Замима ба Қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ аз 29 октябри соли 2019, № 12
Муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар 9 моҳи соли 2019» баррасӣ намуда, тавсияҳои зеринро қабул менамояд:
1. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар раванди таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ банақшагирии қисми даромади буҷет ва дурнамои нишондиҳандаҳо ба таври воқеӣ аз рӯи имкониятҳои мавҷуда амалӣ карда шаванд;
- идоракунии самараноки низоми молияи давлатӣ ва пешбурди сиёсати устувори буҷетӣ ва андозӣ дар ҳама самтҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шаванд ва низоми самарабахши банақшагирии буҷет марҳила ба марҳила ҷорӣ карда шавад;
- иҷрои босифати буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муайяншуда таъмин карда шавад;
- камбудӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои молиявии ошкоршударо бартараф намуда, назорати пешакӣ ва дохилиидоравӣ тақвият дода шуда, масъулияти мутасаддиёни соҳа баланд бардошта шавад;
- бо мақсади ба танзим даровардани маблағи кумаки молиявӣ (субвенсия) имкониятҳои воқеии даромадҳои худии ноҳияҳои субвенсионӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шаванд;
- бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонуншиканиҳои молиявӣ (изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ, рӯйпӯшкунии андозҳо ва азхудкунии маблағҳои буҷетӣ) масъулияти корфармоён баланд бардошта шавад ва дар қисмати интихоби иҷрочиён оиди хариди мол, кор ва хизматрасонӣ (махсусан ширкатҳои хусусӣ) таҷриба дар самти муайян, шароити молиявӣ, заминаи моддию техникӣ ва малакаи тахассусии онҳо дар мадди аввал ба инобат гирифта шавад;
- истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои сармоягузорӣ ва қарзҳоеро, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд, таъмин намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор оид ба беҳтар намудани фаъолияти марказу гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, инчунин сари вақт ва пурра аз худ намудани захираҳои молиявии пешбинишуда ва ҷалбгардида чораҳои зарурӣ андешида шаванд;
- бо мақсади таъмини шаффофият ва танзими дақиқ дар самти хариди давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд;
- назорати пешакӣ (аудити дохилӣ) ва дохилиидоравӣ оид ба истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ пурзӯр карда шавад.
2. Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади таъмини шаффофияти буҷети давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари дахлдори ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ аз рӯи имкониятҳои мавҷуда ба таври воқеӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шаванд;
- ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ идома додани маблағгузории иншооти нотамом барои сохтмони асосӣ тибқи тартиби муайяншуда чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
3. Ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии андозҳо, коҳиш додани фишори маъмурӣ ба андозсупорандагони бомасъулият, баланд бардоштани дараҷаи шаффофият ва қобилияти пешгӯйии низоми андоз ҷиҳати такмил додани маъмурикунонии андоз чораҳои судманд андешида шаванд;
- бо мақсади дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ, иҷрои сифатнок ва шаффофияти он баҳисобгирии андозсупорандагон ва объектҳои андоз, инчунин насб ва истифодаи мошинаҳои назорати хазинавӣ тақвият дода шаванд;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати омӯзиш ва фаҳмондадиҳии муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозсупорандагон оид ба баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва масъулияти роҳбарони ташкилотҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд;
- ҷиҳати коҳиш додан ва рӯёнидани бақияпулиҳо аз рӯи андозҳо, роҳ надодан ба зиёдшавии онҳо ва иҷрои босифати қисми даромади буҷети давлатӣ сабабу омилҳои пайдоиши бақияпулиҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуда, механизми ҳалли масъалаи мазкур коркард шавад;
- бо мақсади сари вақт ва сифатнок иҷро намудани қисми даромади буҷет ва ноил шудан ба боварии андозсупорандагон масъулият ва интизоми хизматии кормандони мақомот баланд бардошта шавад.
4. Ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати омӯзиш ва фаҳмондадиҳии Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ оид ба баланд бардоштани фарҳанги иҷрои уҳдадориҳо ва масъулияти роҳбарони ташкилотҳо чораҳои судманд андешида шаванд;
- пешгирӣ намудани воридоти мол тариқи қочоқ ва мубориза ба ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ тақвият дода шаванд;
- бо мақсади бештар ҷалб намудани молворидкунандагон ва иҷрои босифати нақшаи муайяншуда ба ҳар гуна маҳдудият ва монеаҳои беасос роҳ надода, барои ноил шудан ба боварии иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, пеш аз ҳама масъулият ва интизоми хизматии кормандон баланд бардошта шавад.
5. Ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади таъмини сифатноки қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳо тақвият дода шаванд;
- ҷиҳати истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин таъмини саривақтӣ ва пурраи маблағгузорӣ ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд;
- бо мақсади пешгирӣ намудан ва роҳ надодан ба хароҷоти ғайриқонунӣ, тасарруфи маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» гузаштан ба низоми пурраи кортҳои бонкӣ корҳо тақвият дода шаванд;
- баҳисобгирии пурраи нафақагирон ва объектҳои андозсупорандагон тибқи тартиби муайяншуда ба хотири роҳ надодан ба хароҷоти бесамар, ғайриқонунӣ, инчунин пешгирӣ ва коҳиш додани бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор чораҳои зарурӣ андешида шаванд;
- бо мақсади пешгирии ғайриқонунӣ ва ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳои нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, инчунин тасарруфи маблағҳои иҷтимоӣ ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ, ҷамоатҳо ва раисони маҳалҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи муайян ба роҳ монда шавад.
6. Ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади пешгирӣ намудани ҳама гуна қонунвайронкуниҳои молиявӣ, сабабу омилҳои сол аз сол афзоиши қонуншиканиҳо муайян карда шуда, мавриди омӯзиш ва таҳлили воқеӣ қарор дода шаванд;
- ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ оид ба иҷрои буҷети давлатӣ воқеияти қисми даромад ва хароҷоти буҷет мавриди арзёбӣ, таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуда, пешниҳоди тавсияҳои асоснок ва хулосаҳои судманд оид ба бартараф намудани камбудиҳои муайяншуда ба роҳ монда шавад;
- ҷиҳати барқарор намудани зарари молиявӣ дар рафти чорабиниҳои назоратии ошкоршуда чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
7. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад ва ба ин васила кумакҳои молиявӣ (субвенсия) аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ бо истифодаи маблағҳои худӣ ва озодбадастомада марҳила ба марҳила коҳиш дода шаванд;
- ҷиҳати беҳтар намудани пешгӯйӣ ва ҷамъоварии андозҳо, инчунин чораҳо нисбат ба банақшагирии асосноки қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва шаффофияти хароҷоти буҷет чораҳои зарурӣ андешида шаванд;
- назорати истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шавад.
Қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар 9 моҳи соли 2019»
Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар 9 моҳи соли 2019» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
1. Гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар 9 моҳи соли 2019» ба маълумот гирифта шавад.
2. Ахбори вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Аюбҷон Маъруф, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар 9 моҳи соли 2019» ба маълумот гирифта шавад.
3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо назардошти дархост ва пешниҳодҳои воридгардида қабул карда шаванд (замима мегарданд).
4. Гузоришу тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои чораҷӯӣ ирсол карда шаванд.
5. Назорати иҷрои қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия гузошта шавад.
6. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шаванд.
Раисикунандаи ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Азизӣ
ш. Душанбе, 29 октябри соли 2019, № 12