Туҳфаи Рустами Эмомалӣ ба сарояндаи тоҷик

№149 (4732) 07.12.2023

407919783_809500074521251_4584605584776341928_n6-уми декабри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолиби озмуни телевизионии Россия - «Биёед, ҳама якҷоя!» Фаррух Ҳасанов калиди хонаи 3-ҳуҷрагӣ тақдим намуданд, иттилоъ дод АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки сарояндаи 25-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар мавсими 5-уми ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биёед, ҳама якҷоя!»)-и Шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Россия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

Озмун маротибаи панҷум аст, ки дар Шабакаи телевизионии «Россия — 1» намоиш дода мешавад. Мавсими навбатии он 8-уми сентябри соли 2023 оғоз гардид. Фаррух дар финал маҳорати баланд нишон дода, соҳиби Шоҳҷоиза ва 5 000 000 рубл гардид.

Ба ҳунари волои сарояндагии Фаррух овозхонҳои машҳури Россия, аз ҷумла Филипп Киркоров, Николай Басков ва Сергей Лазарев, баҳои баланд доданд.

Фаррух Ҳасанов дар маросими ҷоизагирӣ иброз дошт, ки ин дастоварди худро ба Ватанаш мебахшад.

- Ман бо ин дастовард бори дигар исбот намудам, ки мардуми тоҷик, дар ҳақиқат, соҳиби фарҳангу маърифати баланд ва маҳорату истеъдоди хоса мебошанд, — гуфт ӯ .

Фаррух Ҳасанов, ҳамзамон, соли 2022 сазовори ҷоизаи озмуни миллии «Tarona Music Award» гардида буд.

АМИТ «Ховар»