Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

«Тоҷик Эйр» ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мегарданд

№15 (3809) 03.02.2018

DSC_336131 январи соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати

панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 62 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»

2. Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад

3. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Kryso Resources Limited» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пак­рут» оид ба истихроҷи кони ­«Пакрут»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Ҳамрализода Ф. М. аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Муминов Қ. Ҳ. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2018» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз ҷониби Вазорати молия ҷиҳати иҷрои банди 60 Нақша — чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) зикр гардидаанд, таҳия шудааст.

Дар он аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркаш бо мақсади навсозии заминаи техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон пешбинӣ гардидааст. Дастгирии давлатӣ вобаста ба имтиёзҳои пешбинишуда ба рушди соҳаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан равона гардида, ба кушодашавии хатсайрҳои иловагӣ, инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ ва пайдоиши даромадҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он дар дои­раи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёт, сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва навсозии техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст. Дар ин замина вобаста ба имтиёзҳои пешбинишуда, рушди соҳаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан дар назар дошта шуда, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон беҳтар мегардад, ки ин омил ба кушодашавии хатсайрҳои нав бо шарикони рушд ва давлатҳои ҳамсоя, пайдоиши даромадҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» «Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида барои соли 2018» қисми 13 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

«13. Дар соли 2018 ҷиҳати нав­созии техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркашонӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд».

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Дар ҷаласа директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов ва муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров ширкат доранд.

Муҳтарам Раҳимов, қабули қонуни мазкур дар фаъолияти ҶСК «Тоҷик Эйр» чӣ тағйироте ворид хоҳад кард?

 Хайрулло РАҲИМОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Вазъи соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, махсусан ҶСК «Тоҷик Эйр», ба шумо равшан аст, зеро чанде пеш ҳолати фаъолияти корхонаҳои соҳа мавриди баррасии шумо қарор дошт. Қабули қонуни мазкур ба пешрафти соҳа ­таъсири мусбат мерасонад. Барои беҳтар кардани шароити кор ва хизматрасонӣ дар панҷ соли оянда мо бояд 8 адад ҳавопаймо, аз ҷумла соли ҷорӣ ду адад ҳавопаймо харидорӣ намоем. Воқеан ҳам, ҳоло сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон паст ва шикоят зиёд аст. Се ҳавопаймои дарихтиёрдошта талаботи рӯзафзуни мусофирони ширкати моро қонеъ гардонида наметавонад. Бо қабули қонуни мазкур имкониятҳо хеле васеъ гардида, шароит фароҳам меояд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар шавад.

РАИС: - Муҳтарам Усмон Ҳамроевич! Дар соҳаи роҳи оҳан чӣ пешрафтро метавон интизор шуд?

 Усмон ҚАЛАНДАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Парки локомотивҳо ва вагонҳои мусофиркашонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳолати ногувор доранд. Аз 224 вагони мусофирбар, ки хеле фарсуда шудаанд, имсол 40-тои он боқӣ мемонаду халос. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ корхона 17 вагон харидорӣ намудааст, ки хеле кам мебошад.

Умеди зиёд дорем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз ҷониби шумо дастгирӣ меёбад. Дар натиҷа, барои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» имкон фароҳам меояд, ки вагонҳоро зиёд намояд.

Ҳоло роҳбарияти корхона бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, «Эксимбонк»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба гирифтани маблағҳои қарзӣ гуфтушунид дорад. Бо хариди локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркаш сатҳ ва сифати хизматрасонӣ хеле беҳтар мешавад.

РАИС: - Вакилони муҳтарам! Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва роҳҳои оҳан дар дунё аз ҷумлаи ширкатҳои сарватманд маҳсуб меёбанд. Бо қабули қонуни зикршуда барои ҶСК «Тоҷик Эйр» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» шароити муносиб ва хеле хуби беҳ кардани вазъи соҳа ба амал меояд. Дар робита ба ин, масъалаи арзон кардани нархи чиптаҳои ҳавопаймо ва роҳи оҳан ба миён меояд, зеро ин масъала дерест, ки моро ба ташвиш овардааст. Вақте ки мусофир муддати се-чор рӯз аз тариқи роҳи оҳан сафар мекунад, ӯ ба шароити муносиб эҳтиёҷ дорад, то ин ки роҳ барояш хастанопазир бошад. Андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, ки тибқи қонуни мазкур ҶСК «Тоҷик Эйр» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз пардохти онҳо ҳангоми ворид кардани ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои мусофиркашон озод карда мешаванд, маблағи зиёдро ташкил менамояд ва бояд барои рушди соҳа самаранок харҷ шаванд.

Кӣ оид ба ин масъала савол дорад? Марҳамат, сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Ман ба директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» савол дорам. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст. Дар робита ба ин чӣ тадбир амалӣ карда мешавад?

Хайрулло РАҲИМОВ: — Вобаста ба эълон шудани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мо тасмим гирифтем аз кӯҳнавардоне, ки ба ҷумҳурӣ меоянд, барои лавозимоти сайёҳиашон, ки дар бағоҷ доранд, маблағ нагирем. Ҳамчунин, барои гурӯҳҳои сайёҳие, ки ба ҷумҳурӣ меоянд, нархи чипта аз 5 то 10 фоиз арзон хоҳад шуд.

РАИС: — Боз кӣ савол дорад?

Марҳамат, сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Шояд он чизе, ки мехоҳам гӯям, савол не, балки андешаи инҷониб бошад. Мо аз вазъи моддӣ ва молиявии «Тоҷик Эйр» бохабарем ва иқдоме, ки имрӯз амалӣ карда мешавад, барои дастгирии он равона мегардад. ҳамзамон, омилҳое низ ҳастанд, ки сатҳи хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоиро паст мебаранд. Масалан, дар нуҳ моҳи соли гузашта нисбат ба соли 2016 ҳолатҳои боз­дошти парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон қариб 29 фоиз афзудааст ва аз он ҷумла, қариб 19 фоизи он бо сабабҳои субъективӣ алоқаманд мебошад. Ман ин ҷо иваз кардани ҳавопаймоҳо, ҳайати сарнишинон, бақайдгирии иловагӣ ва чанд омили дигарро дар назар дорам, ки ҳама ба беҳбуд бахшидани хизматрасонӣ мусоидат карда наметавонад.

Мо қаблан дар бораи нархи чиптаҳо низ гуфта будем. Ҳамин ки ҳаво сард шуд, нархи чипта якбора меафзояд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки он сабабҳои объективӣ дорад ё не? Зимни муҳокимаи парламентӣ дар ин хусус зиёд гуфта будем, аз ҷумла оид ба роҳандозӣ кардани хатсайри доимии Душанбе -Хуҷанд -Душанбе. Дар бораи сатҳ ва сифати хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ низ андешаҳои ҷолиб иброз шуда буд, ки дар ин самт анҷоми кори зиёдро тақозо менамояд.

РАИС: - Вакилони муҳтарам! Оид ба масъалаи беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ дар роҳи оҳан низ зиёд гуфтаву шунидаем. «Шунидан кай бувад монанди дидан», — мегӯянд дар урфият. Ман пешниҳод мекунам, ки шояд қобили дастгирӣ бошад. Ду нафар вакили Маҷлиси намояндагон бе муаррифии статуси худ аз тариқи роҳи оҳан ба Москва рафта, баргарданд ва баъд таассуроту мулоҳизаҳояшонро иброз намоянд. Бубинем, ки манзараи умумии сафар аз рӯзи аввал то ба охир чӣ гуна хоҳад буд ва мо ба хулоса омада, ба роҳбарияти соҳа тавсияву дархости хешро пешниҳод намоем.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ҷиҳати рушди ин ду соҳаи муҳим аҳамияти калон дорад ва ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур дастгирии иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндус­тон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон «Оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад» 18 марти соли 2009 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Мақсад аз пешниҳод намудани он ворид намудани тағйирот ба боби 2 моддаи 26 (табодули иттилоот)-и созишномаи зикршуда мебошад.

Тағйироти мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон пешниҳод гардидааст, ба муқаррароти модели Конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя (OECD), ки дар таҳрири нав соли 2012 нашр шудааст, мутобиқат мекунад. Қабули протоколи мазкур имкон медиҳад, маҳдудияти табодули иттилоот байни тарафҳо аз байн бардошта шавад ва ба мақомоти давлатию қонунбарори ҷонибҳо маълу­моти заруриро доир ба расмиёти андозбандӣ, аз ҷумла андозбандии резидентони давлатҳои аҳдкунанда, бемамоният дастрас намоянд.

Ҳамчунин, тибқи ёддошти Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ҷониби Ҳиндустон расмиёти дохилидавлатиро нисбат ба Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки 17 декабри соли 2016 дар шаҳри Деҳлӣ ба имзо расид, ба анҷом расонидааст.

Бинобар ин, вакилони муҳтарам, аз шумо хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ РАҶАБОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки 17 декабри соли 2016 дар шаҳри Деҳлӣ ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тасдиқи протоколи мазкур ба мукаммалгардонӣ ва рушди мубодилаи ахбор байни мақомоти андози давлатҳо барои аз байн бурдани саркашӣ аз супоридани андозҳо имконият медиҳад. Мутобиқи тағйи­роте, ки ба боби 2 (моддаи 26)- и созишнома ворид карда мешавад, тарафҳои аҳдкунанда метавонанд маълумоти қабулгардидаро тибқи дархости мақомоти дахлдор ба онҳо пешниҳод намоянд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда протоколи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки протоколи мазкурро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад» ба овоз монда шуд ва қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Kryso Resources limited» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» оид ба истироҷи кони «Пакрут» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.

 ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Kryso Resources limited» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» оид ба истихроҷи кони «Пакрут», ки бо Қарори Ҳукумати кишвар аз 25 феврали соли 2017 №88 маъқул дониста шудааст, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба имзо расидааст.

Тибқи созишномаи мазкур, бо мақсади сохтмони иншоот ва истифодабарии кони маъдан, ба роҳ мондани фаъолияти босамари фабрикаи бойгардонӣ, яъне дар марҳилаи якум коркарди маъдан бо иқтидори 660 ҳазор тонна дар як сол ва дар марҳилаи дуюм низ 660 ҳазор тонна дар як сол, инчунин беҳтарсозии инфрасохтори роҳ, иншооти муҳандисӣ ва дигар корҳои вобаста ба лоиҳа сармоягузорӣ ба сомон расонида мешавад. Дар маҷмӯъ, барои татбиқи созишномаи мазкур ва коркарди кони «Пакрут» ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми 150 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд қайд намуд, ки соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон корхонаи металҳои ранга ва фабрикаи ғанигардонии маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳоло дар корхона 600 нафар фаъолият доранд, ки аз ин шумора 480 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 120 нафар аз Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд. Дар назар аст, ки ҳангоми пурра ба фаъолият пардохтани корхонаҳои саноатӣ дар онҳо 2 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ ва музди меҳнати хуб таъмин мешаванд.

Аз ҷониби Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Пакрут» солҳои 2006 — 2017 ба Буҷети давлатӣ 230 млн. сомонӣ маблағҳои андозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ супорида шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки дар натиҷаи офати табиии рухдода (моҳи феврали соли 2017) баъзе аз иншооти фабрикаи бойгардонӣ, шахтаҳо, хатҳои интиқоли барқ ва инфрасохтори роҳҳо осеб дидааст. Айни замон аз тарафи ширкат корҳои барқароркунӣ идома дорад. Фаъо­лияти истеҳсолии ширкат нимаи дуюми соли 2018 оғоз хоҳад гардид. Муҳлати амали созишномаи мазкур 10 солро дар бар гирифта, тат­биқи он ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, воридоти техника ва технологияи нав, бунёди инфрасохтори замонавӣ, рушди истеҳсолот ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, воридоти маблағҳои иловагӣ ба Буҷети ҷумҳурӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

 ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Kryso Resources Limited» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» оид ба истихроҷи кони «Пакрут» 10 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи созишнома, Ширкати «Kryso Resources Limited» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пак­рут» сохтмон ва истифодабарии кони маъдан, ба роҳ мондани фаъо­лияти босамари фабрикаи бойгардонӣ, беҳтарсозии инфрасохтори роҳ, иншооти муҳандисӣ ва дигар корҳои вобаста ба лоиҳаи сармоягузориро ба сомон расонида, ҷиҳати амалигардонии корҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо менамоянд.

Корҳои вобаста ба истифодаи кони «Пакрут» соли 2012 оғоз гардида буд. Дар ин давра сохтмони 53 километр роҳ, 73 километр хати баландшиддати интиқоли барқ — 110 кВт, таъмири панҷ пули куҳна ва сохтмони ду пули нав дар шаҳри Ваҳдат ба анҷом расонида шудааст.

Соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи металлҳои ранга ва Фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶДММ «Пакрут» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳангоми фаъолияти пурраи корхонаҳои мазкур имкон аст, ки наздик ба ду ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шаванд.

Аз ҷониби ҶДММ «Пакрут» барои пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 180 млн. доллари амрикоӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст. Тибқи нақша, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба ҷамъият 256 млн. доллари амрикоиро дар бар хоҳад гирифт. Муҳлати амали созишномаи мазкур 10 солро фаро мегирад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро дастгирӣ намуда, ҷиҳати тасдиқи он овоз диҳед.

РАИС: — Дар баррасии ­масъала директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» ҷаноби Ли Ю бо тарҷумонашон ҳузур доранд. Ҳоло сухан ба ҷаноби Ли Ю дода мешавад. Марҳамат.

Ли Ю: — Муҳтарам Раис ва вакилону ҳозирини гиромӣ! Чунонки медонед, корхонаи металлҳои ранга ва фабрикаи ғанигардонии маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» соли 2016 ба фаъолият шурӯъ кард. Аз миқдори умумии кормандон 80 фоизро шаҳрвандони Тоҷикистон ва 20 фоизро шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой ташкил менамоянд.

Иҷозатномаи фаъолият то соли 2030 гирифта шудааст. Имсол мо аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 50 миллион доллар қарз гирифтем ва тибқи нақша моҳи июли соли ҷорӣ ба истеҳсоли тилло шурӯъ менамоем. Дар назар аст, ки то охири сол 207 килограмм тилло истеҳсол гардад. Дар сурати пурра мавриди амал қарор гирифтани корхона истеҳсоли солонаи тилло ба 1- 1,5 тонна мерасад.

РАИС: — Кӣ ба ҷаноби Ли Ю савол дорад? Марҳамат, Абдуҳалим Ғаффоров!

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ. — Фоидаи аз кор бадастомада чӣ гуна тақсим мешавад?

РАИС: — Ба фикри ман, бо дарназардошти он ки ҶДММ «Пакрут» тамоми хароҷот ва маблағгузориро ба зимма мегирад, танҳо маблағи андозҳо ба буҷет дохил мешавад.

Ли Ю: - Мо тамоми намуди андоз­ҳои мутааллиқро пардохт мекунем. Илова бар ин, солҳои минбаъда зиёда аз 1000 нафар шаҳрванди тоҷикро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳем кард.

Инчунин, як қатор иншооти ­таъиноти иҷтимоӣ аз ҷониби мо бунёд карда хоҳад шуд.

РАИС: - Маҳсулоти тайёрро ширкат ба куҷо месупорад?

 ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:

- Муҳтарам Раис! Тибқи созишномаи бадастомада, ҶДММ «Пакрут» ҳама намуди андозро, аз қабили андози иҷтимоӣ, андоз аз фоида ва ғайраро пардохт ва бо ташаббус якчанд иншооти иҷтимоӣ бунёд мекунад.

Маҳсулоти тайёр, яъне тиллои холиси истеҳсолшударо Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ харидорӣ менамоянд.

РАИС: — Муҳтарам ҷаноби Ли Ю! Шумо ҳамчун сармоягузор дар бораи кишвари мо чӣ ақида доред?

Ли Ю: — Таассуроти ман мусбат аст. Моро дар Тоҷикистон хуш пазируфтанд ва мусоидату кумакашонро дареғ надоштанд. Дар муҳлати муқарраршуда муроҷиати мо баррасӣ гардид ва санаду ҳуҷҷатҳои заруриро ба ихтиёрамон гузоштанд.

Ман аз чунин муносибати самимӣ хушнуд ҳастам ва сармоягузорони дигарро низ барои гузоштани сармоя дар Тоҷикистон ташвиқ хоҳам кард.

РАИС: — Муҳтарам Ҳамрализода! Хоҳиш менамоям, дар хусуси созишномаи сармоягузории мазкур ба ман маълумотномаи муфассал пешниҳод намоед.

Боз кӣ савол дорад? Марҳамат, сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон: — Муҳтарам Раис!

Бо дарназардошти он ки баъди анҷоми созишнома истифодаи кони мазкур пурра ба ихтиёри ҷумҳурӣ мегузарад ва тӯли ин муддат дар иншоот беш аз 1000 нафар шаҳрванди кишвар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд, созишнома қобили дастгирӣ аст. Илова бар ин, ҶДММ «Пакрут» дар ҷараёни фаъолияти истеҳсолӣ ҳар сол ба андозаи беш аз 40 фоизи ҳаҷми умумии маблағи бадастовардааш андоз месупорад, ки маблағи хеле зиёд аст. Пешниҳод менамоям, ки созишномаи мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Kryso Resources limited» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» оид ба истих­роҷи кони «Пакрут» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикист­он «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад.

 МИРЗОЗОДА Мавлудахон Зайнӣ:

- Муҳтарам Раис! Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқова, Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода ва Шарофиддин Сироҷов таҳия ва пешниҳод гардидааст. Лоиҳа бо мақсади мутобиқ намудани меъё­рҳои қонуни конститутсионии мазкур ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда аз 7 қисм иборат мебошад, ки тибқи онҳо ба 36 моддаи қонуни конститутсионии амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд. Аз ҷумла, дар қисми 2 моддаи 16 ва қисми 2 моддаи 18 баъд аз калимаҳои «Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» калимаи «судяҳои» илова карда мешавад. Дар қисми 8 моддаи 19 баъд аз калимаҳои «Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» калимаи «судяи» ва пеш аз калимаҳои «вилоят» ва шаҳри Душанбе» калимаҳои «судҳои иқтисодии» илова мегардад.

Сархатҳои шашум, дувоздаҳум ва понздаҳуми қисми 1 моддаи 53 дар таҳрири нав ифода карда мешаванд.

Мутобиқи қисми 2 моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», суде, ки санади судиро баровардааст, иҷрои онро назорат мекунад. Аммо дар моддаҳои дигари қонуни конститутсионии мазкур, ба ҷойи калимаи «назорат» калимаи «таъмин» истифода гардидааст. Аз ин рӯ, бо мақсади бартараф намудани чунин ҳолат ва рафъи гуногунфаҳмӣ моддаҳои 32, 33, 34, 35, 36, 38, 39, 40, 41, 42, 54, 55, 56, 63, 64, 65, 71, 76, 77, 78, 79, 82, 83, 84, 85, 87, 88, 89 ва 90-уми қонун таҳрир карда мешаванд.

Илова намудани сархати сеюм ба қисми 1 моддаи 56 меъёри мазкурро пурра гардонида, ба судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳият медиҳад, ки эътироз ва шикояти назоратиро бо парвандаҳо мутобиқи қонунгузории мамлакат баррасӣ намояд.

Сархати панҷуми моддаи 88 дар таҳрири нав муқаррар менамояд, ки раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе барои дастҷамъона баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ ҳайати суд ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро муайян намоянд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 28 июни соли 2017, № 1302 барои баррасӣ ва ­ҷамъбасти хулосаҳо ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон супорида шуд. Оид ба лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба кумитаи масъул ворид гардиданд, ки дар маҷмӯъ онро дастгирӣ намудаанд. Ҳамчунин, баҳри мукаммал гардонидани лоиҳа 12 пешниҳод манзур гардид, ки ҳамаи он қобили қабул дониста шуданд.

Кумитаи масъул 30 ноябри соли 2017 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро баррасӣ намуд ва субъектони номбурда онро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагӣ талаб намекунад.

Хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон Тоҳир дода мешавад.

 АМИНЗОДА Зокирҷон Тоҳир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 32, сархати якуми моддаи 33, сархати якуми моддаи 34, сархати якуми моддаи 35, сархати якуми моддаи 36, сархати дуюми моддаи 38, сархати дуюми қисми 2 моддаи 39, сархати якуми моддаи 40, сархати якуми моддаи 41, сархати якуми қисми 1 моддаи 42, сархати якуми моддаи 54, сархати якуми моддаи 55, сархати якуми қисми 1 моддаи 56, сархати сеюми қисми 1 моддаи 63, сархати якуми моддаи 64, сархати якуми қисми 1 моддаи 65, сархати якуми қисми 1 моддаи 71, сархати якуми моддаи 76, сархати чоруми қисми 1 моддаи 77, сархати якуми моддаи 78, сархати якуми қисми 1 моддаи 79, қисми 1 моддаи 82, сархати дуюми қисми 1 моддаи 83, сархати якуми моддаи 84, сархати якуми қисми 1 моддаи 85, сархати якуми қисми 1 моддаи 87, сархати сеюми қисми 1 модаи 88, сархати якуми моддаи 89 ва сархати якуми қисми 1 моддаи 90 калимаи «таъмин» ба калимаи «назорат» иваз карда шавад.

Иваз намудани калимаи «таъмин» ба калимаи «назорат» меъёрҳои мазкурро ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ месозад.

Ҳамчунин, дар лоиҳаи қонун пешбинӣ гардидааст, ки сархатҳои шашум, дувоздаҳум ва понздаҳуми қисми 1 моддаи 53 дар таҳрири зерин ифода карда мешаванд:

«- ҷадвали воҳиди кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, Низомномаи Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур­амали мансабии Раёсат, ­шуъба ва бахшҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамали коргузории судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро тасдиқ мекунад, кормандони Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

- нисбати судҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суд­ҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, муовинони онҳо ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо асосҳои дар қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомӣ оғоз менамояд;

- барои дар марҳилаи якум дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастҷамъӣ баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ ҳайати судӣ ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро муайян мекунад;»

Дар таҳрири нав ифода кардани сархатҳои шашум, дувоздаҳум ва понздаҳуми моддаи 53 қонуни конс­титутсионӣ бо мақсади мушаххас гардонидани салоҳияти раиси Суди Олии иқтисодӣ пешбинӣ гардидааст. Тибқи он ба раиси Суди Олии иқтисодӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки барои дар марҳилаи якум баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ ҳайати судӣ ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро муайян намояд.

Ғайр аз ин, дар лоиҳаи қонуни конститутсионӣ зикр гардидааст, ки ба қисми 1 моддаи 56 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «-эътироз ва шикояти назоратиро баррасӣ менамояд;». Қисми 4 моддаи 86 хориҷ карда шавад. Сархати панҷуми қисми 1 моддаи 88 хориҷ карда шавад. Сархати панҷуми қисми 1 моддаи 88 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- барои дастҷамъона баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ ҳайати судӣ ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро муайян мекунад;».

Қайд кардан бамаврид аст, ки барои пурра дар амал татбиқ намудани меъёри конститутсионӣ, таъмини саривақтии фаъолияти ҳокимияти судӣ ва нақшаи идоракунии сохторҳои ин ҳокимияти давлатӣ қабул намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида саривақтӣ ва мувофиқи мақсад мебошад.

Бо асосҳои зикргардида аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонуни конститутсионӣ қабул гардид. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Ҳамрализода Ф. М. аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Ҳамрализода Ф. М. аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома — «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Муминов Қ. Ҳ. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем.

Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Муминов Қ. Ҳ. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ­ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ