Яке аз муҳимтарин санадҳое, ки ҳар сол ба тарзи фарогир дастовардҳои миллиро дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илм, фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти кишвар таҳлилу баррасӣ карда, нақшаҳои соли минбаъда ва дурнамои рушди ҷомеаро муайян месозад, Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми имсоларо бо ёдоварӣ аз шароити вазнин ва мураккаби мамолики ҷаҳон, ки дар натиҷаи пандемияи Covid – 19 ба вуҷуд омад, оғоз бахшиданд. Аз ҷумла, таъкид сохтанд: «Бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад». Бо вуҷуди ин, сохторҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тавонистанд, дар баробари вазъи буҳронии баамаломада, тавозуни дохилии кишварро муътадил нигоҳ дошта, заминаи минбаъдаи тараққиёти онро тарҳрезӣ кунанд.
Инчунин, ба ҷанбаҳои гуногуни масъалаи сиёсати хориҷӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Мусаллам аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мамлакат дар масъалаи сиёсати хориҷӣ «Сиёсати дарҳои боз»-ро пеш гирифта, бо кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ равобитро ба роҳ мондааст. Қобили зикр аст, ки дар ҳама навъи равобит бо кишварҳо ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ манфиатҳои миллӣ дар авлавият қарор мегиранд. Ҳамин аст, ки дар ҳама гуна ҳамкориву ҳамгироӣ дар сатҳи гуногун ҳамеша Пешвои миллат таъкид месозанд, ки бояд манофеи миллӣ дар назар дошта шавад. Зимни таҳлилу баррасии сиёсати хориҷии кишвар Пешвои миллат дар Паёмашон зикр намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Ҳамчунин, Пешвои миллат равобиту ҳамкориро бо кишварҳои шарики стратегӣ оғоз намуда, таъкид карданд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хоса доранд, дар оянда низ густариш дода хоҳанд шуд. Масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушд, аз қабили Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мутобиқ бо ҳадафҳои дарозмуддати стратегӣ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, уқёнуси Ором, Африқову Амрико низ ба роҳ монда, рушду тавсеа хоҳем бахшид.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 ислоҳоти низоми рафтуомади шаҳрвандони хориҷиро идома дода, ҳоло барои шаҳрвандони 112 кишвар тартиби содаи таҳия ва ба расмият даровардани раводидро муқаррар кардааст. Воқеан, чунин низом барои боз ҳам бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ имкон фароҳам менамояд ва ба ин васила, рушди соҳаи сайёҳӣ, ки тайи чанд соли ахир ба ҳайси як самти афзалиятноки иқтисодӣ пазируфта шудааст, тақвият хоҳад ёфт.
Дар баробари ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷии наздику дур, бахши дигари муҳими сиёсати хориҷиро робитаву ҳамкорӣ ба созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ташкил медиҳад. Пешвои миллат дар ин замина чунин таъкид намуданд: «Мо ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ идома ва густариш медиҳем».
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ — Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дорад. Имсол аз таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бист сол сипарӣ мегардад ва Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони он аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтанаш дар пешрафту такомули он саҳми босазо гузошта истодааст. Воқеан, СҲШ дар муддати бист сол тавонист ба як созмони бонуфузи минтақавӣ табдил ёбад ва кишварҳои зиёдро ба худ ҷалб созад. Аз тарафи дигар дар ҳалли масоили иқтисодиву сиёсии кишварҳои минтақа таъсиргузор бошад. Тоҷикистон дар ин созмон ба ҳайси як шарики фаъол ва узви комилҳуқуқ буда, борҳо раёсатро бар дӯш доштааст.
Сарвари давлат дар мавриди муваффақиятҳои сиёсати хориҷӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ баён доштанд, ки Тоҷикистон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷӣ тавонист, ки дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ низ саҳм гузорад. Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст. Ин ишораи Пешвои миллат ба ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар самти масоили об ва экологӣ аст, ки аз тарафи созмонҳои ҷаҳонӣ пазируфта шуда, чандин нишасту конфронс ва ҳамоишҳо дар ин замина баргузор гардидаанд. Айни ҳол низ пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар мавриди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҳоли татбиқ қарор дорад. Дар ин самт таъкиди Сарвари давлат ҷиҳати идомаи муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвар дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои расидан ба онҳо минбаъд низ устуворона кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.
Дар бахши таҳдидҳои минтақавию байналмилалӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад. «Аз ин рӯ, мо минбаъд низ бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар шарикони худ, ҳамкории зичу судмандро дар соҳаи амният идома хоҳем дод».
Бояд гуфт, ки таҳлили равандҳои муосири сиёсӣ имкон фароҳам меорад, ки ҷомеа ва давлат аз хатарҳои минтақавӣ ва глобалӣ эмин бошанд. Аммо мушкил ин ҷост, ки зуҳуроти номатлуб ва ғайриинсоние, монанди бунёдгароӣ (фундаментализм), ифротгароӣ (экстремизм), тундгароӣ (радикализм) ва даҳшатафканӣ (терроризм), фазои фарҳангӣ ва маънавии мамолики Шарқи мусулмониро фаро гирифтааст. Сухан сари он аст, ки фарҳангҳои миллию бумӣ дар ҷараёни ташаннуҷи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ таҳти хатари азим гирифтор шуда, дар садади нобудӣ қарор мегиранд. Бо ишора ба ин нукта Пешвои миллат изҳор намуданд: «Мо итминон дорем, ки ба суботу амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳе расид, ки аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва мардуми он идора, назорат ва пеш бурда мешавад».
Метавон хулоса намуд, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паём масъалаи манофеи миллиро ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида, дар ин замина, таъкид доштанд, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳама саъю талошро баҳри ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ расонидани ҷумҳурӣ анҷом медиҳад ва дар ин кор саҳми мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр бузург хоҳад буд. Ишораи муҳими Сарвари давлат, мабнӣ бар он ки аъзои Ҳукумат ва раҳбарияти муассисаҳои давлатӣ хидматгори халқанд, миёни вакилони халқ, ҳозирини маҷлис ҳамовозии амиқ пайдо кард.
Дар умум, Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ба рушди Тоҷикистони азиз мусоидат карда, татбиқи он метавонад ҷумҳуриро дар минтақа ва ҷаҳон ба давлати пешрафта табдил диҳад.