Тибқи тағйироти ба қонун воридгардида ба ҳуҷҷатҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии давлатҳои хориҷӣ апостил гузошта мешавад

№135(3436) 12.10.2015

DSC_0688

(Аввалаш дар шумораи гузашта)

Ҷамшед КАРИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи «Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2015» бо мақсади сари вақт мавриди истифода қарор додани Беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳрии дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст (Маҷмааи тандурустии «Пойтахт — 90») таҳия гардидааст.

Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии Маҷмааи тандурустии «Пойтахт- 90» тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар ифтитоҳи биноҳои навбунёд ва боздид аз иншоотҳои сохтмонии шаҳри Душанбе (4-5 сентябри 2013) баён гардида буд, дар доираи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад.

Масоҳати умумии Маҷмааи тандурустии «Пойтахт-90» 104620 м2 –ро дар бар гирифта, аз 38 иншоот иборат мебошад. Тибқи хулосаи экспертизаи давлатӣ арзиши сметавии иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ дар маҷмааи мазкур 502,1 миллион сомонӣ ва хариди 633 номгӯй таҷҳизот, дастгоҳ ва лавозимоти дигари зарурӣ 43,9 миллион доллари ИМА пешбинӣ гардидааст. Бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагон ва соҳибкорони ватанӣ аз 633 номгӯй таҷҳизот, дастгоҳ ва дигар лавозимоти зарурӣ 37 номгӯйи мебел ва 506 номгӯйи дигар лавозимот тариқи озмуни харид аз хориҷи кишвар ба ширкатҳои маҳаллӣ фармуда шудааст. Воридоти 90 номгӯйи таҷҳизот, дастгоҳ ва дигар лавозимоти зарурӣ аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ, ки намояндаи бевоситаи молистеҳсолкунандагон мебошанд, тариқи озмуни харид ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти танҳо 90 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ барои муҷаҳҳазгардонии иншоотҳои Маҷмааи тандурустии «Пойтахт — 90», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, ҳамчун объекти хусусияти иҷтимоидошта пешниҳод гардидааст. Аз рӯи ҳисоботи пешакӣ маблағи имтиёзҳои андозӣ 14,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда 10,5 млн.сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 4,1 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, ҷиҳати татбиқи лоиҳа ва сари вақт ба истифода додани Маҷмааи тандурустии «Пойтахт- 90» аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА: -  Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2015 таҳти № 230 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мавриди истифода қарор додани Маҷмааи тандурустии «Пойтахт- 90», ки аз 38 иншоот иборат буда, дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст мебошад, таҳия гардидааст. Дар он пешниҳод мешавад, ки воридоти 90 номгӯй таҷҳизот, дастгоҳ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои муҷаҳҳазгардонии иншоотҳои маҷмааи мазкур аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» мегузарем.

аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Шамс Бароталиевич дода мешавад.

Шамс НАЗАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!

Пеш аз ҳама, мехостам аз номи роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти кишвар барои дастгирии доимиашон ҷиҳати таҳия ва қабули қонунҳои соҳавӣ изҳори миннатдорию арзи сипос намоям. Маҳз бо ташаббуси вакилони парламенти кишвар дар даҳсолаи охир як қатор қонунҳо қабул гариданд, ки барои ҳалли масъалаҳои мубрами экологӣ мусоидат намуданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ», ки маҳз бо ташаббуси бевоситаи парламенти кишвар бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои ИДМ (Федератсияи Россия, Украина, Қазоқистон) соли 2011 қабул гардид, аз ҷумлаи онҳост.

Зарурати таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз талаботи моддаи 8- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» бармеояд, ки мувофиқи он бояд аз тарафи мақоми ваколатдори танзими давлатии аудити экологӣ иҷозатнома оид ба ҳуқуқи гузаронидани аудити экологӣ дода шавад.

Барои амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2015 таҳти №550 «Дар бораи тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ» барои ба Феҳрист дохил намудани аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ мутобиқи талаботи моддаи 11-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» зарур аст, ки онҳо иҷозатнома оид ба ҳуқуқи гузаронидани аудити экологӣ дошта бошанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ворид намудани тағйироти зарурӣ ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» оид ба додани иҷозатнома барои ҳуқуқи гузаронидани аудити экологӣ пешбинӣ шудааст, пешниҳод мегардад, ки ба моддаи 17 -уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сархати чилу ҳаштум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

« — фаъолияти аудитории экологӣ;».

Аз ин лиҳоз, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.

 Баҳром АБДУАЛИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2015 таҳти № 195 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

 

Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур ин ворид намудани тағйироти зарурӣ оид ба таъмини иҷрои талаботи моддаи 8 -уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» буда, дар сурати қабули он асоси ҳуқуқӣ барои додани иҷозатнома оид ба гузаронидани аудити экологӣ пайдо мегардад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» принсипҳо ва тартиби гузаронидани аудити экологиро дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти идоракунӣ, хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият ба муҳити зист, ҳаёт  ва саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур 1 сентябри соли 2015 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бо иштироки намояндагони мақоми дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифта, пурра ҷонибдорӣ карда шуд.

Бинобар ҳамин, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шурӯъ менамоем.

аз рӯи ин масъала сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода дода мешавад.

Парвиз ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!

Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи қонуни зикршуда ин мутобиқ намудани он ба талаботи Конвенсияи Гаага дар бораи бекор кардани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки Конвенсияи мазкур 29 октябри соли 2014 бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1623 тасдиқ шудааст ва он нисбати Тоҷикистон дар моҳи ноябри  соли 2015 эътибор пайдо хоҳад кард.

Тибқи моддаи 12 -уми Конвенсияи зикршуда Вазорати корҳои хориҷии Нидерланд ба давлатҳои аъзои Конвенсияи Гаага огоҳинома дар бораи ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкурро ирсол намудааст (огоҳинома дар моҳи марти соли 2015 ирсол шудааст). Давлатҳои аъзои Конвенсия дар муддати шаш моҳ баъди гирифтани чунин огоҳинома мавқеи худро нисбати ҳамроҳшавии Тоҷикистон бояд баён намоянд, яъне  то августи соли 2015. Конвенсия байни давлати ҳамроҳшаванда -Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои Конвенсия дар рӯзи шастум баъди гузаштани муҳлати шашмоҳа, эътибор пайдо мекунад, яъне муҳлати шашмоҳа дар моҳи август ба охир расид ва аз он агар шаст рӯз ҳисоб намоем, моҳи ноябр медарояд.

Ба  маълумоти шумо мерасонем, ки ҷиҳати мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Конвенсияи зикршуда гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби коршиносони вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои омӯзиши ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага дар  бораи  бекор  кардани  талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 таъсис дода шуда буд, кори худро таҳти роҳбарии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, лоиҳаҳои қонунҳои дахлдорро ҷиҳати мутобиқгардонии онҳо ба меъёрҳои Конвенсияи номбурда таҳия намуд. Лоиҳаҳои қонунҳои таҳияшуда ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии имрӯзаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ворид шудаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» яке аз лоиҳаҳои таҳияшуда мебошад. Тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» қисми 1 моддаи 5  ва  моддаи 15-ро фаро гирифта, тасдиқ (легализатсия) ва апостили ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ ба онҳо дода шуда ва барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод гардидаанд, пешбинӣ менамояд. Қаблан чунин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе гузоштани апостил қонунӣ гардонида мешуданд.

Бо дарназардошти мувофиқа шудани лоиҳаи қонуни зикршуда бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни зикршударо ҷонибдорӣ намоянд.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабов Равшан Муҳитдинович дода мешавад.

Равшан РАҶАБОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ ва вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2015 таҳти №192 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Ҳадафи асосии лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба талаботи Конвенсияи Гаага аз 5 октябри соли 1961 мебошад. Зикр кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур 29 октябри соли 2014 бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1623 ҳамроҳ шуда, тибқи расмиёти пешбинишуда дар моҳи октябри соли 2015 эътибор пайдо менамояд.

Зимни баррасӣ кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ нуҳ таклифу пешниҳод манзур кардаанд, ки ҳамаи он характери таҳрирӣ дошта, қобили қабул дониста шуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 2 сентябри соли 2015 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Аз ҷумла лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ ва матни русии лоиҳа бо матни тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуд.

Инчунин зикр кардан зарур аст, ки 7 сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ш. Зуҳуров эродҳо доир ба якхела истифода бурдани истилоҳҳои апостил, апостилгузорӣ, тасдиқ (легализатзия) ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матни лоиҳаҳои пешниҳодшуда иброз гардида, ба муовини якуми раис доир ба ташкили гурӯҳи корӣ супориш дода шуд.

Рӯзи 25 сентябри соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ (вакилон аз кумитаҳои масъул ва мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Х.  Мирзоев) таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ эродҳои ҷойдоштаро баррасӣ намуда, ба мувофиқаи зарурӣ омаданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, амалӣ намудани он маблағи иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба масъалаи навбатии рӯзнома – Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода дода мешавад.

Парвиз ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёри он ба  Конвенсияи Гаага дар бораи бекор кардани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳия гардидааст. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» тағйирот дар қисми 3 моддаи 39 пешбинӣ шудааст. Тибқи тағйироти пешниҳодшуда ҳуҷҷатҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии давлатҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (легализатсия) карда мешаванд ва ё ба онҳо апостил гузошта мешавад.

Қаблан дар моддаи зикршуда меъёр дар бораи гузоштани апостил пешбинӣ нашуда буд. Бо дарназардошти мувофиқа шудани лоиҳаи қонуни зикршуда бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қабули лоиҳаи қонуни зикршударо ҷонибдорӣ намоянд.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон Давлатов Муродулло Исматович дода мешавад.

Муродулло ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум барои баррасӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2014 узви Конвенсияи Гаага мебошад. Конвенсия талаботи легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷиро бекор карда, барои эътибори юридикӣ пайдо кардани онҳо дар қаламрави тамоми давлатҳои аъзо шакли содагардонидашуда – апостилгузориро муқаррар кардааст. Дар ин замина Тоҷикистонро чун узви имзогузоштаи Конвенсияи мазкур зарур аст, ки тибқи расмиёти пешбиникардашуда қонунгузории миллии худро ба талаботи он мувофиқ гардонад.

Бо ин мақсад лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо омӯхта ва баррасӣ намуда, мазмуни онро пурра дастгирӣ карданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ мухолифат надорад.

Хоҳиш менамоям, ки зарурат ва аҳамияти қабули лоиҳаи қонуни мазкурро ба инобат гирифта, ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» мегузарем.

Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода дода мешавад.

Парвиз ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва  вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати мутобиқ намудани муқаррароти он ба Конвенсияи Гаага дар бораи бекор кардани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 таҳия гардидааст.

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбинӣ намудани муқаррарот дар бораи гузоштани апостил таҳия гардидааст. Аз  ҷумла  дар моддаи 2 мафҳуми «гузоштани апостил» ва дар қисмҳои 5 ва 7-и моддаи 11 ва қисмҳои 2 ва 3-и моддаи 29 муқаррарот дар бораи гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои дахлдор барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахсони ҳуқуқӣ ва барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешбинӣ шудаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки қаблан дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» муқаррарот дар бораи гузоштани апостил пешбинӣ нашуда буд.

Бо дарназардошти мувофиқа шудани лоиҳаи қонуни зикршуда бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қабули лоиҳаи қонуни зикршударо ҷонибдорӣ намоянд.

РАИС:  - аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович дода мешавад.

Ҷамшед САИДОВ: Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Якуми сентябри соли ҷорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро дар маҷмӯъ дастгирӣ намуда, ҷиҳати такмили он се таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо ду таклиф қабул ва якто қисман қабул шуданд.

Ҳамзамон эрод ва таклифу пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон иброз гардида буданд, ислоҳ шуда, дар лоиҳаи пешниҳодгардидаи қонуни мазкур ба инобат гирифта шудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.

Ҷиҳати мукаммалгардонии лоиҳаи қонуни мазкур аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки муҳимият ва зарурати қабули лоиҳаи қонуни мазкурро ба инобат гирифта, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. 

РАИС: — Оид ба масъалаи навбатии рӯзнома – Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода  дода мешавад.

Парвиз ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва  вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур инчунин ҷиҳати мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага дар бораи бекор кардани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 таҳия ва бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мувофиқа шудааст. Тағйиру иловаҳо ба қисми 16 моддаи 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ворид гардида,  андозаи боҷи давлатиро барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 62,5 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони воқеӣ ва 125 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони ҳуқуқӣ муайян менамояд. Мисол, агар шахси воқеӣ ният дошта бошад, ки ба ҳуҷҷати расмӣ (диплом) апостил гузорад, пас тибқи меъёри зикршуда ӯ бояд 25 сомонӣ, яъне 62,5 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт намояд. Шахсони ҳуқуқӣ бошанд, барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмиашон 50 сомонӣ, яъне 125 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт менамоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки қаблан дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ситонидани боҷ барои чунин амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ пешбинӣ нашуда буд.

Бо дарназардошти нукоти зикршуда ва мувофиқа шудани лоиҳаи қонуни мазкур бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қабули лоиҳаи қонуни зикршударо ҷонибдорӣ намоянд.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

Толибхон АЗИМЗОДА:-  Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ !

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2015 таҳти №191 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади муайян намудани андозаи боҷи давлатӣ барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон 62,5 фоиз  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони воқеӣ ва 125 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони ҳуқуқиро пешбинӣ менамояд. Миқдори нишондиҳандаҳо дар асоси таҳлилу пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд.

Талаботи мазкур аз уҳдадориҳои байналмилалии қабулнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, чунки ҷумҳурии мо ба Конвенсияи Гаага дар бораи бекор кардани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 таърихи 29 октябри соли 2014 ҳамроҳ шудааст.

Тағйиру иловаи мазкур ба қисми 16 банди 9 моддаи 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» мувофиқ мебошад. Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Мачлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон се таклиф пешниҳод гардид, ки мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар натиҷа  2-тоаш қабул ва 1-тоаш қабул нашуд.

Рӯзи 2 сентябри соли равон ин лоиҳа дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қабули қонуни баррасишавандаро ҳамаҷониба дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» мегузарем.

Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода дода мешавад.

Парвиз ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ !

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»  пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур низ ҷиҳати мутобиқ  намудани қонунгузории кишвар ба муқаррароти  Конвенсияи Гаага дар бораи бекор кардани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 таҳия гардидааст. Иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» боб ва моддаи алоҳидаро оид ба хироҷ барои гузоштани апостил пешбинӣ менамоянд.

Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» Боби 81   (боби ҳашт прим як) ва моддаи 291  (моддаи бисту нуҳ прим як) ворид карда мешаванд, ки мутобиқи моддаи 291 барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд хироҷ ситонида мешавад. Маблағи хироҷ аз рӯи меъёри  муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор барои гузоштани апостил, пардохта мешавад. (Меъёри хироҷ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми нуҳ сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва 18 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ муайян шудааст. Айни ҳол лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» таҳия шуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа шудааст.

Лозим ба зикр аст, ки қаблан чунин намуди хироҷ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» пешбинӣ нашуда буд.

Бо дарназардошти мувофиқа шудани лоиҳаи қонуни зикршуда бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қабули лоиҳаи қонуни зикршударо ҷонибдорӣ намоянд.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

Тоҳир ҶОБИРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2015 таҳти № 194 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур боб ва моддаи алоҳидаро оид ба хироҷ барои гузоштани апостил пешбинӣ менамояд. Мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» Боби 81 ва моддаи 291 ворид карда мешавад, ки мутобиқи моддаи 291 минбаъд барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷ ситонида мешавад. Маблағи хироҷ бошад, аз рӯи ставкаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор барои гузоштани апостил пардохта мешавад.

 

Гузоштани апостил — тасдиқ намудани воқеияти имзо, муҳр (штамп) дар нусхаи аслии ҳуҷҷат тавассути гузоштани апостил мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи Кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Роҷеъ ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан  ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода дода мешавад.

Парвиз ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ !

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мешавад.

Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи қонуни зикршуда ин мутобиқ намудани он ба талаботи Конвенсияи Гаага дар бораи бекор кардани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 мебошад.

Тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 4 моддаи 138-ро фаро гирифта, тибқи он минбаъд ба ҳуҷҷате, ки резидентии ғайрирезидентро тасдиқ мекунад, апостил гузошта мешавад. (Мисол, шаҳрванди хориҷӣ дар асоси қарордоди меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии консалтингиро дар давоми шаш моҳ анҷом медиҳад. Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии  Тоҷикистон шахси воқеӣ, агар зиёда аз 182 рӯз дар Тоҷикистон кор ва фаъолият намояд, пас резидент ҳисобида мешавад. Бо дарназардошти он ки шаҳрванди хориҷӣ дар давоми шаш моҳ дар Тоҷикистон кор ва фаъолияташро анҷом медиҳад, пас вазифадор аст, то андоз аз даромадро пардохт намояд. Ҷиҳати пешгирӣ аз пардохти андозбандии дукарата мақомоти андоз ба шаҳрванди хориҷӣ маълумотнома медиҳад, ки дар давоми фаъолияташ дар Тоҷикистон андоз аз даромадро пардохт намудааст ва дар асоси маълумотнома шаҳрванди хориҷӣ дар Ватанаш андоз аз даромадро такроран пардохт наменамояд.).

Қаблан дар моддаи зикршуда меъёр дар бораи гузоштани апостил пешбинӣ нашуда буд.

Бо дарназардошти мувофиқа шудани лоиҳаи қонуни зикршуда бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қабули лоиҳаи қонуни зикршударо ҷонибдорӣ намоянд.

Раис: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Салимзода Комил дода мешавад.

Комил САЛИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2015 таҳти № 196 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар банди 4 моддаи 138 сурат гирифтааст, ки тибқи он минбаъд ба ҳуҷҷате, ки резидентии ғайрирезидентро шаҳодат медиҳад, апостил гузошта мешавад. Аз ин рӯ, барои чунин намуди ҳуҷҷатҳо низ гузоштани апостил пешбинӣ мегардад.

Лоиҳаи қонуни мазурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон ҳафт таклиф пешниҳод гардид.

Дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз таклифҳои пешниҳодгардида 6-тоаш қабул ва 1-тоаш қисман қабул гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем.

Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

Азизмуҳаммад ХОЛМУҲАММАДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр !

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, пешгирии паҳншавии он ва табобати маҳкумшудагоне, ки гирифтори бемории мазкур мебошанд, пешниҳод шудааст.

кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, бо мақсади пурраву оммафаҳмгардонии он чор пешниҳод намуданд, ки ҳамаи онҳо қобили қабул дониста шуданд.

Бо мақсади ҳимояи саломатии маҳкумшудагоне, ки гирифтори бемории сил мебошанд ва пешгирии паҳншавии чунин беморӣ, махсусан дар муассисаҳои ислоҳии мамлакат пешниҳод мешавад, ки ба моддаи 24  қисмҳои 1 ва 2 ва моддаи 105 қисми 5 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои «сил», «бемориҳои сил», «ва доруворӣ тибқи таъиноти духтур» ва «ва доруворӣ» илова карда шаванд.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида имконият медиҳанд, ки маҳбусоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо намуда, гирифтори касалии сил мебошанд, сари вақт табобат, саломатии онҳо барқарор ва паҳншавии касалии мазкур махсусан дар байни маҳбусон пешгирӣ карда шавад.

Қабули лоиҳа аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад, мутобиқ ба муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома — Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мавриди амал қарор додани он» мегузарем.

Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Амрихудои Дамдор дода мешавад.

Амрихудои ДАМДОР: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд !

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мавриди амал қарор додани он» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Маҷидзода бо мақсади барқарор намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардида буданд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни номбурда мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  4 майи соли 2015 таҳти №101 барои хулосабарорӣ  ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қарори мазкур аз тарафи ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ёфт.

Лоиҳаи қарори зикргардида ба меъёрҳои Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад.

Баъди гирифтани хулосаҳо лоиҳа дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Азизӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҳамаи кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон муҳокима гардида, аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа пурра ҷонибдорӣ ёфт.

Аз ин лиҳоз, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қарори номбурдаро дастгирӣ намоед.

Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мавриди амал қарор додани он» Қарор қабул шуд.

Кори ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ,  Бурҳониддин КАРИМОВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ