Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020»

№53 (4315) 22.04.2021

ПарламентҶаласаи муҳокимаи парламентӣ масъаларо оид ба иҷрои «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» баррасӣ намуда, тавсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:

 1. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳамкории судмандро бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқ ва рушди қонунгузории соҳаи сайёҳӣ тақвият бахшад;

- ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ чораҳои судманд андешад;

- заминаҳои рушди босуботу дарозмуддати соҳаи сайёҳиро дар стратегияву барномаҳои давлатӣ барои давраи то соли 2030 таъмин намояд;

- ҷараёни ташрифоти сайёҳон таҳти назорати ҳамешагӣ қарор дода шуда, масъалаи таъмини амнияти онҳо дар тамоми масири сайёҳӣ дар якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбутаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монда шавад;

- дар якҷоягӣ бо шарикони рушд ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таҳкими инфрасохтори сайёҳӣ дар маҳалҳо, аз ҷумла, таваққуфгоҳҳои сайёҳӣ, ҳостелҳо, ҳамзамон мутобиқсозии сатҳи нигоҳдории вазъи санитарӣ — гигиении ҷавобгӯ ба талаботи муосир чораҳои амалӣ андешанд;

- дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба сайёҳоне, ки бе роҳбалад сафар мекунанд, шароити мусоид муҳайё намуда, дар шоҳроҳҳо бо нишон додани мавзеъҳои сайёҳӣ харитаҳои сайёҳӣ насб карда шаванд;

- бо мақсади рушди соҳа дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор, тарғибу ташвиқи сайёҳии дохилӣ тақвият бахшида шавад;

- дар якҷоягӣ бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши марказу мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ бо насби маълумоти муфассал бо се забон тадбирҳо андешида шавад.

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати фарҳанг, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ки мутахассисони соҳаи сайёҳиро тайёр мекунанд, усулҳои нави таълими забонҳои хориҷиро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати таъмин намудани соҳаи мазкур бо кадрҳои баландихтисос чора андешанд;

- ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми доимии ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор дар муайян намудани роҳу усулҳои нави муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, табиати назаррабои кишварамон ва маконҳои таърихию фарҳангӣ, муаррифӣ ва ҳифзи ҳайвоноту набототи нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон таъсиси хатсайри экологӣ бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ чораҳои судманд андешанд.

3. Вазоратҳои молия ва рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- маблағгузории барномавӣ дар таъмини рушди соҳа ва амалигардонии марҳилаҳои дигари барномаро таъмин намоянд;

- сармоягузорон ва соҳибкорони дохилӣ ва хориҷиро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои такмили инфрасохтори хизматрасонӣ дар деҳот ва хатсайрҳои сайёҳӣ ҷалб намоянд;

- дар якҷоягӣ бо Палатаи ҳисоб ва дигар мақомоти дахлдор назорати истифодаи пурсамар ва мақсадноки маблағҳои ба рушди соҳа ҷудогардидаро таъмин намоянд.

Бо қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ аз 8 апрели соли 2021, №1 тасдиқ шудааст