Техникаи ҳуқуқӣ

№90 (4830) 15.07.2024

Нуктаҳои назариявии татбиқи унсурҳо ва вижагиҳои он

parlamentШароити ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, ки яке аз ҳадафҳои он волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва танзими ҳуқуқии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ буда, онҳо аз талаботи аввалиндараҷаи давлатдории ҳуқуқ­бунёд маҳсуб меёбанд, фаъолияти сифатан ва мазмунан нави қонунгузориро талаб менамояд.

Дар ин раванд, тавре мушоҳида мешавад, ҳангоми омӯзиши назарияҳо оид ба усул ва методҳои татбиқи унсурҳои техникаи ҳуқуқӣ дар фаъолияти қонунгузорӣ дар сарчашмаҳои илмӣ бештар ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Заминаҳои танзимнамоӣ ва амалигардонии дигар унсурҳои техникаи ҳуқуқ, аз ҷумла техникаи қонунгузорӣ, техникаи ҳуқуқтатбиқкунӣ, техникаи амалисозии ҳуқуқ, техникаи ҳуқуқистифодабарӣ ва техникаи ҳуқуқфаҳмондадиҳӣ, баҳснок боқӣ мондааст. Зеро дуруст татбиқ намудани унсурҳои таркибии техникаи ҳуқуқӣ дар ҷараёни қонунгузорӣ гувоҳи он мебошад, ки давлат дар самаранок ва мураттабгардонии қонунгузорӣ манфиатдор буда, инкишофи ҷомеа, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷамъият, устуворгардонии давлатдории миллӣ яке аз мақсадҳои он мебошад. Вусъати фаъолияти қонунгузорӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйиру илова ба онҳо, мураттабсозӣ, тафсир, интишор, боздошт ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки зарурати омӯзиши мафҳум ва унсурҳои таркибии техникаи ҳуқуқиро тақозо менамоянд.

Дар сарчашмаи ҳуқуқӣ мафҳуми техникаи ҳуқуқӣ талабот оид ба истифодаи усулҳо ва воситаҳо дар ҷараёни нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Техникаи ҳуқуқӣ метавонад ба сифати меъёрӣ-анъанавӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи техникаи қонунгузорӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ баромад намояд, аммо муайян намудани нақш ва вазифаи унсурҳои таркибии техникаи ҳуқуқӣ ҳангоми омодасозии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аҳамияти зиёд дорад. Бо ин мақсад, нақш ва мавқеи унсурҳои таркибии техникаи ҳуқуқӣ бояд аз ҷониби мутахассисони ватанӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷониба қарор дода шаванд.

Дар адабиёти ҳуқуқӣ оид ба мафҳуми техникаи ҳуқуқӣ андешаҳо мухталифанд. Мафҳумҳои техникаи ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби олимони ҳуқуқ ба амал бароварда шудаанд, ба назарияи техникаи ҳуқуқӣ асос гузошта, ҳар кадоми онҳо дорои дастовардҳои мусбати илмии ба худ хос мебошанд.

Фаъолияти ҳуқуқӣ, хоҳ он фаъолияти қонунгузорӣ ё ҳуқуқэҷодкунӣ, ҳуқуқтатбиқкунӣ ва ё ҳуқуқҳифзкунӣ бошад, дорои восита ва усули амалигардонии ба худ хос мебошад, ки дар маҷмӯъ, техникаи ҳуқуқиро ташкил медиҳад. Зеро дуруст татбиқ намудани техникаи ҳуқуқӣ дар ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ ва қонунгузорӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки давлат дар самаранокии мураттабсозӣ ва сифати санадҳои қонунгузорӣ манфиатдор мебошад. Тавассути қонунгузорӣ сиёсати пешгирифтаи давлат, марому мақсади ҳокимият амалӣ мешавад. Ҳангоми босифат будани қонунгузории амалкунанда давлат метавонад ба мақсадҳои гузошташуда расад ва ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардад. Бинобар ин, техникаи ҳуқуқӣ на фақат хусусияти техникӣ, балки дорои мазмуни иҷтимоию иқтисодӣ низ мебошад.

Унсурҳои таркибии техникаи ҳуқуқӣ метавонанд ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи техникаи қонунгузорӣ ҳангоми омодасозии лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ риоя шаванд, зеро риояи унсурҳои техникаи ҳуқуқӣ дар давраи омодасозии лоиҳаи санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ аҳамияти аввалиндараҷа ­дошта, аз риояи қоидаҳо, усулҳо, воситаҳои техникаи ҳуқуқӣ дар марҳилаи таҳияи лоиҳаи қонун, сифати қонун ва мувофиқан сифати дигар санадҳои дар асоси он қабулшаванда вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, техникаи ҳуқуқӣ маҷмӯи воситаҳо ва усулҳои тамоми фаъолияти ҳуқуқӣ, аз ҷумла восита ва усулҳои техникаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқэҷодкуниро дар бар мегирад, ки фаъолияти ҳуқуқӣ бо механизми амалигардонӣ пайваст мебошад. Механизмҳои фаъолияти ҳуқуқӣ аз маҷмӯи воситаҳои ҳуқуқӣ иборат аст, ки воситаи фаъолияти ҳуқуқӣ метавонад характери техникиро гирад. Бо ин мақсад, фаъолияти ҳуқуқӣ, хоҳ фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бошад, хоҳ мураттабсозӣ, ҳуқуқтатбиқкунӣ ва ҳуқуқҳифзкунӣ дорои восита ва усули амалигардонии ба худ хос мебошад, ки дар маҷмӯъ, техникаи ҳуқуқиро дар бар мегиранд.

Дар натиҷаи таҳқиқи бештари техникаи ҳуқуқӣ доираи инъикоси он фарохтар мешавад. Дар доираи чунин муносибат техникаи ҳуқуқӣ акнун танҳо бо соҳаи эҷоди қонун ва татбиқи он маҳдуд намегардад, зеро техникаи ҳуқуқӣ дар баробари воситаҳо усулҳоро низ дар бар мегирад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки техникаи ҳуқуқӣ дар замони шӯравӣ аз ҷониби мутахассисон мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуда буд ва чун пештара диққати олимон ва ҳуқуқшиносони имрӯзаро низ ба худ ҷалб кардааст. Ба ҳар ҳол, назарияи техникаи ҳуқуқӣ сермаъно аст ва наметавонад тағйироти дар ҷомеа баамаломадаро ба ҳисоб ва талаботи зиндагиро ба назар нагирад. Тавре мутахассиси соҳаи техникаи ҳуқуқӣ Т.Я. Хабриева тасдиқ мекунад, дар шароити зиёдшавии рағбати ҷомеаи илмӣ ба техникаи ҳуқуқӣ то ба имрӯз назарияи мукаммалу пурарзиши техникаи ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Тасдиқи ин гуфтаҳо дар он аст, ки то ба имрӯз мафҳуми қавии техникаи ҳуқуқӣ, нақш ва вазифаи унсурҳои таркибии он дар амалияи ҳуқуқэҷодкунӣ ва қонунгузорӣ дида намешавад. Дар асоси таҳлилҳо ва андешаҳои олимони соҳаи ҳуқуқ ҷиҳати рушди илми ҳуқуқшиносии ватанӣ мафҳуми техникаи ҳуқуқиро бо чунин мазмун пешниҳод намудан мумкин аст: техникаи ҳуқуқӣ — низоми қоидаҳо, усулҳо, воситаҳо оид ба коркард, барасмиятдарорӣ, мураттабсозӣ, шарҳ ва татбиқи санадҳо бо мақсади такмили низоми амалкунандаи ҳуқуқ ва қонунгузорӣ, самарабахшӣ ва пешгӯйии он маънидод карда мешавад. Мафҳуми мазкур барои рушди фаъолияти қонунгузорӣ ва ҳуқуқэҷодкунии ватанӣ назаррас аст.

Дар асоси сарчашмаҳои ҳуқуқӣ ва фаъолияти қонунгузорӣ техникаи ҳуқуқиро ба унсурҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

- техникаи қонунгузорӣ;

- техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ;

- техникаи ҳуқуқтатбиқкунӣ.

Вобаста ба унсурҳои таркиби техникаи ҳуқуқӣ дар адабиёти ҳуқуқӣ андешаҳои олимон мухталиф ба назар мерасанд. Ба ҳамин маъно, ислоҳоти техникаи ҳуқуқӣ дар назари аввал чунин менамояд, ки дар ин ислоҳот ягон баҳс вуҷуд надорад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мафҳуми техникаи ҳуқуқӣ ва техникаи қонунгузорӣ ҳолати баҳснокеро ба миён меорад, ки боиси тафсироти духӯра мегардад. Номуайянии мафҳуми техникаи ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, ба ду нуктаи асосӣ, ки мафҳуми қонун ва техникаро ташкил медиҳад, вобаста аст. Мафҳуми техникаи ҳуқуқӣ, ки дар заминаи калимаи техникаи ҳуқуқшиносӣ ташаккул ёфтааст, дар ин ҳолат калимаи «ҳуқуқӣ» ҳамчун муродифи калимаи «ҳуқуқшиносӣ» амал мекунад, зеро техникаи ҳуқуқӣ ҳамчун маҷмӯи қоидаҳо оид ба татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунад, яъне он тамоми самтҳои фаъолияти ҳуқуқшиносиро фаро мегирад.

Нуктаи муҳиме, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ мутахассисонро ба ташвиш овардааст, ин муайян намудани қоидаҳои истифодаи унсурҳои таркибии техникаи ҳуқуқӣ дар фаъолияти қонунгузорӣ мебошад. Бештар ин иштибоҳ дар назарияи давлат ва ҳуқуқ мушоҳида мешуд. Айни замон ин камбудӣ бартараф шуда истодааст. Оид ба ин масъала бояд зикр кард, ки ғанигардонӣ ва фарқиятгузорӣ дар масъалаи техникаи ҳуқуқӣ дар он мебошад, ки дар ҷомеа нақши санадҳои ҳуқуқӣ дар танзимнамоии ҷомеаи муосир зиёд шуда истодааст. Идоракунии назарраси давлатиро бе санадҳои ҳуқуқӣ тасаввур кардан мумкин нест, ҳол он ки ин танҳо як шохаи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Аз фарқияти «техникаи ҳуқуқӣ» ва «техникаи қонунгузорӣ» бармеояд, ки техникаи ҳуқуқӣ хеле ташаккулёфта ва бо ёрии воситаҳои ҳуқуқӣ тағйирёфта аст. Техникаи ҳуқуқӣ нисбат ба техникаи қонунгузорӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мафҳуми васеътарро доро мебошад.

Дар асоси таҳлилҳо қоидаҳои техникаи қонунгузориро ба унсурҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: а) қоидаҳо оид ба шакли зоҳирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қоидаҳои расмӣ ё номгузорӣ); б) қоидаҳо оид ба таркибсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қоидаҳо оид ба таҳияи лоиҳа); в) қоидаҳои баҳисобгирӣ ва қайди давлатии санади меъёрии ҳуқуқӣ (мураттабсозӣ); г) қоидаҳои тафсири расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; ғ) қоидаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ; д) қоидаҳои интишори санадҳои қонунгузорӣ; е) қоидаҳои боздошт ва қатъи амали санадҳои қонунгузорӣ; ё) қоидаҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ (имплементатсия ва тасдиқи созишномаҳо); ж) қоидаҳои мониторинги ҳуқуқӣ ё қонунгузорӣ; з) қоидаҳои забонӣ; и) қоидаҳои услубӣ; ӣ) қоидаҳои мантиқӣ; й) қоидаҳои расмӣ (дохилӣ).

Дар асоси таҳлилҳо, ба хулоса омадан мумкин аст, ки техникаи қонунгузорӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва техникаи ҳуқуқтатбиқкунӣ унсурҳои асосии техникаи ҳуқуқӣ буда, дорои қоидаҳои техникӣ-ҳуқуқии ба худ хос мебошанд. Бо ин мақсад, сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ва дар амал татбиқ намудани онҳо аз ҷониби субъектони ҳуқуқтатбиқкунанда аз дуруст риоя намудани қоидаҳои унсурҳои техникаи ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад.

Комрон ҶАМШЕДЗОДА,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон