«Мо аз сатҳ ва муҳтавои муносибат бо Ҷумҳурии Исломии Покистон изҳори қаноатмандӣ мекунем. Зеро Тоҷикистон ва Покистон бо ҳам равобити дӯстона, қаробати фарҳангӣ, таърихӣ ва забонию мазҳабӣ доранд», — гуфт зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки 20 июни соли ҷорӣ баргузор шуд.
Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки нисбат ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи ҷонибҳо муштарак ва бо ҳам наздик мебошад ва пояи қарордодӣ — ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро зиёда аз 50 созишномаю ёддошти тафоҳуми байни ҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳанд.
Таъкид гардид, ки барои густариш ва таҳкими ҳамкорӣ байни ду кишвари дӯст дар бахшҳои гуногун имконоти истифоданашуда ҳанӯз зиёданд.
Сафарҳои расмиву кории роҳбарияти олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Покистон ба кишварҳои ҳамдигар, мулоқоту вохӯриҳои дӯстонаву самараноки онҳо ва ҳуҷҷатҳои дар ҷараёни сафарҳо баимзорасида барои тавсеаи муносибот заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Аз он изҳори қаноатмандӣ гардид, ки ҳайатҳои парлумонӣ аз ҳар ду кишвар боздид мекунанд, дар чорабиниҳои парлумонӣ иштирок менамоянд.
- Сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон 15 — 18 марти соли 2016 ва мулоқот бо роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамкориҳои байнипарлумониро тақвияту тавсеа бахшиданд.
Умед дорем, ки сафари Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боз саҳифаи наверо дар муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо боз менамояд, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров:
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омили асосӣ барои густариши равобит арзёбӣ намуда, ба сатҳи баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба об баҳои баланд дод.
- Иштироки сарони давлат ва ҳукуматҳо ва беш аз 1500 коршинос аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмони байналмилалию минтақавӣ дар конференсияи байналмилалӣ обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон хеле зиёд менамояд, — гуфт Мамнун Ҳусейн.
ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкории стратегӣ, боло бурдани равобити кишварҳо, хоса дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, сармоягузорӣ, фарҳанг ва маориф таъкид намуданд.
Дар мулоқот аъзои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Олим Салимзода, Ҷурахон Маҷидзода, Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, Насиба Содиқова, Ҷамшед Муртазоқулов ва Мирзоанвар Ахмедов иштирок намуданд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон