Тавсеаи фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ амри зарурист

№64 (4647) 15.05.2023

ВАТАНЗОДА (3)10-12 майи соли 2023 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва узви Гурӯҳи дӯс­тии байнипарлумонӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Наҷмиддиниён Файзулло дар ҷашни 50-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон иштирок ва дар мавзӯи «Устувории Конститутсия- кафолати устувории ҷомеа» маърӯза намуданд.

Ҳайатро дар Фурудгоҳи байналмилалии Исломобод раиси Кумита ва узви палатаи болоии парлумони Покистон хонум Шазия Собиа Сумро пешвоз гирифт.

10-уми майи соли ҷорӣ вохӯрии Маҳмадалӣ Ватанзода бо раиси Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Раҷа Парвиз Ашраф баргузор гардид.

Зимни он оид ба ҳамкорӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Покистон ва самтҳои муҳими густариши робитаҳои сиёсии ҳар ду кишвар табодули афкор сурат гирифт. Таъкид шуд, ки нақши парлумонҳо дар густариш ва таҳкими равобити дӯстонаи байни ҳар ду кишвар арзишманд аст. Зикр гардид ки фаъол гардонидани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ амри зарурӣ аст.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз ҳайати кишвари мо бо муовини раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покис­тон масоили мубрами дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Қайд гардид ки Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис дода шудааст ва барои муаррифии он бештар иқдом бояд намуд. Ватанзода Маҳмадалӣ изҳори умед намуд, ки мулоқот ба тав­сеаи равобити Тоҷикистону Покистон ва рушди ҳамкории байнипарлумонии мо такони тоза мебахшад.

Дар доираи чорабинӣ, инчунин, мулоқоти кӯтоҳ бо раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, муовини Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Одил Абиш Оглу Алиев, муовини раиси Шӯрои давлатии Салтанати Уммон Шайх ал — Хаттоб ибни Ғолиб, ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон, сенаторони парлумони Покистон ва дигарон сурат гирифт.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон