Тоҷикистон — Россия: ҳамкорӣ байни минтақаҳо таҳким меёбад

№27 (4447) 01.03.2022

DSC_298025 феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко Ҷаласаи пленарии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» доир гардид.

Дар он ҳайатҳои парламентӣ, намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ва Россия иштирок намуданд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ифтитоҳ карданд. Сипас, дар ҳузури раисони палатаҳои болоии парламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия маросими баимзорасонии Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Челябински Федератсияи Россия дар бораи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва башардӯстӣ баргузор гардид.

Баъдан, кори Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикис­тон — Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» таҳти раёсати ҳамраисони Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия — муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Николай Журавлев идома ёфт.

Таъкид гардид, ки ҳамкории самараноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар ҳама соҳаи мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо, ҳам дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи узвият дар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, бомаром рушду тавсеа ёфта, марҳилаҳои сифатан навро касб менамоянд ва муколамаҳои пайвастаи сатҳи баланд заминагузори рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ, байнипарламентӣ ва байниҳукуматии Тоҷикистону Россия гардидаанд. Аз ҷумла, мулоқоту вохӯриҳои доимии роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо, баргузории форуму конференсияҳои байнипарламентӣ, кори Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, инчунин, иштироки намояндагони парламентҳо дар интихоботу раъйпурсиҳо дар рушди робитаҳои байнипарламентӣ саҳми созгор доранд.

Дар ҷараёни форум, ҳамчунин, аъзои ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Россия суханронӣ намуда, доир ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни минтақаҳо, вилоятҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистону Россия, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират, илму маориф ва тандурустӣ байни ҳам табодули афкор намуданд.

Бо мақсади рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин, ҷиҳати татбиқи амалии қарорҳои Форуми байнипарламентии Тоҷикис­тон ва Россия, иштирокдорони он барои қабули тавсияҳо дар бахши меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамкории байнипарламентӣ, фаъолияти лоиҳавию барномавӣ, ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, рақамикунонии иқтисод, ҳамкорӣ дар масъалаи низомҳои миллии кортҳои пардохтӣ ва инфрасохтори пардохтӣ, истеҳсолоти агросаноатӣ, муҳоҷират, илм, маориф ва фарҳанг ба мувофиқа омаданд.

Дар фарҷом, бо дарназар­дошти тавсияҳои пешниҳодшуда, ҳуҷҷати ниҳоии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикис­тон — Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» қабул гардид.

DSC_291225 феврали соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҷараёни корҳои сохт­монӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1224 хонанда шинос шуданд.

Он дар доираи татбиқи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019 оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода» бунёд мегардад.

Дар ҳамон ҷо муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Валентина Матвиенко тавассути видеоконференсия бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии дигар, ки дар доираи созишномаи зикршуда бунёд мегарданд, шинос шуданд.

Ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ба Муассисаи давлатии «Литсей — интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ ташриф оварданд.

Дар муассиса айни замон 1880 хонанда таҳсил ­дошта, ба онҳо 106 омӯзгори соҳибтаҷриба таълиму тарбия медиҳанд. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи «Омӯзгори россиягӣ дар хориҷа» дар литсей — интернат 5 омӯзгори россиягӣ ба хонандагон дарс меомӯзанд.

Зимни боздид аз Муассисаи давлатии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Валентина Матвиенко бо ҷараёни машғулиятҳо дар синфхонаҳои фаннӣ, инчунин шароиту имкониятҳои таълимию илмомӯзӣ шинос шуда, бо омӯзгорони Федератсияи Россия, ки дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи «Омӯзгори россиягӣ дар хориҷа» дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он фаъолият менамоянд, суҳбат намуданд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нишони эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар маросим Валентина Матвиенкоро намояндагони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.

www.majmilli.tj