14 апрели соли 2017 раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ бо вакили Маҷлиси миллии Франсия, узви ҳайати парламентии Ҷумҳурии Франсия дар Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, намояндаи махсуси ин созмон дар Осиёи Миёна Тиерри Мариани мулоқот намуд.
- Мулоқоти мо дар рӯзҳое доир мешавад, ки аз истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия 25 сол пур мешавад. Сафари Котиби давлатии Франсия оид ба масъалаҳои хориҷӣ Ален Вивен, ки моҳи марти соли 1992 ба шаҳри Душанбе сурат гирифт, оғози муносибатҳои байни ду кишвар маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни ин сафар, аз ҷумла, Протокол дар бораи истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия ба имзо расид, — иброз дошт Муҳаммадюсуф Имомзода.
М. Имомзода дар идома зикр кард, ки ба робитаҳои минбаъдаи ҳар ду кишвар сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Франсия, ки соли 2002 сурат гирифт, рушди тоза бахшид.
Бунёди терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Франсия намунаи олии ҳамкории дуҷонибаи миёни кишварҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар расми ба истифода супурдани он (3 сентябри соли 2014) иншооти мазкурро аз ҷумлаи беҳтарин намунаи ҳамкорӣ унвон карданд.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 25 ширкати франсавӣ фаъолият ва доираи ҳамкориҳои хешро бо ширкатҳои ватанӣ васеъ менамоянд.
- Ҳамчунин, шоистаи таъкид аст, ки Тоҷикистон ва Франсия муносибатҳои худро дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф дар асоси созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию техникӣ ба роҳ мондаанд. Дар ин замина, дар шаҳри Душанбе Маркази фарҳангию маорифии «Бохтар» фаъолият менамояд ва ҳар сол чорабиниҳои зиёд, аз ҷумла, Ҳафтаи франкофония, намоиши филмҳои франсавӣ, китобҳо, асарҳои рассомон, озмунҳои забони франсавӣ ва ғайраро ташкил мекунад.
Тиерри Мариани бо изҳори сипос аз пазироии самимӣ афзуд, ки ҳар ду кишвар, воқеан ҳам дар тӯли чоряк асри гузашта, бо ҳам робитаҳои судмандро роҳандозӣ карданд.
- Бунёди манораи назоратие, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе сурат мегирад, намунаи барҷастаи ҳамкориҳо хоҳад буд. Сохта мавриди истифода қарор додани боз як гипермаркети «Ашан» дар шаҳри Душанбе, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ аз иқдомҳои наздиктарини кишвари мост, — иброз дошт Тиерри Мариани ва илова намуд: — Беш аз 10 маротиба ба Тоҷикистон омадаам ва ҳар дафъа дастовардҳои нав ба навро мушоҳида мекунам.
- Ман ба ояндаи дурахшони кишвари шумо хушбин ҳастам ва ба тоҷикистониён хушбахтию хушрӯзӣ таманно менамоям, — афзуд меҳмони франсавӣ.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло Алиев