Хониши парлумонӣ

Тавсеаи фаъолияти мақомоти идораи маҳаллӣ ба татбиқи саривақтии ташаббусҳо мусоидат менамояд

№22 (3972) 26.02.2019


DSC_6866Бисту якуми феврали соли равон дар Ма
ҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши парлумонӣ дар мавзӯи «Тавсеаи фаъолияти мақомоти идораи маҳаллӣ мутобиқ бо дастури Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок доштанд.

Нахуст муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуғаффор Раҳмонзода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла, вакилони парламент, тавсия доданд, ки сифати қонунҳои амалкунанда ва ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мутобиқ будани онҳоро мунтазам таҳлил карда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи рӯз мувофиқро таҳия намоянд. Вобаста ба ин, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайян ба сомон расиданд. Аз ҷумла, бо ташаб­буси як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул гардида, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худ­идоракунии шаҳрак ва деҳот» тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуд. Айни замон ҷиҳати такмил бахшидан қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» мавриди омӯзиш қарор доранд.

Сипас, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб­мурод Толибов, сардори Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷаъфар Мирзозода, омӯзгори факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷӯрабек Қодиров, муаллими калони кафедраи фанҳои ҳуқуқи давлатии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Рубен Авидзба, муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Азамат Бабиев суханронӣ намуданд.

Дар анҷом байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули соҳа саволу ҷавоб сурат гирифта, аз рӯи масоили баррасишуда қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ