муҳокимаи парламентӣ «Оид ба рафти иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015»
Муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба рафти иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №529 тасдиқ шудааст (минбаъд «Барнома»), ҷиҳати рушди соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда, тавсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо далели соҳибимтиёзӣ ва нақши калидии соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсилоти касбӣ, барои тақвият ва идомаи Барнома нақшаи густурдаи миллӣ бо назардошти маблағгузории буҷетӣ қабул карда шавад;
- татбиқи босамари Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 — 2021 идома дода шавад;
- барномаи давлатии ҷустуҷӯ ва дастгирии донишҷӯён, омӯзгорони лаёқатманд ва нобиға дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ барои солҳои 2017-2020 таҳия ва қабул карда шавад;
- бо мақсади мушоҳида ва баҳогузории ҷараёни азхудкунии таҳсилоти касбӣ, ба кор таъмин намудани хатмкардагон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, дастрасӣ ба маълумоти пурра ва мунтазам такмилшаванда оид ба таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон Махзани миллии иттилоотӣ (дар шабакаи интернетӣ) ташкил карда шавад;
- феҳристи ихтисос ва тахассусҳои касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнати Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ҳамчун роҳнамо барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҷавонони тамоюли омӯзиши касбидошта ба роҳ монда шавад;
- ҷиҳати самаранок роҳандозӣ намудани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар корхона ва муассисаҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, санадҳои мушаххаси меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шаванд;
- тақвият бахшидан ба фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ки дар Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд;
- вусъат бахшидан ба фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ барои дифои рисолаҳои доктори фалсафа (PhD) ва доктор аз рӯи ихтисос, ки ба талаботи байналмилалй ҷавобгӯянд.
2. Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тибқи талаботи бозори меҳнат ба роҳ мондани банақшагирии аз ҳисоби Буҷети давлатӣ омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ.
3. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳангоми ташаккулёбии Буҷети давлатӣ принсипи афзалияти маблағгузории барномавӣ ба роҳ монда шавад.
4. Ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ислоҳоти куллии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо мақсади дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат омода намудани кадрҳо амалӣ гардад.
5. Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- феҳристи мансабҳое, ки хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳои бакалавр ва магистр ишғол мекунанд, таҳия карда шавад;
- пешбинӣ намудани маблағ дар Буҷети давлатӣ барои ҳавасманд гардонидани донишҷӯёни лаёқатманд, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ, кашфиёту ихтироот машғуланд;
- заминаҳои меъёрии ҳуқуқии низоми миллии таҳсилоти касбиро бо назардошти принсипҳои демократикунонии муносибатҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити муносиби таҳсилот, рушду нумӯ ва инкишофи бемайлони забони давлатӣ, анъана ва арзишҳои миллӣ такмил диҳанд;
- бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии принсипҳои рушди мунтазам, таҷдиди низоми таҳсилоти касбӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос тибқи таснифгарии равия ва тахассусҳои байналмилалии таҳсилот такмил дода шаванд;
- бо мақсади таъмини самаранокӣ ва сифати таҳсилот низоми миллии мушоҳида, таҳлил ва баҳодиҳии таҳсилоти касбӣ тариқи технологияҳои муосири иттилоотӣ ташкил карда шавад;
- дар самти ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот тадбирҳои судманд андешида шаванд;
- таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосири техникӣ — озмоишӣ ва ташаккули низоми ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатии соҳавӣ бо муассисаҳои таълимӣ дар ин самт, аз ҷумла фармоиши кадрҳои коргарӣ ва маблағгузории грантҳои илмӣ — озмоишӣ;
- аз нав дида баромадани ихтисосҳое, ки ба равияи фаъолияти муассисаи таълимӣ мувофиқат намекунанд;
- аз нав баррасӣ ва пешниҳод намудани таклиф оид ба васеъ гардонидани имконияти истифодаи маводи лабораторӣ, аз ҷумла прекурсорҳое, ки тибқи қонунгузорӣ манъ карда шудааст;
- мухолифатҳои Низомномаи намунавии ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилотро бартараф намуда, бо назардошти ҳуқуқ ва уҳдадориҳои омӯзгор ва донишҷӯ дар ҷараёни таҳсил ва низоми ягонаи баҳогузории (холгузории) донишҷӯ дар давраҳои имтиҳонӣ (ҳатмӣ барои ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ) такмил дода шавад.
- тафсири Низомномаи мазкур омода ва ба ҳамаи иштирокчиёни раванди таълим, аз ҷумла донишҷӯён таъмин карда шавад;
- ба талаботи низоми кредитии таҳсилот мувофиқ намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ ва такмили онҳо дар зинаи магистратура;
- такмили низоми таълим ва корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) дар асоси омӯзиши амали низоми мазкур дар давлатҳои мутараққӣ.