳа, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ислоҳ карда шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур, бо тартиби муайяннамудаи дастури Маҷлиси намояндагон, дар кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва он ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.
ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» алоқамандӣ дорад.
Лоиҳаи мазкур низ бо мақсади ройгон ҷорӣ намудани бақайдгирии огоҳиномаи гарав, тағйирдиҳии онҳо ва додани иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии гарави амволи манқул, тибқи тартиби муқаррагардида, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои бақайдгирии уҳдадориҳо вобаста ба молу мулки манқул соли 2018 Низоми иттилоотии Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ ба истифода дода шуд, ки бақайдгирии бевоситаи гаравҳои молу мулки манқулро тавассути шабакаи интернет дар реҷаи мустақим амалӣ мегардонад. Дар ин раванд, бинобар мавҷуд будани боҷи давлатӣ барои бақайдгирии огоҳиномаи гарав, тағйирдиҳии онҳо, додани иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ Феҳристи ягонаи давлатии гарави амволи манқул кам истифода бурда мешавад, ки ин самаранокии ислоҳоти гузаронидашударо паст менамояд.
Тибқи лоиҳа, қисми 8 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» хориҷ карда мешавад, ки дар натиҷа, расмиёти номбурда ройгон амалӣ мегардад.
Қабули лоиҳа ба зиёд гардидани истифодабарандагони Феҳрист ва фаъолияти муътадили ташкилотҳои қарзӣ мусоидат менамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ дода мешавад.
МУРТАЗОЗОДА Ҷамшед Сайдалӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.
Тибқи банди 20. Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон 14 октябри соли 2017 баён доштанд ва дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» — и Бонки чаҳонӣ моҳҳои май октябри соли 2018 Системаи иттилоотии Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Мутобиқи қонунгузорӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои бақайдгирии гаравҳо яке аз вазифаҳои давлат мебошад, ки барои рушди соҳибкории хурду миёна ва таъмини кафолати баргардонидани қарзҳои ташкилотҳои бонкӣ мусоидат менамояд.
Тибқи қисми 8 моддаи 19 қонуни мазкур, барои бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав, тағйирдиҳии онҳо ва додани иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ боҷи давлатӣ пешбинӣ гардидааст ва дар доираи лоиҳаи пешниҳодгардида ин меъёри қисми 8 моддаи зикргардида хориҷ карда, қисми 9 қисми 8 ҳисобида мешавад.
Дуюми апрели соли 2020 дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонун бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни мазкур, бо тартиби муайяннамудаи дастури Маҷлиси намояндагон, дар кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва он ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.
Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд! Вакилони муҳтарам!
Яке аз мушкилиҳои асосии низоми бонкии кишвар баргардонидани қарзҳо мебошад. Дар ин самт ташкилотҳои қарзӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Инчунин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки бо ҷалби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал менамояд, ҷиҳати баргардонидани қарзҳои мушкилситон мусоидати зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, муҳимияти таъмини суботи молиявии рушди иқтисодии босуръат ташаккулёбанда сари вақт мутобиқкунии санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаро низ талаб менамояд. Бинобар ин, бо мақсади беҳтар намудани фазои муносибатҳои пулию молӣ дар ҷумҳурӣ, мусоидат ба фаъолияти сармоягузорию қарздиҳӣ ва таъмини суботи низоми бонкӣ, раванди таҳия ва такмил додани санадҳои ҳуқуқӣ идома дорад. Дар робита ба ин, ба баррасии шумо, вакилони муҳтарам, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» пешниҳод мешавад.
Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур, дар қисми 2 моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ҳамчун асоси бақайдгирии ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул қарори иҷрочии мақомоти иҷро, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пешбинӣ шудааст, ки дар сурати барпонашуда эълон гардидани савдои оммавии амволи гарав, барои бо қарори иҷрочии мақомоти иҷро, ҳамчун ташкилкунандаи савдои оммавӣ ба гаравгир дар асоси розигии ӯ гузашт шудани ҳуқуқи моликият ба амволи гарав мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳаи қонун дар робита ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум), ки 2 январи соли 2020 қабул карда шуда, аз 7 январи соли 2020 мавриди амал қарор гирифт, муҳим мебошад.
Тағйиру иловаҳои қаблан ба қонунгузории ипотека воридгардида мушкилӣ ва монеаҳои қонунгузории ипотекаро, ки мухолифи моҳият ва таъиноти ин тарзи таъмини иҷрои уҳдадории пулӣ ва садди роҳи рушди фаъолияти бонкӣ ва муносибатҳои қарзӣ буда, ҷараёни аз ҳисоби гарави амволи ғайриманқул рӯёнидани маблағҳои қарзиро басо мураккаб ва мушкил намуда буданд, то андозае бартараф намуд. Алалхусус, васеъ татбиқ гардидани тартиби ғайрисудии рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби амволи ғайриманқули багаравгузошташуда, аз ҷумла, бо тартиби дар дилхоҳ вақт созишнамудаи тарафҳо ва ё навиштаҷоти иҷроияи нотариалӣ, инчунин дар натиҷаи барпонашуда эълон гардидани савдои оммавии амволи гарав, бо қарори иҷрочии мақомоти иҷро, ҳамчун ташкилкунандаи савдои оммавӣ ба гаравгир дар асоси розигии ӯ гузашт шудани ҳуқуқи моликият ба амволи гарав муқаррар карда шуд.
Муқаррароти қаблан такмилёфтаи қонуни ипотека танзими ҳуқуқии гарави молу мулки ғайриманқулро мукаммал гардонида, дар ҷараёни рӯёнидани маблағи қарз, инчунин савдои оммавии амволи гарав монеаҳои сунъии қарздор ва гаравдеҳро, ба мисли суиистифода аз ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ, пинҳон шудан ва ё ҳозир набудан, кашол додани мурофиаи судӣ ва ё истеҳсолоти иҷрои маҷбурӣ, имзо нагузоштани ҳуҷҷатҳои дахлдор, ба моликияти гаравгир насупоридани амволи гарав аз байн мебарад ва масъулияти қарздорон ва гаравдеҳонро ба дараҷаи назаррас баланд менамояд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда иҷрои муқаррароти қаблан такмилёфтаи қонуни ипотекаро дар доираи қонунгузории бақайдгирии ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул таъмин хоҳад кард.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» дар ҳамбастагӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека», ки бо муқаррароти такмилёфта мавриди амал қарор дорад, барои баланд гардидани масъулияти қарздорон ва гаравдеҳон, кам шудани миқдори қарзҳои беэътимод, беҳтар шудани пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш ёфтани хавфҳои фаъолияти бонкӣ ва солимгардонии низоми бонкӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ дода мешавад.
Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ҷиҳати иҷрои банди 23 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикргардида ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, барои такмил додани заминаи ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ таҳия гардидааст.
Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонун такмили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асоси бақайдгирии ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул пешбинӣ намудани қарори иҷрочии мақомоти иҷро маҳсуб меёбад.
Дар лоиҳаи қонун пешбинӣ гардидааст, ки ба моддаи 55 қонун сархати чорум бо мазмуни зерин илова мегардад:
- қарори иҷрочии мақомоти иҷро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне сархати иловашаванда асос барои бақайдгирии давлатии пайдоиш, гузашта, қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул шуда метавонад.
Дуюми апрели соли 2020 лоиҳаи қонун дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ карда шуд.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур, бо тартиби муайяннамудаи дастури Маҷлиси намояндагон ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад. Бинобар ин, аз шумо вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дода мешавад.
Ашурзода Гулбаҳор Сангилло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» дар иртибот ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омода гардида, бо мақсади мутобиқгардонии меёърҳои қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои маъюбони гурӯҳи якум ва кӯдакони маъюби то 18 — сола ва инчунин вақти нигоҳубини пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида равона карда шуда, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Ҳилолбӣ Қурбонзода, Равшан Раҷабзода, Ҳоким Холиқзода ва Гулбаҳор Ашурзода пешниҳод гардидааст.
Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида, ба 12 моддаи қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки қисме аз онҳо характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Ҳамчунин, ҷиҳати ҳисоби собиқаи суғуртавӣ барои таъини нафақаи суғуртавӣ тавассути тағйироти воридшаванда ба қисми 3 моддаи 17 қонуни амалкунанда сархати шашум илова карда шудааст, ки минбаъд «давраи нигоҳубини маъюби гурӯҳи 1 ё кӯдаки маъюби то 18 — сола, ки ба нигоҳубини шахси дигар эҳтиёҷ дорад, инчунин, давраи нигоҳубини пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида» давраҳои фаъолият ба ҳисоб гирифта мешавад, ки дар давоми он саҳмҳои суғурта супорида нашудааст.
Инчунин, вобаста ба тағйироти зикргардида, дар қисми 4 моддаи мазкур низ кафолату имтиёзҳо дар баробари шахсони ба нигоҳубини маъюби гурӯҳи 1, кӯдаки маъюби то 18 — сола ва ё пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида, ки ба нигоҳубини шахси дигар эҳтиёҷ доранд, инчунин давраи дар маҳбас будани шахсоне, ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, беасос таъқиб гардидаанд ва баъдан сафед карда шудаанд, ба инобат гирифта шуда, нисбат ба ин категорияҳо муҳлати давомнокии давраи бепардохти саҳмҳои суғурта ба собиқаи суғуртавӣ дохилшуда, татбиқ мегардад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, ҷиҳати такмил 11 пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 10 — тоаш қабул гардид.
Зимнан, бо дарназардошти пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, қисми 6 -уми лоиҳа хориҷ ва қисмҳои дигари он таҳрир карда шуд.
Кумитаи масъул бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонун такмил ва ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида шуд.
Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» — ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек дода мешавад.
ДАВЛАТЗОДА Дилмурод Ашурбек: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Қобили зикр аст, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳким бахшидани заминаҳои ҳуқуқию моддии низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани андозаи нафақа ва кумакпулиҳо дар доираи стратегия ва барномаҳои давлатӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад. Нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоие, ки аз низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бармеоянд ва пардохтҳои кафолатноки иҷтимоии давлатӣ муайян шудаанд, сари вақт ва пурра мувофиқи реҷаи муайяншуда маблағгузорӣ ва пардохт карда мешаванд.
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», ки барои баррасӣ пешниҳод гардидааст, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти худро ҳангоми баррасии масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, бахусус пардохти саривақтии нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ, ки аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, имконияту захираҳои мавҷударо истифода карда, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута тадбирҳои иловагии самарабахшро роҳандозӣ менамояд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаро ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ