Инак, он рӯзи муборак расид, рӯзе, ки истиқболашро зиёда аз 30 сол интизорӣ кашидем. Расидем ба мурод бо ҷаҳду ҷадали фарзанди азизи миллат Эмомалӣ Раҳмон!
«Дер ояду дуруст ояд», — гуфтааст халқ. Ҳо-о, дер омад, аммо хайрият, ки дуруст омад: шашсад киловатт соат-ҳосили агрегати аввал, яъне бадал дод иқтидори обро ба иқтидори барқ, ба иқтидори халқ, ба иқтидори мамлакат!
Ифтихор дорам, ки дар ибтидои сохтмон ман ҳам ҳиссагузор будам, дар бунёди он, хишти аввалашро гузоштам, сементи аввалашро рехтам, сатрҳои аввалинашро навиштам.
- «Роҳи Роғун дигар аст», «Кӯҳ бе варта нест», — гуфтам бо сари баланд. Бале, бе варта набудааст кӯҳ, ки бунёди истгоҳи барқи «Роғун» кашол ёфт. Бо чашми худ дидем монеаҳои паси ҳам пайдошударо, монеаҳои сохтакорона бунёдшударо. Дидем, ки чӣ гуна Президенти мамлакат паси чанбари булдозер нишастанд ва монеаҳои ба сангу шағал бадалёфтаро ба маҷрои дарёи басташуда тела доданд, то ки ба таҳкурсии дарғот бадал ёбанд. Бале, замоне кӯҳ ғаюрӣ нишон дод, ҳарифон ғаразро намоиш доданд, ҳама даргузашт, паси сар шуд. Инак, оби дарғот боло шуд ва агрегати аввалро ба кор даровард. Тавлиди барқи аввалини «Роғун» эҳёи дубораи диёр аст! Агар дар зиндагӣ вартаҳо буд, кӯҳи барқро варта нест. Мерасад ба мову шумо, мерасад ба ҳамсояҳо, мерасад ба мамлакатҳое, ки ташнаи барқ ҳастанд. Муҳимаш ин ки ватани барқи аввал Роғун аст, ватани барқи аввал Тоҷикистон аст. Афсӯс, сад афсӯс, ки бозиҳои сиёсӣ замоне шасти сохтмонро шикастанд, шасти эҷодкоронро ҳам шикастанд. Зинда бод давр, зинда бод замон, поянда бод номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон!
Муҳиддини ХОҶАЗОД,Нависандаи халқии Тоҷикистон