10 феврали соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон меҳмононро хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки мулоқоти имрӯза боз як қадами устувор ва тасдиқкунанда дар тақвияти ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия, густариши бахшҳои муҳими равобити байнипарлумонии кишварҳои мо мебошад.
- Мо ҳавасмандем, ки мутахассисони хориҷӣ маълумоти ҳар чӣ бештаре дар бораи кишвари мо, мардуми мо ва амалишавии стратегияҳо ва имконотамон дошта бошанд, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Шукурҷон Зуҳуров аз таърихи барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чехия, сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мамлакат (моҳи ноябри соли 2002) ва шиносоияшон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла ширкати «Шкода авто», мулоқоташон бо доираи васеи тоҷирон ва ҳайати парлумонии чех, боздиди гурӯҳи мутахассисони чех бо мақсади омӯзиши имконоти иштироки ширкатҳои чехӣ дар таҷдиди Корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе ёдовар шуда афзуд, ки сафари мутахассисони чех барои рушди муносиботи дуҷониба самараи хуб дода, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвари моро муайян намуд. Зимни он сафар Меморандум дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки ҳамкориҳои парлумонӣ байни кишварҳои мо соли 2003 оғоз шудаанд. Он замон ҳайати парлумонии Чехия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд.
Рӯйдоди муҳим дар тақвияти ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия дар солҳои 2004-2016 сафарҳои расмии Президентҳои кишварҳои мо ба ҷумҳуриҳои якдигар дониста мешавад. Дар ҷараёни ин сафарҳо як қатор созишнома ва меморандумҳои дуҷониба ба имзо расиданд, ки маҷмӯи қарордодиву ҳуқуқии муносиботи кишварҳои моро таҳким бахшиданд.
- Айни замон муносиботи қарордодиву ҳуқуқии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехияро 13 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, илму техника, сармоягузорӣ, саноат, тандурустӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар бар мегирад, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек ин мулоқотро барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ки парлумонҳои Тоҷикистону Чехия метавонанд миёни ҳам табодули таҷриба кунанд ва аз онҳо истифода баранд.
Инчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суратгир Неъматулло АЛИЕВ