Тавсеаи муносибот тақозои замон аст

№70 (3707) 13.06.2017

DSC_005212 июни соли 2017 аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Бундестаги Олмон — муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Нурулло Оқилзода, раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Толибхон Азимзода вакили Бундестаги Ҷумҳурии Федеративии Олмон  Юрген Климке ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Холгер Гренро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёр­ҷонибаи Тоҷикистону Олмон, хоса ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни мулоқот иброз гардид, ки аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипло­матӣ ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг ва ғайра бемайлон густариш меёбанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи имконоти сармоягузории Олмон ва омӯзиши таҷрибаи ширкатҳои дар соҳаи гидроэнергетика, нақлиёт, туризм ва технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ  фаъолиятдошта ҳавасманд аст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар ҳама соҳа минбаъд низ бо дарназардошти суд­овар будан барои ҳар ду кишвар густариш ва таҳким хоҳад ёфт.

 Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон