Соати парламентӣ

Тоҷикистон дар роҳи рушди «Энергияи сабз»

№61 (4481) 21.05.2022

DSC_5216Нуздаҳуми майи соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва намояндагони вазорату ниҳодҳои соҳавии кишвар дар мавзӯи «Тоҷикис­тон дар роҳи рушди энергияи сабз» соати парламентӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло дар мавзӯи «Энергияи сабз – омили асосии таъмини рушди устувор ва бехатарии муҳити зист» суханронӣ намуда, аз хавфу хатарҳои экологӣ ёдовар шуд. Аз ҷумла, гуфт, ки яке аз хатарҳои бузурги экологӣ зиёдшавии партоби газҳои гулхонаӣ (парникӣ) ва дар натиҷа, васеъшавии сӯрохии қабати озон, баландшавии ҳарорат дар кураи замин ва  обшавии босуръати пиряхҳо мебошад.

- Тунукшавии қабати озон дар атмосфера боиси зиёдшавии таъсири селаи нурҳои ултрабунафш ба сатҳи замин гашта, барои мавҷудоти зинда хатар эҷод мекунад. — Кам шудани миқдори озон метавонад боиси зиёдшавии бемории саратони пӯст ва заиф шудани  масуният (иммунитет)-и одамон гардад. Илова бар ин, зиёдшавии афканиши нурҳои ултрабунафш ба камшавии ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, вайроншавии тавозуни глобалии дуоксиди карбон ва оксиген оварда мерасонад, — афзуд вакил.

Ба гуфти ӯ, яке аз манбаъҳои бузурги зиёдшавии ихроҷи газҳои гулхонаӣ фаъолияти неругоҳҳои ҳароратӣ ба шумор меравад. Ҳоло, беш аз 60 дарсади истеҳсоли неруи барқ дар ҷаҳон ба чунин неругоҳҳо рост меояд. Дар натиҷаи фаъолияти онҳо соле ба фазо миқдори зиёди чангу ғубору хокистар ва пайвастагиҳои карбону нитроген, сулфур, ваннадий, калтсий, натрий ва ғайра партоб мешавад.

Аз рӯи маълумоти мутахассисон, газҳои парникии дар натиҷаи сӯхтани ангиштсангу мазут ва газ ихроҷшуда гармиро дар атмосфера нигоҳ дошта, сабабгори тағйирёбии иқлим мегарданд.

Қариб 46 дарсади ангидриди сулфур ва 25 дарсади чанги ангишти ба фазо ихроҷшуда ба неругоҳҳои ҳароратӣ рост меояд. Дар натиҷаи фаъолияти онҳо дар шаҳрҳо тумани дудолуд ба миён омада, боиси боридани боронҳои ишқордор мешавад. Газҳое, ки дар натиҷаи сӯхтани ангиштсангу маҳсулоти нефтӣ ба фазо мебароянд, боиси афзоиши бемориҳои роҳи нафас, саратон, системаи асаб ва заифшавии ҷанин, яъне тифлони дар батни модарбуда, мегарданд.

- Барои он ки то соли 2030 ихроҷи газҳои гулхонаӣ 40 дарсад кам гардад, бояд дар ин муҳлат 75 дарсади истеҳсоли ҷаҳонии неруи барқ дар манбаъҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол шуда, 50 дарсади нақлиёти фурӯхташавандаро электромобилҳо ташкил диҳанд. Ҳиссаи ангишт дар баланси  энергетикии ҷаҳон бояд аз 37 дарсади соли 2019 ба 28 дарсад дар соли 2030 расонида шавад. Вобаста ба ин Парламенти Аврупо ҳадафҳои иқлимиро то соли 2030 муайян карда, мақсад гузошт, ки ихроҷи газҳои парникӣ нисбат ба соли 1990 бояд 60 дарсад кам гардад, — афзуд номбурда.

 «Иқтисоди сабз» ба ҳама соҳа пайвастагии зич дорад. Чунончӣ, дар соҳаи  кишоварзӣ бояд аз нуриҳои органикӣ, обёрии қатраӣ, усули биологии мубориза бо зараррасони зироатҳо истифода бурд. Дар соҳаи сохтмон бошад, биноҳоро бояд тарзе сохт, ки барои дар зимистон гарм кардану дар тобистон салқин нигоҳ доштани онҳо энергияи кам сарф шавад. Дар соҳаи нақлиёт аз он нақлиёте бояд истифода кард, ки газҳои зараровар ихроҷ накунанд. Бузургтарин бахши «иқтисоди сабз» — ро соҳаи энергетика ташкил медиҳад, зеро дар бисёр кишварҳо неруи барқ дар неругоҳҳои бо ангиштсанг, мазут ва газ фаъолияткунанда истеҳсол мешавад, ки ин ба афзоиши ихроҷи газҳои парникӣ сабаб мегардад.

Тавре Хайрулло Амонулло зикр кард, аз неруи барқе, ки дар неругоҳҳои ҳароратии ҷаҳон истеҳсол мешавад, 39 дарсад ба сӯзишвории нефтӣ, 27 дарсад  ба ангиштсанг ва 24 дарсад ба гази табиӣ рост меояд.

Соли сипаригардида неругоҳҳои офтобию шамолӣ 10 дарсади барқи ҷаҳонро истеҳсол намуданд, ки нишондиҳандаи рекордист.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 дар Париж зимни суханрониашон дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим чунин таъкид намуданд: «Ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъа­лаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад».

DSC_5230Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим (22 апрели соли 2016) — ро 135 кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тасвиб расондаанд. Ҳоло 196 кишвар иштирокчии созишномаи мазкур мебошанд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 13 феврали соли 2017 тасдиқ намудааст.

Яке аз уҳдадориҳои кишвар пешниҳоди ҳисобот дар бораи инвентаризат­сия­и партовҳои газҳои гулхонаӣ, инчунин Гузориши чоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим мебошад.

Мутахассисони ботаҷрибаи вазорату идораҳои гуногун барои ҳисоб кардани партови газҳои гулхонаӣ дар панҷ бахш (энергетика, равандҳои саноатӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва хоҷагии ҷангал, партовҳо) ҷалб карда шуданд. Ҳамин тавр, бо мақсади гузаронидани инвентаризатсияи газҳои гулхонаӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои гуногун гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Кори гурӯҳро шарикони лоиҳа — Агентии обуҳавошиносӣ — мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ идора мекунанд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ёдовар шуд, ки олимони Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон аз солҳои навадуми асри гузашта дар хусуси истифодаи энергияи офтоб, шамол ва биогаз таҳқиқот гузаронида, китобу дастурҳо ба нашр расониданд. Аз рӯи хулосаи олимон, дар сурати истифода бурдан аз неруи офтоб ҷумҳурӣ метавонад 20 фоизи талаботи энергетикиро қонеъ намояд, зеро дар Тоҷикистон интенсивнокии радиатсияи офтоб ба 1000 ватт дар як метри мураббаъ баробар аст. Ин нишондиҳанда нисбат ба баъзе аз кишварҳои аврупоӣ, ки ҳоло неругоҳҳои офтобиро фаровон истифода менамоянд, хеле зиёд аст.

Мувофиқи ҳисоби пешакӣ, ҷумҳурӣ метавонад ғайр аз неругоҳҳои обию офтобӣ, инчунин соле аз биомасса 2 миллиард кВт/с ва аз энергияи шамол беш аз 7 миллиард кВт/с неруи барқ истеҳсол кунад. Истифодаи қисме аз ин захираҳо имкон медиҳад, ки мардуми кишвар тамоми сол  бо неруи барқ, гармӣ ва оби гарм таъмин бошанд.

Яке аз навъҳои сӯзишвории безарар биоэтанол ба шумор меравад. Ҳоло аз ҷиҳати истеҳсоли биоэтанол Бразилия дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол мекунад, ки таҷрибаи он боиси  дастгирист. Дар давоми сол қариб миллион нафар корманди хоҷагиҳои кишоварзию корхонаҳои саноатии Бразилия зиёда аз 20 миллиард литр биоэтанол истеҳсол мекунанд.

Баъди буҳрони сӯзишвории солҳои 70- уми асри гузашта ҳукумати ин мамлакат барномаи муташаккили истеҳсоли биоэтанолро роҳандозӣ намуд. Бо мақсади рушди соҳа ҳукумати ин кишвар соли 2007 барои ҷорӣ кардани технологияи нави истеҳсоли биоэтанол 25 миллион доллар маб­лағгузорӣ кард. Ҳоло 45 дарсади истеҳсоли биоэтанол дар ҷаҳон ба Бразилия рост меояд.

- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир як қатор санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист», «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ва ғайраро қабул намуд, ки баҳри пешбурди «иқтисоди сабз» дар мамлакат мусоидат мекунанд, — хулоса намуд Хайрулло Амонулло.

Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Ориф Амирзода доир ба имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар доираи рушди «энергияи сабз» ибрози ақида намуда, ёдовар шуд, ки 20 декаб­ри соли 1978 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба манбаъҳои нав ва барқароршавандаи энергия қарор қабул кард. Тибқи он, ба манбаъҳои  барқароршавандаи энергия энергияи офтоб, энергияи геотермалӣ, энергияи шамол, энергияи рӯшноӣ, энергияи баланду пастшавии сатҳи об, энергияи мавҷҳо ва градиенти ҳароратии баҳру уқёнусҳо, энергияи табдилдиҳии биомасса, энергияи сӯзонидани ҳезум, энергияи ангишти ҳезумӣ, энергияи торф ва варақсангҳои сӯзанда, энергияи регҳои қатрон, энергияи истифодаи чорвои корӣ ва гидроэнергия шомил мешаванд.

7 декабри соли 2012 Маҷмаи умумии СММ дар хусуси зарурати афзоиши ҳиссаи энергия аз манбаъҳои нави барқароршаванда дар «тавозуни ҷаҳонии энергетикӣ» қарор қабул карда, солҳои 2014 — 2024- ро «Даҳсолаи энергетикаи устувори умум» эълон намуд.

- Бартарии асосии манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз ҷиҳати экологӣ тоза будани онҳост. Ба ибораи дигар, ҳангоми истифодаи онҳо партовҳои зараровар ба атмосфера ихроҷ намешаванд, — гуфт О. Амирзода.

Ӯ ҷиҳати татбиқи мақсадноку самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои зеринро ба мақсад мувофиқ шуморид:

- дар сатҳи зарурӣ набудани маълумоти боэътимод, дониши нокифояи масъала аз нигоҳи илмӣ, ки ба таҳияи қарорҳо ва хулосаҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда мусоидат хоҳанд намуд;

 - огоҳии нокифояи аҳолӣ ва субъект­ҳои хоҷагидории Тоҷикистон дар бораи мавҷудият ва имкониятҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва технологияҳои каммасраф;

- нарасидани мутахассисон, муҳандисони касбӣ ва кормандони илмӣ, ки дар сатҳи зарурӣ тавонанд мушкилоти техникӣ, экологӣ ва ҳам иқтисодиро ҳал кунанд;

- нисбатан кам будани таваҷҷуҳ ба ташкили марказҳои махсус таъсисёфта, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои омӯзиши иқтидори истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва технологияҳои каммасраф дар Тоҷикистон, бо дарназардошти асоснок кардани арзиши лоиҳавии онҳо;

- нокифоя будани заминаи техникӣ барои омӯзиши захираҳо ва иқтидорҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва технологияҳои каммас­раф дар Тоҷикистон;

- кам будани заминаи саноатӣ ва истеҳсолии таҷҳизоти ватанӣ ва қисмҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

- набудани техника ва технологияи саноатии истеҳсоли гидроген аз об ва ҳаво.

Паст намудани энергоғунҷоиши маҳсулоти истеҳсолшаванда дар мамлакат ба паст шудани талабот ба энергия меоварад, дар ин ҳолат партовҳо ба муҳити зист аз тарафи истеҳсолкунандагони энергия кам мешаванд.

- Бо дарназардошти мунтазам афзоиш ёфтани нархи захираҳои энергетикӣ ва нигаронӣ аз оқибатҳои гармшавии глобалӣ, истифодаи захираҳои ғайрианъанавии энергетикӣ: офтоб, шамол, биомасса, энергияи дарёҳои хурд, энергияи геотермалӣ ва энергияи ҳидроген дар баробари ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф ҳаддалимкон зарур мегардад, — таъкид кард Ориф Амирзода.

Муовини вазири  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, иқтибос оварда, иброз намуд, ки дар ҳафт соли оянда иқтидорҳои энергетикии кишвар ба 10 ҳазор мегаватт мерасад. Дар ин самт ҳоло 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст.

- Дар робита ба ин ва бо мақсади иҷрои яке аз нишондиҳандаҳои калидии бахши энергетикаи «Стратегияи миллии  рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», яъне диверсификатсиякунонии иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ аз дигар манбаъҳо, тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо  шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷиҳати то  ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бунёд намудани неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 700 МВт муҳим  дониста мешавад, — гуфт номбурда.

Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, Парвиз Шодизода, Даринг Раҳмон, Ҷ.А. Қурбонзода, Ғайрат Азиззода ва Зоҳир Раҳмонзода ба баромадкардагон оид ба ҷанбаҳои гуногуни «энергияи сабз» савол дода, ҷавобҳои  мушаххас гирифтанд.

Вобаста ба мавзӯи  матраҳшуда раи­сони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ музокира намуданд.

Ҳамчунин, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим аз таҷрибаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Бразилия, Ҳиндустон ва ғайра мисол оварда, зарурати истифодаи васеи неруи офтобу шамол ва энергияи геотермалиро дар шароити ҷумҳурӣ таъкид намуд. Ӯ пешниҳод кард, ки дар боми иморатҳои аз ҳафт ошёна боло метавон таҷҳизоти шамолӣ насб намуда, биноҳоро бо неруи барқи автономӣ таъмин кард.

Дар фарҷом  вобаста ба масъалаи баррасишуда қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ