Тоҷикистон — маркази чорабиниҳо оид ба тағйирёбии иқлим

№149 (4732) 07.12.2023

Чоруми декабри соли 2023 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи 10-уми сайёри намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар доираи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28) дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, дар мавзӯи «Такмили қонунгузорӣ, заминаҳои институтсионалӣ ва татбиқи сиёсати иқлим дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» суханронӣ намуд.

 Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеияти мушкилоти тағйирёбии иқлим ва зарурати амалкарди ҳамоҳангшуда ва глобалиро ба таври қатъӣ эътироф кардааст. Аз ин лиҳоз, парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ташаббусҳои қонунгузорӣ маркази чорабиниҳои гуногун оид ба ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим мебошад. Масалан, 18 апрели соли 2023 бо иштироки вазорату кумитаҳои масъул чорабинии парлумонӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон — ташаббускор дар самти глобалии об» баргузор гардид, ки дар он рафти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, инчунин такмили қонунгузории кишвар дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳар сол дар чаҳорчӯби муҳокимаҳои парлумонӣ ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои экологӣ таҳлил гардида, дар натиҷаи он ба вазорату идораҳои масъул тавсияҳо дода мешаванд. Ҳамчунин, парлумони кишвар ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақола ва корҳои илмӣ дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист, «иқтисоди сабз» ва татбиқи санадҳои байналмилалиро дар ин соҳа баргузор мекунад, ки дар он намояндагони бахшҳои гуногуни ҷомеа ширкат менамоянд.

Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон заминаи қонунгузорӣ ва дастурии амалҳое, ки ба ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим нигаронида шудаанд, фароҳам оварда шуда, саҳми Тоҷикистон дар беҳбуди вазъи экологии минтақа ва сайёра тавассути коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ афзоиш ёфта, дар кишвар барои рушди «иқтисоди сабз» тамоми шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Дар Тоҷикистон ба истифодаи самараноки манобеи барқароршавандаи энергия, бахусус гидроэнергетика, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйири иқлим ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат мекунад, аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Ин чорабиниҳо мусоидат менамоянд, ки амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва барномаҳои миллӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва идоракунии захираҳои об, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, афзунгардонӣ ва диверсификатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва коҳиш додани талафоти энергетикӣ, таҷдид, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва рушди бахшҳои иқтисодиёт имконпазир гардад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон