Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба Бадахшон хеле зиёд аст

№115 (3909) 22.09.2018

Иброз доштанд вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон

Таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев вакилони Маҷлиси намояндагон Нуралӣ Риоев, Амрихудои Дамдор ва Бибидавлат Авзалшоева аз 10 то 18 сентябри соли равон бо сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ суҳбату вохӯрӣ доир намуда, аз дастовардҳои кишвар тайи 27 соли истиқлолият, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалат касб кардани Тоҷикистон ҳамчун ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёди дунявӣ сухан карданд.

Ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагон аз талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу ваҳдат, ба даст овардани истиқлолияти комили миллӣ, пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, бахусус, таваҷҷуҳи беандозаашон нисбат ба зисту зиндагии мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо овардани далелҳои мушаххас ёдовар шуданд.

 Шоҳтолиб Шоҳқосим

«Садои мардум»