Терроризм ва ифротгаройиро пешгирӣ мебояд

№34 (3984) 30.03.2019

DSC_1532Соли гузашта ҷаҳониён шоҳиди содир шудани амалҳои зиёди террористӣ дар Осиёю Африқо ва Аврупою Америко гардиданд, ки бо дасти террористону ифротгароёни худхоҳу худкома анҷом дода шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи дунё суханронӣ карда, мафҳуми терроризм ва террористро шарҳ дода, қайд намуданд, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона ҷудо кардан хатои маҳз аст, зеро террорист ватан, дин, маҳзаб, миллат надорад. Имрӯзҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамоишу конфронсҳои байналмилалӣ оид ба хатар ва таҳдидҳои фалокатбори ташкилотҳои хусусияти террорис­тидошта, аз қабили, ТТЭ ҳизби наҳзати ислом, «Ихвон-ул-муслимин» баргузор мегарданд, ки дар онҳо хатари террору ифротгаройии ТТЭ ҳизби наҳзати исломро аз хатарҳои ДИИШ ва «Ал -Қоида» кам намедонанд.

Мардуми ҷумҳурӣ ҳанӯз фоҷиаҳои фалокатбореро, ки соли 1991 ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом ба сари онҳо овард, фаромӯш накардаанд.

Маҳз бо супориши саркардагони ТТЭ ҲНИ соли 1992 бист нафар шахси бегуноҳро гаравгон гирифтанд, ки дар байни онҳо вакилони Шӯрои Олӣ ва ду нафар муовини Сарвазири мамлакат низ буданд. Онҳоро ба майдони «Шаҳидон» оварда, ба тамошо гузоштанд, ки дар таърих чунин рафтори бехирадонаро ягон ташкилоти дигар содир накардааст. Баъди он ки наҳзат бо истифодаи ин майдон Ҳукумати муросои миллиро таъсис дод, амалан барои нобуд кардани арбобони сиёсию давлатӣ оғоз намуд. Кушта шудани прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев пеши назари роҳгузарон аз ҷумлаи аввалин амалҳои ваҳшиёнаи онҳо буд. Онҳо аз ин «дастовард» рӯҳу илҳоми тоза гирифта, 31 августи соли 1992 барои ҷисман нобуд кардани Президенти вақти кишвар Раҳмон Набиев бархостанд. Қасри Президентро ғасб карда, 48 нафар корманди онро гаравгон гирифтанд. Барои зери ваҳму тарс нигоҳ дош­тани ҷомеа як нафарро, ки аз минтақаи Кӯлоб бо сафари хизматӣ дар ин миён ҳузур дошт, ваҳшиёна куштанд. Ҳафтуми сентябри соли 1992 Президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиевро ҷанговарони наҳзати ислом бо истифода аз силоҳ таҳдид ва аз вазифа сабукдӯш карданд.

Хусусияти фарқкунандаи терроризми наҳзати ислом террор ба муқобили миллату давлат мебошад, ки бар асари он баъдтар ходимони сиёсию давлатӣ, ба монанди Муродулло Шерализода, Фатҳуллохон Шарифзода, Юсуф Исҳоқӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Моёншо Назаршоев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Абдураҳим Раҳимов ва даҳҳои дигар ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд.

Аз ин «таҷриба»-и ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом ДИИШ ва «Ал-Қоида» истифода мебаранд. ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом аз хориҷи кишвар зархаридҳои нишонзан оварда, дар ҷанги шаҳрвандӣ ба бародаркушӣ истифода бурд. Ҷумъабои намангонӣ духтари тоҷикро зани сеюм карда, ҷанговарони гурӯҳи худро аз ҳисоби духтарони тоҷик хонадор намуд ва ба онҳо низ роҳҳои ҳарбузарбро омӯхт. Амир Хаттаб аз Тавилдара ба Кавказ барои идомаи ҷанг рафт. Онҳо зӯран дар Раштонзамин давлати «Хилофат»-ро барпо карданӣ шуданд. Яъне, дар охири асри XX ба сари мардум «Хилофати асри VII» -ро бор карданӣ буданд.

Бо вуҷуди ҳама балое, ки бар сари мардум оварданд, ҳимоятгарони ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои Аврупо ва Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ кишвари моро ба маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон гунаҳгор медонанд. Ҳол он ки ҲНИ ягона ҳизби сиёсие буд, ки бо номи ислом дар миёни собиқ давлатҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дошт.

Бале, дуруст аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дар он баробарии ҳама миллату нажод ва пайравии динҳои гуногун кафолат дода мешавад, вале… Тибқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон: «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ё гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд, манъ аст». Ин талаботи Конститутсияро ҲНИ зимни фаъолият ҳаргиз риоя накардааст.

Алҳол наҳзатиён дар давлатҳои аврупоӣ барои амалӣ намудани ниятҳои нопок аз ҳисоби ҷавононе, ки дар муҳоҷират мебошанд, бо ташвиқу тарғиби ҳаёти биҳиштӣ, гурӯҳҳои террористӣ ташкил карда, дафтарҳои дар хориҷа доштаашонро барои пурра намудани сафҳои ДИИШ ва гурӯҳҳои дигари терорис­тии амалкунанда истифода мебаранд. Онҳо бо гурӯҳҳои террористӣ, ки дар Ховари Наздик меҷанганд, шартномаю созишномаҳо имзо намуда, ба аъзои гурезаи наҳзат паноҳгоҳ медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди аъзои ТТЭ ҲНИ барои вайрон кардани тартиботи дохила ва иштирок дар ҷараёнҳои тундрави террористӣ-экстремистии ДИИШ, «Ансоруллоҳ», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҷамоати таблиғ», «Гурӯҳи-24», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва ғайра боздошт шудаанд. Аз 1140 нафар ҷавони тоҷик, ки дар сафҳои ДИИШ меҷанганд, 521 нафараш аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд. Ин душманони миллат комёбиҳои мардуми шарафманди Тоҷикистонро чашми дидан надоранд. Онҳо бо афкори ғалату барои миллат бегона андешаҳои тундравона ва тахрибсозашонро дар ҷомеа мунташир кардан мехоҳанд.

ТТЭ ҲНИ пайваста дар талоши он аст, ки фаъолияти тахрибкоронаро идома дода, ба ин васила даст­овардҳои истиқлолияти моро зери хатар гузорад. Бинобар ин, ҳизбу ташкилотҳои гуногуни муқими ҷумҳурӣ бояд дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид шуда, якпорчагии кишвар ва сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз кунем. Нагузорем, ки ҷавонон, ки бо ғояҳои нав барои ободу зебо кардани кишвар камари ҳиммат бастаанд, пойбанди ҳар гуна ҷараёни тундрав гарданд, хусусан, онҳое, ки берун аз кишвар зиндагӣ ба сар мебаранд.

Агар ба саҳифаҳои таърихи ду-се даҳсолаи пеш назар андозем, мебинем, ки дахолати кишварҳои абадқудрат ба кишварҳои сеюм ва рӯ ба тараққӣ ҳамеша боиси барҳам задани оромию тартибот дар ҷомеа ва бадбахтиҳои инсон мегардад. Хулоса, ТТЭ ҲНИ аз тарафи хоҷагони хориҷиаш таъсис ёфтаю маблағгузорӣ мешавад. Агар ин тавр намебуд, бо кадом маблағ роҳбари ТТЭ ҲНИ 53 ширкат бунёд кард? Ҳамчунин, ба хотири пулу мол буд, ки сарварону тарафдорони ТТЭ ҲНИ мазҳаби шиаро қабул карданд ва даъво доранд, ки он мазҳаби «ҳақ» аст.

Албатта, барои онҳое, ки миллати худро фурӯхта, дар паси бегонагон ҷо гирифтаанд, мазҳабфурӯшӣ кори саҳлу сода аст. Вале онҳо бояд донанд, ки акнун замона дигар гаштааст. Насли замони истиқлолият ба воя расидааст, ки ҳаргиз ба найрангу шуъбадабозиҳо дода намешавад, сараро аз носара фарқ мекунад.

Дар қатори бузургон имрӯз насли нав танҳо як мақсад дорад: ҳар чӣ бештар ободу зебо ва пешрафта гардондани Тоҷикистон. Ин аст роҳе, ки мардуми кишвар пеш гирифтааст ва ҳатман ба мақсад мерасад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон