Дувоздаҳуми октябри соли 2022 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуда, масъалаи тақвият бахшидани муносибатҳои байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маҳмадтоир Зокирзода таъкид кард, ки Тоҷикистон Беларусро дӯсти боэътимод ва шарики стратегию ҳамақидаи худ медонад ва ёдовар шуд, ки ҳуҷҷатҳои бунёдии муайянкунандаи ин муносибатҳо Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ҳар ду давлат аз 5 апрели соли 2000 ва Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз 27 июни соли 2019 мебошанд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зиёда аз 100 шартномаву созишнома ба имзо расидаанд, ки ба рушди муваффақона ва амиқтар шудани ҳамкории мутақобилан судманд имкон медиҳанд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон