Консепсияи рушди устувор модели асосӣ ва вектори (ориентири) аслӣ барои рушди ҷаҳони глобалӣ дар асри ХХI эътироф гардидааст.
Афзалиятҳо ва ҳадафҳои он дар муҳимтарин ҳуҷҷатҳои консептуалии СММ ва дигар созмонҳои умумиҷаҳонӣ, ки дар даҳсолаи охир қабул шудаанд, хеле васеъ, ҳамаҷониба ва амиқ инъикос ёфтаанд. Дар байни онҳо Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)-и СММ барои солҳои 2016-2030, ки дар «Рӯзнома дар соҳаи рушди устувор барои давраи то соли 2030» таҳия ва пешниҳод гардидаанд, аз ҳама бештар муҳим мебошад. Дар он на танҳо асосҳои консептуалии рушди устувор инъикос ёфтаанд, инчунин, афзалиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии рушди минтақаҳо ва умуман, ҷаҳон, ҳамаҷониба ҳамгироии хеле муносиб ва ҷаззоб пайдо намудаанд. Дар айни ҳол Ҳадафҳои рушди устувори СММ характери умумиинсонӣ дошта, барои татбиқи амалӣ дар кишварҳои олам таъин шудаанд.
Раванди гузариш ба модели рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон, ба таври расмӣ соли 1995 оғоз гардид. Маҳз дар ҳамон сол кишварҳои минтақа якдилона принсипҳои асосии рушди устуворро ҳамчун пояи сиёсат эълон ва эътироф намуданд.
Пурзӯршавии тамоили афзоиши норасоӣ ва харобшавии бемайлону бемислу монанди сарватҳо ва экосистемаҳои табиӣ дар шароити афзоиши суръатноки болоравии иқтисодӣ, шумораи аҳолии ҷаҳон, саноатикунонии иқтисодиёт, дурнамои баитмомрасии имконпазири аксарияти сарватҳои минералии табиӣ, таҳлукаи афзояндаи ҷомеа нисбат ба тақдири инсоният дар сайёра ҳамчун сабабҳои асосӣ барои аз ҷониби теъдоди зиёди олимон ва мутахассисон ва умуман, аҳолии ҷаҳон, дарк кардани зарурати ногузири гузариш ба модели рушди устувор, ҷустуҷӯи роҳҳои оқилонаю самараноки мусоидат ба ин модели рушд дар ин самт дониста шудаанд.
Шарти муҳимтарини гузариши Тоҷикистон ба рушди устувор, пеш аз ҳама, мавҷудияти экосистемаҳои табиии нигоҳдошташудаи кишвар ва сарватҳои табиии ҳанӯз пурра истифоданашуда ва ё камистифодашуда мебошад. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги намудҳои гуногуни канданиҳои фоиданок ва обҳои нӯшокӣ, неруи тавонои гидроэнергетикӣ, шароити ниҳоят мусоид барои парвариши маҳсулоти озуқавории аз лиҳози экологӣ тозаю беолоиш, инчунин, имкониятҳои воқеӣ барои рушди фаъолона ва ҳамаҷонибаи сайёҳӣ, аз ҷумла, сайёҳии экологӣ, рекреатсионӣ ва ғайра мебошад. Аз рӯи нишондиҳандаҳои мутлақи захираҳои неруи гидроэнергетикӣ кишвар дар миқёси ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд.
Дар Тоҷикистон соли 1998 Комиссияи миллӣ оид ба рушди устувор (КМРУ) бо мақсади идоракунӣ ва оқилона гардонидани раванди қабули қарорҳо дар соҳаи рушди устувор бо роҳи танзими фаъолияти вазорату муассисаҳое, ки дар рафти таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳо оид ба рушди устувори мамлакат ва ҳамкориҳо бо ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар иҷрои барномаҳо оид ба ҳалли масоили рушди устувор ширкат меварзанд, таъсис дода шуд.
Соли 2000 Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ фаъолона ба татбиқи чорабиниҳо оид ба расидан ба нишондодҳои Консепсияи рушди устувор оғоз намуд ва вазифадор шуд, ки уҳдарориҳо оид ба «Рӯзномаи асри XXI», (Рио-де-Жанейро, соли 1992), Ҳадафҳои рушди ҳазорсола (ҲРҲ), ки дар Саммити ҳазорсолаи СММ (Ню-Йорк, соли 2000) қабул шуданд, Декларатсияи Йоханнесбург оид ба муҳити атроф ва рушд (Рио+10) (Йоханнесбург, соли 2002), Саммити умумиҷаҳонӣ оид ба рушди устуворро (Рио+20) (Рио-де-Жанейро, соли 2012) мавриди иҷро қарор диҳад. Дар доираи ин кӯшишҳо паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд.
Барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2007 таҳти № 500 «Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор» қабул гардид. Тибқи он, рушди устувор дар Тоҷикистон ҳамчун зернизоми Консепсияи рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ ва эътироф шуд. Дар радифи ин раванд ҳадафҳои миллӣ ба сифати татбиқи мақсад ва вазифаҳое баромад намуданд, ки дар аксар эъломия ва созишномаҳои байналмилалӣ дарҷ гардидаанд.
Ҳадафи стратегии гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор дар таъмини рушди муътадили иҷтимоӣ-иқтисодӣ зимни истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ ва нигоҳдории муҳити атрофи мусоид ба хотири қонеъ гардонидани талаботи наслҳои имрӯза ва ояндаи аҳолии кишвар, расидан ба сатҳи сифатан нави зиндагии мардум ва ҳолати экосистемаҳо ифода меёбад.
Вазифаҳои асосии «Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор» инҳо мебошанд:
- коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва ноил шудан ба амнияти иҷтимоӣ;
- таъмини амнияти энергетикӣ;
- таъмини амнияти озуқаворӣ;
- таъмини устувории экологӣ;
- расидан ба идоракунии самаранок ва иттилоотнокии аҳолӣ оид ба мушкилоти ҳифзи муҳити атроф;
- беҳдошти минтақаҳои наздишаҳрӣ;
- ислоҳот дар соҳаи қонунгузорӣ;
- риояи конвенсияҳои экологӣ ва иҷрои уҳдадориҳои кишвар ва ғайра.
Дар асоси «Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор» ва стратегияҳои миёнамуҳлат барои таъмини устувори экологии мамлакат нишондиҳандаҳои зерин муайян карда шудаанд:
- майдони заминҳое, ки бо ҷангал пӯшида шудаанд;
- васеъшавии майдони мавзеъҳои махсус ҳифзшаванда;
- харобшавии (деградатсияи) заминҳо;
- ифлосшавии ҳавои атмосфера;
- ифлосшавии заминҳо бо партовҳо (сохтмон ва эҳёсозии полигонҳо ва партовгоҳҳо);
- ифлосшавии захираҳои об ва ғайра.
Мувофиқи Консепсия, раванди гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор се давраро дар бар гирифт. Давраи аввал (солҳои 2007-2009) татбиқи ҳадафҳои асосии зеринро дар назар дошт:
- таъмини афзоиши босуботи сатҳи зиндагии мардум;
- беҳдошти сатҳи иттилоотнокии аҳолӣ оид ба мушкилоти рӯзмарраи ҳифзи муҳити атроф;
- беҳдошти минтақаҳои наздишаҳрӣ;
- ислоҳот дар соҳаи қонунгузорӣ;
- риояи конвенсияҳои экологӣ ва иҷрои уҳдадориҳои кишвар ва ғайра.
Дар тӯли татбиқи давраи дуюм (солҳои 2010-2012) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар солҳои 2010-2012» қабул гардид. Дар ҳуҷҷати мазкур диққати асосӣ ба масоили татбиқи амалии фишангҳо оид ба мутобиқшавӣ ба тағийрёбии иқлим, харобшавии заминҳо, ифлосшавии ҳаво, пешгирии ба кишвар ворид кардани мол ва технологияҳои хатарнок нигаронида шуд.
Давраи сеюм (солҳои 2013-2015) татбиқи чорабиниҳо оид ба эҳёгардонии иқтисодиёт ва муътадилгардонии онро ҳамчун шарти зарурӣ ва муҳими таъмини гузариши мамлакат ба рушди устувор дар бар гирифт. Дар ин зина ба оғози раванди ташаккулёбии низоми иқтисодии ба самти экологӣ нигаронидашуда ва ҳамгироии принсипҳои рушди устувор дар ҳама соҳаи рушди ҷомеа ва мамлакат асос гузошта шуд. Татбиқи давраи сеюм, дар баробари дигар амалҳо, ба таҳия ва татбиқи «Стратегияи миёнамуҳлати беҳдошти некуаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» алоқамандии зич дошт. Стратегияи мазкур ба амалӣ гардонидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муътадилгардонии экологӣ-иқтисодии фаъолияти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ташаккулёбии низоми экологӣ-иқтисодии беҳдошт ва танзими ҳифзи муҳити атроф асос ёфт. Вазифаи афзалиятнок ҳалли мушкилоти таъмини некуаҳволии экологии кишвар тавассути таъмини ҳифз ва истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ба андозаи ҷиддӣ истифоданашуда, инчунин, сохтмони объектҳои аз лиҳози экологӣ тоза, шаҳрсозӣ ва инфрасохтори зарурӣ ба ҳисоб мерафт. Консепсияи зикршуда татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба рушди устувори кишварро барои 15 соли оянда низ дар назар дорад.
Шарти муҳимтарини расидан ба нишондодҳои рушди устувор таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавии экологӣ-иқтисодӣ бо роҳи фаъолгардонии иштироки кишвар дар созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити атроф ва нигоҳдории экосистемаҳо мебошад. Тоҷикистон бо дарназардошти муҳимияти онҳо ба созишномаҳои экологии зерин имзо гузоштааст:
- Конвенсияи СММ оид ба гуногуншаклии биологӣ (1997);
- Конвенсияи СММ оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ (1997);
- Протоколи Монреал оид ба моддаҳои харобкунандаи қабати озонӣ (1998);
- Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озонӣ (1998);
- Конвенсияи чорчубагӣ оид ба тағийрёбии иқлим (1998);
- Иловагиҳои Лондонӣ ва Копенгагенӣ ба Протоколи Монреал оид ба моддаҳои харобкунадаи қабати озонӣ (1998);
- Ковенсияи Рамсар оид ба заминҳои обӣ-ботлоқӣ, ки аҳамияти байналмилалӣ доранд, алалхусус ба сифати макони зисти парандаҳои шинокунанда (2000);
- Конвенсия оид ба намудҳои ҳиҷраткунандаи ҳайвоноти ваҳшӣ (2000);
- Конвенсияи Орхус (2001);
- Конвенсияи оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити атроф аз лиҳози фаросарҳадӣ (байнисарҳадӣ) (ОВОС) (2004);
- Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандагони органикии устувор (2007) ва ғайра.
Ғайр аз ин, бо мақсади ҳамгироии иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва экологӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 ба Конвенсия оид ба муҳити атроф ва рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ имзо намуда, дар раванди таҳияи стратегияи субминтақавӣ оид ба рушди устувор пайваста ширкат меварзад.
Тоҷикистон, инчунин узви созмонҳои минтақавӣ ва субминтақавӣ, аз ҷумла, Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ, Комиссияи байнидавлатии координатсионии хоҷагии об (КБКХО, МКВК), Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал (МФСА) ва Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор (КБРУ, МКУР) мебошад. Ҳамчун узви Комиссияи рушди устувори СММ, соли 1995 эъломияҳои Иссиқкӯл ва Нуқусро ба имзо расонид, ки онҳо, пеш аз ҳама, ба таҳияи нақшаҳои минтақавии амалҳо оид ба рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд. Инчунин, иштирокчии доимии равандҳои «Муҳити атроф барои Аврупо» ва «Муҳити атроф ва рушди устувор барои Осиё» мебошад.
Дар рафти Конференсияи вазирон дар шаҳри Киев (Украина) Тоҷикистон ба чор давлати Осиёи Марказӣ дар муаррифии «Даъват ба ҳамкорӣ оид ба татбиқи Ташаббуси Осиёи Марказӣ оид ба рушди устувор» пайваст. Дар ҳуҷҷати мазкур аҳамияти муҳими геосиёсии Осиёи Марказӣ дар минтақаи Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ дар нигоҳдошт ва таҳкими амният, беҳдошти муҳити атрофи барои ҳаёт ва саломатӣ мусоид ва нигоҳдории гуногуншаклии биологии ландшафтӣ зикр карда шудааст. Пешниҳодҳо оид ба созишномаи минтақавӣ, инчунин дар шарҳи пешрафти Осиёи Марказӣ оид ба иҷрои «Рӯзномаи асри XXI» ва дар муроҷиати КБРУ (МКУР) дар Ҳамоиши умумиҷаҳонӣ дар сатҳи олӣ оид ба рушди устувор ворид карда шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми ҳамкориҳои минтақавӣ дар татбиқи «Нақшаи минтақавии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити атроф (НМАҲМА), ки таҳти сарпарастии КБРУ ва бо дастгирии Бонки осиёии Рушд, Барномаи ҳифзи муҳити зисти СММ (ЮНЕП) ва Барномаи рушди СММ (ПРООН) таҳия гардидааст ва «Стратегияи ҳамкориҳо оид ба мусоидат ба истифодабарии оқилона ва самараноки захираҳои обӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ», инчунин дар «Стратегияи экологӣ барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Миёна» (ВЕКЦА) низ фаъолона ширкат меварзад.
Зикр бояд кард, ки дар доираи татбиқи НМАҲМА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои панҷ афзалияти асосии экологӣ: ифлосшавии ҳаво, ифлосшавии об, харобшавии заминҳо, идоракунии партовҳо ва харобшавии (деградатсияи) экосистемаҳои кӯҳӣ нақши муҳим мебозад. Дар НМАҲМА чораҳои кӯтоҳмуддат (солҳои 2002-2007) ва ҳам чораҳои дарозмуҳлат (солҳои 2007-2012) дар доираи ҳар як мушкилот, инчунин оид ба масоили ҷалби ҷомеа муайян карда шуда буд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳо ва барномаҳои миллӣ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи гуногуншаклии биологӣ, оид ба мулоим кардани оқибатҳои тағийрёбии иқлим ва ғайра таҳия ва дар амал татбиқ шуда истодаанд. Баъдтар нақшаҳои таҳияшудаи амалҳо ба «Нақшаи миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити атрофи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (НМАҲМАҶТ, НПДООСРТ) ҳамгироӣ карда шуданд. Мақсади асосӣ муҳайё сохтани асос барои истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ, нигоҳдории экосистемаҳои бештар ҳассос ва арзишнок барои таъмини рушди мутаносиби экологӣ-иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.
Самти муҳимтарини расидан ба нишондодҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин зарурияти таъмини дастрасии умумӣ ба сарватҳои муосири энергетикӣ ва технологияҳо, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва васеъшавии миқёси истифодабарии сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия ба ҳисоб меравад. Ин ҳолат барои кишварҳои нисбатан камбизоат бо бартарияти марзҳои кӯҳӣ, ки аз инфрасохтори асосӣ дуранд ва мавзеъҳои кам азхудкардашуда хеле муҳим аст. Вобаста ба ин, ташаббуси Котиби генералии СММ «Энергетикаи устувор — барои ҳама» аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ карда шуд.
Тоҷикистон дорои неруи бузурги гидроэнергетикӣ буда, ояндаи рушди он аз бисёр ҷиҳат аз истифодабарии самаранок ва оқилонаи ин намуди энергия вобаста аст. Неруи гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон тахминан 527 млрд. кВт/соат дар як солро ташкил дода, ба 4% захираҳои ҷаҳонии сарватҳои гидроэнергетикӣ баробар аст. Ин нишондиҳанда аз талаботи муосири кишварҳои Осиёи Марказӣ ба энергияи барқ бештар аз се маротиба зиёдтар аст. Дар ин кишварҳо одатан неруи неругоҳҳои барқи олавӣ бештар истифода бурда мешавад. Дар айни ҳол тақрибан 3,2-3,5 фоиз аз ин неру аз худ карда шудаасту халос. Ҳиссаи гидроэнергетика дар тавозуни энергетикии Тоҷикистон тақрибан ба 98 фоиз баробар аст. Ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки дар сурати азхудкунии оқилона ва истифодабарии самаранок неруи содиротии Тоҷикистон дар солҳои наздик метавонад бамаротиб афзояд. Ин, дар навбати аввал, ба таври ҷиддӣ вазни қиёсии энергетикаи ангиштиро дар тавозуни минтақавии энергетикӣ коҳиш медиҳад ва дуюм, ба рушди «иқтисоди сабз» дар кишвар ва минтақа бештар мусоидат мекунад. Сеюм, таъсири ногуворро ба муҳити атроф коҳиш дода, ба болоравии сатҳи шуғли аҳолӣ тавассути таҳия ва васеъшавии миқёси соҳаҳои энергияталаби саноатӣ ва инфрасохторӣ оварда мерасонад.
Дар Тоҷикистон дар доираи барномаҳои миллии рушди гидроэнергетика ба сохтмони неругоҳҳои барқии хурду миёна, ки имконият медиҳанд дар навбати аввал ноҳияҳои кӯҳии кишвар бо неруи барқ таъмин карда шаванд, диққати хеле ҷиддӣ дода мешавад. Солҳои охир зиёда аз 280 неругоҳҳои хурду миёна сохта шуда, якчанд хати баландшиддати интиқоли барқ ба истифода дода шуда, шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат бунёд карда шуд. Дар айни ҳол, вазъияти бамиёномада диққати бештар ҷиддиро оид ба ҳалли масъалаи бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар тақозо мекунад.
Дар ҷодаи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) ва таъмини суръати баланди рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи захираҳои обӣ-ирригатсионӣ низ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Об дар шароити Осиёи Марказӣ на фақат унсури муҳимтарини сармояи табиӣ, инчунин омили ҳалкунандаи таъмини амнияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, экологӣ ва ҳатто сиёсӣ мебошад. Эҳтимолияти ба назари эътибор гирифтани ин омил ба таври ҷиддӣ ба муносибатҳои минтақавии ташаккулёбандаи байни ҳам судманди экологӣ-иқтисодӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Тоҷикистон кишвари асосии маҷроофари минтақаи Осиёи Марказӣ буда, ба ҳиссаи он бештар аз 60 фоизи ҳаҷми умумии захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал рост меояд. Хушкшавии баҳри Арал ва васеъшавии майдони биёбонҳо дар паҳнои Осиёи Марказӣ ҳамчун натиҷаи сиёсати ғайриоқилона ва камсамари истифодабарии захираҳои об зарурияти татбиқи сиёсати бештар оқилона ва байни ҳам судманди ҳамгироии обӣ — энергетикӣ ва ирригатсионӣ-мелиоративии мамолики минтақаро бо мақсади нигоҳдорӣ ва беҳдошти тавозуни минтақавии об тақозо менамояд. Дар назар бояд дошт, ки масоили истифодабарии самараноки захираҳои обӣ — энергетикии минтақа дар шароити ҳозира бояд тавассути призмаи мутобиқат ба тамоил ва оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим дар минтақа баррасӣ ва ҳал карда шавад.
Муҳимияти захираҳои об ва нигоҳдории онҳоро барои рушди минтақа ба назар гирифта, аз ҷониби Дабири кулли СММ тибқи пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 — Соли байналмилалии оби нӯшокӣ, солҳои 2005-2015 — Даҳсолаи байналмилалии амалҳо «Об-барои ҳаёт» эълон гардиданд. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ғояҳои ин ташаббусҳо августи соли 2003 дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза доир гардид. Инчунин, майи соли 2005 Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои фаросарҳадӣ (байнидавлатӣ) баргузор шуд.
Дар сатҳи минтақавӣ қабули Қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ дар бораи гузаронидани «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об — 2013», ки аз ҷониби Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шуд, аҳамияти хеле муҳим дошт. Тибқи ин қатънома 22 марти соли 2013 дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) Диалоги интерактивии сатҳи олии Ассамблеяи генералии СММ баргузор гардид, ки ба Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, 2013 бахшида шуд. Инчунин, августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи олӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид. Татбиқи чораҳои муайяншуда дар доираи ин ташаббус имконият доданд, ки раванди ягонаи якдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкорӣ дар ҳама сатҳ таъмин карда шавад.
Ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Консепсияи рушди устувор таъмини суръати муътадил ва баланди рушди иқтисодӣ мебошад, ки ба беҳдошти сатҳ ва сифати зиндагии мардуми кишвар нигаронида шудааст. Ин равия дар ҳуҷҷатҳои асосии кишвар оид ба рушд, аз ҷумла, дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015», стратегияҳои миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ, стратегияҳои рушди бахшҳои мувофиқи иқтисодиёт ва бахши иҷтимоӣ инъикос ёфтаанд. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки дар рафти 5 соли оянда суръати рушди иқтисодии кишварро дар сатҳи на камтар 6-7 фоиз бо истифодабарӣ аз захира ва имкониятҳои мавҷудбуда таъмин намояд. Ҳамаи ин имконият дод, ки барои таъмини рушди устувори минбаъдаи мамлакат пойдевори мустаҳкам бунёд карда шавад.
Дар иртибот ба ин, ҳадафҳои стратегии сиёсати давлатӣ инҳо эълон карда шуданд: расидан ба амнияти энергетикӣ, баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ. Ташаккулёбии модели рушди устувор дар Тоҷикистон, ҳамчунин, ба ҳалли масоили бунёди иқтисоди бозаргонии ба ҳалли масоили иҷтимоӣ нигаронидашуда, таҳкими хоҷагидории самаранок ва таъмини истифодабарии оқилонаю самараноки сарватҳои табиӣ ва бунёди ҷомеаи муосири шаҳрвандӣ ба таври ногусастанӣ алоқамандии зич дорад.
Соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Комиссияи СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2013-2016 дар сессияи эҳёшудаи ташкилии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ЭКОСОС) дар шаҳри Ню-Йорк пазируфта шуд, ки ба сифати комиссияи функсионалӣ 53 мамлакат-аъзоро дар бар гирифта, аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ декабри соли 1992 бо мақсади таъмини фаъолияти минбаъдаи самаранок аз рӯи натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба муҳити атроф ва рушд таъсис дода шудааст. Он барои таҳлили прогресси бадастовардашуда дар соҳаи татбиқи «Рӯзномаи асри XXI» ва «Эъломияи Рио-де-Жанейро оид ба муҳити атроф ва рушд», инчунин барои таъмини роҳбарияти сиёсӣ ба иттилоот оид ба масоили татбиқи амалҳои минбаъда дар доираи амалисозии «Нақшаи Йоханнесбургии иҷрои қарорҳо» (НЙИҚ) дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ масъул аст.
Дар «Рӯзномаи аср то соли 2030», ки аз ҷониби СММ соли 2015 қабул шуд, баробари афзалиятҳои меросии рушди устувор, ки дар Эъломияи ҳазорсола (Ҳадафҳои рушди ҳазорсола) тарҳрезӣ гардиданд (ба мисли маҳви қашшоқӣ, ҳифзи саломатӣ, таҳсилот, амнияти озуқаворӣ ва хӯрока), ҳадафҳои афзалиятноки характери иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологидошта низ ворид карда шуданд.
Дар ҳуҷҷати ҷамъбастии Конфронси СММ, ки асоси қабули «Рӯзномаи аср барои то соли 2030» гардид, зарурияти идомаи курс ба самти рушди устувор ва ноил гардидан ба параметрҳои дурнамои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ барои сайёра ва қитъаҳои он, барои наслҳои ҳозира ва оянда таъкид карда шудааст.
Дар Ҳадафҳои рушди устувор, ки 169 вазифаро дар бар мегирад, диққати асосӣ ба ҳавасмандгардонии фаъолият дар соҳаҳои фавқулода муҳим: инсонҳо, сайёра, пешрафт, сулҳ ва ҳамкориҳо нигаронида шудааст. Самти умумии стратегӣ майлу кӯшишҳо аз сӯи решакан кардани қашшоқӣ дар ҳама шакли он ва мубориза бо нобаробарӣ ба самти ҳалли мушкилоте, ки ба тағйирёбии иқлим ва таъмини дастрасӣ ба оби тоза алоқаманданд, ба ҳисоб меравад.
Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми декабри соли 2016 таҳти № 636 тасдиқ шудааст, ба ҳалли афзалиятноки мушкилоти зерини умумӣ ва рӯзмарраи рушди иқтисоди миллӣ бартарият дода шудааст:
- идоракунии ғайрисамараноки сарватҳои табиӣ, ки дар афзоиши табиатталабии истеҳсолот, ифлосшавии қисматҳои муҳити табиӣ ва сатҳи баланди талафоти ғайриистеҳсолиии маҳсулот, пеш аз ҳама, энергияи барқ зоҳир меёбад;
- тамоили афзоиши ҳаҷми андӯхташудаи партовҳои саноатӣ ва ифлосшавии захираҳои замину об дар навоҳии саноатӣ, таъсири ногувор ба муҳити атроф, ки аз ҷониби корхонаҳои саноати иктишофи кӯҳӣ идома меёбад;
- набудани баҳисобгирии дурнамои тағйиёбии иқлим дар давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат ва таъсири он ба рушди устувори мамлакат ва соҳаҳои иқтисодиёт дар оянда ва ғайра.
Дар раванди гузариши Тоҷикистон ба модели рушди устувор тибқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ қабул гардидани ташаббуси ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», 2018-2028» аҳамияти хеле бузург дорад. Он ба раванди такмили минбаъдаи низоми ҳамкориҳо, ҳамгироӣ ва тақвияти неруи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба хотири татбиқи бештари воқеии ғояҳои «Консепсияи рушди устувор то соли 2030» такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Дар радифи ин Қатънома конфронси байналмилалии сатҳи олӣ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028», ки 20 — 22-юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба ҷалби доираи васеи ҷонибҳои ҳавасманд, идтиҳодияҳо ва гурӯҳҳои асосии осебпазир барои ширкат дар раванди баррасии роҳҳою самтҳои ноил гардидан ба ҲРУ ва дигар ҳадафҳои марбут ба об, инчунин беҳдошти сатҳи бо иттилооти воқеӣ таъмин будани қишрҳои ҷомеа нигаронида шуд.
Дар назар мебояд дошт, ки ояндаи наздик саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими вариантҳои алтернативии истифодабарии неруи гидроэнергетикӣ, тақвияти миқёси «энергетикаи сабз», иҷрои чорабиниҳо дар самти мутобиқат ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, истифодабарии оқилонаю самараноки захираи обҳои фаросарҳадӣ дар шароити Осиёи Марказӣ хеле назаррас хоҳад афзуд. Иҷрои чорабиниҳои судманд ва ояндадор оид ба сохтмони неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ дар минтақаҳои кӯҳии кишвар на танҳо амнияти энергетикии кишварро таъмин месозанд, балки ба сарфаи ҳаҷми зиёди маводи сӯзанда барои рушди энергетикаи олавӣ мусоидат намуда, афзоиши содироти барқи обӣ ба кишварҳои минтақа ба раванди оқилона гардидани сохтори экологии бозори энергетикии минтақавӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Афзоиши ҳаҷми содироти барқи обӣ ба Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя тавассути татбиқи лоиҳаҳои минтақавии бунёди хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, аз як тараф, васеъшавии миқёси энергетикаи табиатталабу аз лиҳози экологӣ ифлосро маҳдуд сохта, аз ҷониби дигар, ба ҳифзи экосистемаҳои кӯҳии кишварҳои зикршуда ва беҳдошти ҳолати муҳити зист дар минтақа мусоидат менамояд.
Алҳол дар мамлакат ташаккулёбии низоми ченкунии рушди устувор давом дорад. Танзими умумии масъала бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳдаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Дар он Маркази ҷумҳуриявии координатсияи иҷрои Стратегияи рушди устувор фаъолият мекунад. Дар аксар вазорату муассисаҳо низ гурӯҳҳои корӣ оид ба координатсияи иҷрои стратегияи рушди устувор мунтазам фаъолият менамоянд.
Ҳаёт ОДИНАЕВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор