Тоҷикистон ва Ҷопон. Робитаҳои байнипарлумонӣ густариш меёбанд

№96 (4516) 02.08.2022

DSC_3111Дуюми августи соли равон роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Палатаи намояндагони парлумони Ҷопон Шариф Ҳакимзода бо роҳбари ҳайати парлумонии Ҷопон Кейҷӣ Фуруя, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуд. Зимни он муносибатҳои дипломатии байни ҳар ду кишвар, хоса робитаҳои байнипарлумонӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, дар таҳкими ҳамкории дуҷониба фаъолияти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), ки аз моҳи августи соли 2006 дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад, аҳамияти хоса дорад. Инчунин, ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар соҳаи нақлиёт аз соли 1999 инҷониб инкишоф ёфта, дар натиҷа татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди шоҳроҳи Дӯстӣ — Панҷи Поён, Бохтар — Дӯстӣ ва сохтмони терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе амалӣ мегардад.

- Самаранокии ҳамкории байнидавлатии дуҷониба ба парлумонҳо ва вакилони парлумон, бахусус Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони парлумони Ҷопон низ, вобаста буда, мубодилаи сафарҳои корӣ, иштирок дар чорабиниҳои гуногун, инчунин муколамаи ошкоро оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ мусоидат менамояд, — иброз дошт Шариф Ҳакимзода.

Кейҷӣ Фуруя аз ҷараёни ҳамкории байнипарлумонии Ҷопону Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, сафари ҳайати парлумони Ҷопон ба Тоҷикистонро дар таҳкиму тавсеаи робитаҳои байни парлумонҳо ва мардуми Тоҷикистону Ҷопон муҳим арзиёбӣ намуд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон