Минбари вакил

Ҳуқуқэҷодкунӣ. Магар он кори саҳлу сода аст?

№70 (3864) 07.06.2018

[000078]Баъзан андешаҳое садо медиҳанд, ки гӯё дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои пешниҳодгардида бидуни баррасӣ қабул мегарданд. Минҳайси нафари солиёни зиёд бо фаъолияти парлумон аз наздик шинос мегӯям, ки ин андеша комилан нодуруст буда, онҳое, ки чунин ақидаро иброз менамоянд, умуман дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот надоранд. Дар бораи ин раванд метавон зиёд ҳарф зад. Вале ман бо овардани як далел, ки гуфтаи болоро тақвият мебахшад, иктифо менамоям. Яъне, то ҷаласаи иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ҳар як лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар кумита, комиссия, ҷаласаи якҷояи кумита ва комиссияҳо, ҷаласаи васеи кумитаи масъул ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ин раванд лоиҳа аз ҳама ҷиҳат бо дарназардошти пешниҳодоти вакилон, шуъбаи ҳуқуқ, коршиносон ва мутахассисон такмил ёфта, дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набудан аз ҷониби кумита ё комиссияи масъул ва ё Шӯрои Маҷлиси намояндагон бозпас гардонида мешавад. Ҳолатҳое буданд, ки ба як лоиҳаи қонун (Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» ва ғайра) аз ҷониби вакилон зиёда аз 500 таклифу пешниҳод ироа гардиданд, ки на ҳама аз ҷониби субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ қобили қабул дониста шуданд.

Аз ин рӯ, суҳбате, ки бо раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати ­Дастур ва ташкили кор Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода доир намудем, доир ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ­маълумот медиҳад.

- Пӯшида нест, ки ­баъзеҳо дар бораи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ маълумоти кофӣ надоранд ва маҳз ин то ҷое боиси ба миён омадани андешаҳои нодуруст мегардад…

- Ҳуқуқэҷодкунӣ, чунонки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарҳ дода шудааст, фаъолияти расмии субъекти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад Ба ибораи дигар, раванди эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оғоз ёфта, минбаъд зинаҳои баррасӣ, қабул, интишор ва қатъи ин санади меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад, фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро пурра фаро мегирад.

Ҳамин тавр, марҳилаи таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, қабул, интишор ва қатъи амали он, яъне беэътибор донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар маҷмӯъ фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро ташкил медиҳанд.

- Иҷро накардани яке аз амалҳои зикргардида ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ чӣ таъсир дошта метавонад?

- Бояд донист, ки дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ раванд­ҳои зикргардида занҷираро ташкил мекунанд ва амалӣ нагаштани яке аз онҳо ба ноком мондани иқдом боис мегардад.

Далел меорам: Агар санади меъёрии ҳуқуқии таҳиягардида қабул ва ё пас аз қабул нашр нагардад, ҳуқуқэҷодгардида ҳисобида шуда наметавонад. Зеро барои он ки ҳуқуқэҷодгардида ҳисобида шавад, он бояд ҳатман тамоми марҳилаи ҳуқуқэҷодкуниро гузарад ва эътибори ҳуқуқӣ пайдо кунад. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба танзим дароварда шудааст, ки бори аввал 13 ноябри соли 1998 тасдиқ шудааст ва тӯли 19 соли охир, бо дарназардошти воқеаҳои муҳими таърихӣ дар ҳаёти халқ, пайдоиш ва рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ се маротиба дар таҳрири нав қабул гардид. Бори охир соли 2017 дар таҳрири нав қабул карда шуд ва бисёр масъалаҳои баҳсталаб дар он ҳалли худро ёфтанд. Он аз 96 модда иборат буда, 26 моддаи он бевосита ба масъалаҳои тартиби таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бахшида шудааст

- Маълум аст, ки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ тавассути субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда амалӣ карда мешавад. Он субъектҳо кадомҳоянд?

- Зикр кардан бамаврид аст, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав (соли 2017) дар моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (таҳрири соли 2009) ба номгӯйи субъектони ҳуқуқэҷодкунанда халқи Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ворид буданд.

Манзур он аст, ки зери мафҳуми «ва дигар мақомоти давлатӣ» ҳамаи он мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатие фаҳмида мешуданд, ки дар номгӯйи мақомоти давлатии дар қисми 1 моддаи қонун пешбинигардида номбар нашуда буданд. Дар натиҷа, шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби «дигар мақомоти давлатӣ» қабулгардида хеле зиёд буданд. Қисми бештари онҳо, махсусан санадҳои аз ҷониби корхонаҳои воҳиди давлатӣ қабулгардида, аз тарафи мақомоти болоияшон тасдиқ мегардиданд ва баъзе аз онҳо ҳатто барои гирифтан ба қайди давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намешуданд. Аз ҳама ташвишовар он буд, ки қисми зиёди онҳо, дар бисёр ҳолат дар нашрияҳои расмӣ чоп намешуданд, барои суиис­тифода аз ваколати соҳавӣ заминаи воқеӣ мегузоштанд ва боиси поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мегардиданд. Дар натиҷа, бисёр ҳолат меъёрҳои дар чунин санадҳо муқарраргардида норозигии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба миён меоварданд. Баҳсу мунозираҳо вобаста ба онҳо борҳо мавзӯи баҳси мақомоти болоии ҳокимияти давлатӣ гардида, то ҳокимияти судӣ идома ёфтааст.

Айни ҳол тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки дар таҳрири нав қабул гардид, мушаххас карда шуд, ки субъектони ҳуқуқэҷодкунанда халқи Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Бонки миллии Тоҷикис­тон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд.

- Моҳиятан пешсафи ин раванд парлумон аст. Бигӯед, ки ваколати мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти ҳуқуқэҷодкунанда дар кадом санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ муқаррар шудааст?

- Масъалаи мазкурро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян намудаанд. Аз ҷумла, моддаҳои 60 ва 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 59 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» муқаррар менамоянд, ки қонунҳоро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд. Ваколатҳои ҳуқуқэҷодкунии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастури онҳо танзими пурраи худро ёфтаанд. Ваколатҳои ҳуқуқэҷодкунии дигар мақомоти давлатӣ ҳамчун субъектони ҳуқуқэҷодкунанда дар қонунҳои соҳавӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба танзим дароварда шудаанд.

- Аз субъектоне, ки ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ доранд, кадомашон субъекти ҳуқуқэҷодкунанда маҳсуб мешаванд?

- Дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, дар як вақт субъекти ҳуқуқэҷодкунанда муқаррар гардидаанд. Яъне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар баробари ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, инчунин салоҳияти ҳуқуқэҷодкуниро доро мебошанд. Ҳамзамон, мутобиқи қонуни зикргардида, гарчанде аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, субъекти ҳуқуқэҷодкунанда нестанд.

Бояд зикр кард, ки дар тафовут аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар баробари он, ки ҳуқуқи таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои қонунгузории ҷумҳуриро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, инчунин ба онҳо салоҳияти таҳия, қабул, тасдиқ, имзо, интишор ва ташкили татбиқи сандаҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки дар асос ва барои иҷрои санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегарданд, дода шудааст. Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, танҳо ҳуқуқи таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро барои баррасӣ ва қабул доранд. Бо ин сабаб, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда дохил карда нашудаанд, ки аз нигоҳи қонунгузории мамлакат асоснок аст.

Бамаврид аст зикр намоем, ки ­субъе­к­ти ҳуқуқэҷодкунанда будани халқи Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳое, ки масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳуриро танзим менамоянд, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда мешаванд. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои зикргардида ва бекор кардани онҳо низ танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ амалӣ мегардад.

- Мақомоти дигари давлатӣ дар раванди ҳуқуқэҷодкунӣ чӣ гуна иштирок карда метавонанд?

- Тавре моддаи 55 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар менамояд, мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ надоранд, лоиҳаи қонунҳо ё таклифҳои ба қонунгузорӣ рабтдоштаро метавонанд ба воситаи мақомоте, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд ё ба воситаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намоянд.

Дар робита бо муқаррароти мазкур, мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳое, ки субъекти ҳуқуқэҷодкунанда намебошанд, ҳуқуқ доранд, ки таклифҳои худро ҷиҳати такмили қонунгузории кишвар тавассути мақоми болоии худ пешниҳод намоянд. Яъне, мақомоте, ки субъекти ҳуқуқэҷодкунанда намебошанд аз ҳуқуқи таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба субъекти ҳуқуқэҷодкунанда маҳрум нестанд. Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби онҳо таҳия ва пешниҳодгардида вобаста ба доираи амал ва мавзӯи мавриди танзим қарордода мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектони ҳуқуқэҷодкунанда мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

- Моддаҳои 58 ва 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бахшида шудааст, муқаррар намудааст, ки лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ё бо супориши он аз ҷониби мақомот, муассиса ва ташкилоти тобеъ таҳия карда мешавад…

- Дуруст аст. Мақоми ҳуқуқэҷодкунанда метавонад дар асоси шартнома ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро супориш диҳад.

Мақоми ҳуқуқэҷодкунанда метавонад таҳияи лоиҳаи алтернативии санади меъёрии ҳуқуқиро ба чанд мақомот, муассиса, ташкилот ва шахс супорад ё бо онҳо шартнома бандад, инчунин барои лоиҳаи беҳтарин озмун эълон намояд.

Бо қарори мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ё мақомоти дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ барои таҳия ё такмили лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилоти дигар ва олимони алоҳида гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.

- Қонунгузор бо кадом сабаб барои мақоми ҳуқуқэҷодкунанда дар самти мазкур ҳуқуқҳои зиёдро муқаррар кардааст?

- Пӯшида нест, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медароранд, соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаро дар бар мегиранд.Мусаллам аст, ки агар санади меъёрии ҳуқуқӣ бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои ҳар чӣ бештари сокинони мамлакат, коршиносон, мутахассисон ва аҳли ҷамоатчигӣ қабул карда шавад, пеш аз ҳама сифати он боло меравад, ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими давлати ҳуқуқбунёду демократӣ бештару беҳтар мусоидат менамояд.

 Мусоҳиб

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»