Ҳуҷҷатгузорӣ бояд тибқи дастурамал сурат гирад

№ 31.03.2018

DSC_071029 март дар толори китобхонаи мақоми олии қонунгузори кишвар дар мавзӯи «Дастурамали санаддорӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» семинар — машварат доир гардид. Мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷалол Камолов ба иштирокчиён маълумот дод, ки дастурамал аз 11 боб, 18 параграф, 215 қисм ва 16 замима иборат мебошад.

- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ба салоҳияташ дахлдоштаро дар асоси муқаррароти Конститутсия, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурамали мазкур баррасӣ, ҳал ва аз рӯйи онҳо қарор қабул мекунад, ки иҷрои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст, — афзуд ӯ.

Номбурда иброз дошт, ки дастурамали санаддорӣ ҳуҷҷатгузориро аз ҷараёни таҳия то мавриди иҷро қарор гирифтан муайян мекунад. Бобҳои алоҳидаи дастурамал дар хусуси чӣ гуна омода кардану ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои хизматӣ, пешниҳоди протоколи шӯрою ҷаласаҳо, ирсоли санад, тартиби омода намудани парвандаҳо ва ғайра маълумот медиҳад.

ҷалол Камолов, ҳамчунин дар хусуси бартариҳои ҳукумати электронӣ маълумот дода, изҳор дошт, ки оянда гардиши ҳуҷҷатҳо миёни идораҳои давлатии мамлакат ба тариқи электронӣ сурат мегирад. Ин усули кор сарсонии муроҷиаткунандагон ва талафшавии вақтро пешгирӣ мекунад.

Дар интиҳо Ҷалол Камолов ба саволҳои ширкаткунандагон ҷавобҳои мушаххас дод.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»