15 июли соли 2021 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Ҷумҳурии Франсия Дилшод Раҳмон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран баргузор гардид.
Дар он таъкид гардид, ки робитаҳои ҳасанаи байнидавлатию байнипарламентӣ дар асоси сиёсати сарони кишварҳо таҳкиму густариш ёфта, рушди равобити байнипарламентӣ миёни Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Франсия ба сатҳи сифатан нав расида, бо дарназардошти ниёзи тарафҳо баҳри тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ равона гардидааст.
Дилшод Раҳмон саҳму иқтидори парламентарҳои кишварҳоро беш аз ҳарвақта барои ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба рушди муносибатҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус, маорифу тандурустӣ ва сайёҳӣ, муҳим арзёбӣ карда, зикр намуд, ки баҳри фарогирии ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Франсия ҷудо намудани бурсияҳои бештар бамаврид мебошад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои байнипарламентӣ фазои мусоид барои омӯзиши амиқи механизми қабули қонунҳои барои ҷомеа судманд ва табодули дастовардҳои илмӣ фароҳам мегардад.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран барои пазироӣ ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки баҳри боз ҳам ривоҷ ёфтани робитаҳои мавҷуда талош ба харҷ хоҳад дод.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба анҷом расид.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,
ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ