7 декабр - Рӯзи кормандони мақомоти молия

Тоҳир Ҷобирзода: «Заминаи рушди бахши молияро 20 санади меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст»

№147 (4097) 07.12.2019

DSC_1074Ҳафтуми декабри соли 1924 бо қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Комиссариати халқии молия таъсис ёфт, ки ба он 9 нозироти молия шомил буд. Аз моҳи октябри соли 1929 бо таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалис­тии Тоҷикистон сохтори мақомоти молия васеъ гардида, дар вилоятҳои Сталинобод, Ленинобод, Кӯлоб, Ғарм ва ВМКБ шуъбаҳои молия ташкил гардиданд. Сипас, фаъолияти 7 шуъбаи шаҳрӣ ва 65 шуъбаи молияи ноҳиявӣ ба роҳ монда шуд. Мувофиқи қарори Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 15 марти соли 1946 Комиссариати халқии молия Вазорати молия ном гирифт.

Дар арафаи 95-солагии Рӯзи кормандони мақомоти молия хабарнигорамон бо узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул ҳамсуҳбат шуд.

- Дар пешрафти ҳар як соҳа санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳиманд. Лутфан бигӯед, ки солҳои соҳибистиқлолӣ вобаста ба соҳаи молия кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд?

- Зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки татбиқ намудани онҳо ба рушди муназзами бахши молия мусоидат намуд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ», «Дар бораи назорати молияи давлатӣ», «Дар бораи хазинадорӣ», «Дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок», «Дар бораи суғуртаи давлатӣ», «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» ва кодексҳои андозу гумрук аз ҳамон ҷумлаанд.

- Ташаккули соҳа чӣ тавр ҷараён гирифт?

- Барои мамлакат, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо мушкилоти зиёди сиёсию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, ҷиҳати ноил шудан ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи иҷти­моии аҳолӣ, таъмини пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ва рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакат зарур буд. Бинобар ин, ҳадафҳои стратегии давлат муайян ва барномаю нақшаҳо тарҳрезию бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуданд.

Соли 1996 Ҳукумати мамлакат Барномаи якуми ислоҳоти иқтисодиро қабул намуд, ки он аз тарафи Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, бомуваффақият татбиқ гардид.

Ҳамин тариқ, тамоюли рушди иқтисодӣ таъмин гашта, Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисоби номиналӣ зиёда аз 2300 баробар афзоиш ёфта, соли 2019 ба 23774,0 млн. сомонӣ баробар гардид.

- Бисёр кишварҳо айни замон буҳрони иқтисодӣ ва молиявиро аз сар мегузаронанд. Илова бар ин, нисбат ба баъзе аз шарикони тиҷоратии кишвар таҳрим ҷорӣ шудааст. Таъсири он ба иқтисодиёт ва соҳаи молия чӣ гуна аст ва дар ин замина ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ чӣ тавр роҳандозӣ шудааст?

- Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз соли 1997, яъне баъд аз пойдор гардидани истиқрори сулҳ дар кишвар, иқтисодиёти ҷумҳурӣ рушд ёфт. Ҳатто соли 2008 ва солҳои 2015-2018, ки дар ҷаҳон буҳрони иқтисодию молиявӣ авҷ гирифта, коҳишёбӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон мушоҳида шуд, ба мо муяссар гардид тамоюли рушди иқтисодиётро нигоҳ дорем.

Ҷумҳурӣ бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва институтҳои молиявии ҷаҳонӣ, аз қабили Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), Бонки ҷаҳонӣ (БҶ), Бонки осиёии рушд (БОР), Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Бонки исломии рушд (БИР), Фонди саудии рушд (ФСР), Фонди кувайтии рушди иқтисоди Араб (ФКРИА) ва ғайра ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст, ки натиҷаи хуб ба бор меоранд. Чунончӣ, солҳои 2012-2019 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 125 лоиҳаи муштараки сармоягузориро ба маблағи 3,06 млрд. доллари амрикоӣ якҷоя бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ татбиқ намуд.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла, ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои муҳими зерин амалӣ гардиданд: сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, хати интиқоли барқи Шимол — Ҷануб (500 кВ), хати интиқоли барқи Лолазор — Хатлон (200 кВ), сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа — қитъаи Ваҳдат – Ёвон, роҳи автомобилгарди Душанбе — сарҳади Қирғизистон, навсозии роҳҳои автомобилгарди Душанбе — Турсунзода (сарҳади Ӯзбекистон), Айнӣ — Панҷакент — сарҳади Ӯзбекистон ва ғайра.

- Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ барои кам кардани таъсири буҳрони молиявӣ ва дастгирии табақаҳои гуногун чӣ тадбирҳо бояд андешида шавад?

- Тавре маълум аст, сиёсати хароҷотии Буҷети давлатӣ дар солҳои истиқлолият, пеш аз ҳама, бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона гардид.

Музди меҳнат ва андозаи миёнаи нафақа чанд баробар афзоиш ёфт. Чунончӣ, аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаи соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешаванд, нафақа ва стипендия то 15 фоиз баланд бардошта шуд.

Инчунин, дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф — 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона гардид.

- Вобаста ба рушди техникаю технологияи нав чӣ тағйирот ба амал омад?

- Тағйир зиёд аст. Чунончӣ, даҳ соли охир дар доираи ислоҳот суратҳисобҳои буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳисоби муросилотии Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия гузаронида, амалиёти даромад ва хароҷоти онҳо тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ба низоми пардохтҳои электронӣ гузаронида шуд. Инчунин, бо мақсади танзими раванди истифодаи маблағи давлатӣ Вазорати молия аз соли 2015 тавассути КВД «Маркази дастгирии амалиётҳои байнибуҷетӣ» низоми нави иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ «TFMIS»-ро ҷорӣ намуд, ки бо истифода аз он банақшагирӣ ва маблағгузории ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ амалӣ мешавад. Истифодаи он ба ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ имконият фароҳам овард, ки амалиётҳои молиявиро аз ҷойи корӣ анҷом диҳанд.

Дар асоси иҷозатномаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД «Маркази дастгирии амалиётҳои байнибуҷетӣ»-и Вазорати молия аз соли 2016 Маркази тасдиқкунандаи имзои электронии рақамии аҳамияти ҳуқуқидошта таъсис ёфт. Дар Низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ «TFMIS», аутентификатсия ва идентификатсияи истифодабарандагон бо истифода аз ҳомили калиди электронӣ (eToken) ба роҳ монда шуд.

То 1 октябри соли ҷорӣ 15817 сертификати имзои электронии рақамӣ нашр карда шудааст, ки дар таъмини амнияти низомҳои гуногуни вазорату идораҳои марказӣ истифода мешавад. То ҷое иттилоъ дорам, дар заминаи иқдоми зикршуда мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ байни 45 вазорату идора бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин аст.

- Ба кормандони соҳа чӣ таманно доред?

- Саҳми соҳаи молия дар пешбурди давлатдорӣ ниҳоят муҳим аст. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди касбии мақомоти молия ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Соли 2001 бо ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 7 декабр ҳамчун ҷашни кормандони мақомоти молия мақоми қонуниро касб кард. Ин гувоҳи арҷгузорӣ ба кормандони соҳа маҳсуб шуда, ҳамчунин, масъулияташонро афзун мегардонад. Ба онҳо комёбиҳои нав ба нави корӣ ва хушбахтию саломатӣ хоҳонам.

 Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»