Вазъи татбиқи санадҳои қабулшуда қонеъкунанда нест
Дар Тоҷикистон баҳри ҷорӣ кардани таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ, аз худ кардани донишҳои замонавӣ тадбирҳои зиёд андешида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2000-ум чунин иброз дошта буданд: «Талаботи замон аст, ки мо бо интихоб намудани роҳи бунёди давлати дунявӣ ва мутамаддин бояд Ватани худро ба кишвари аз лиҳози илму техника пешрафта табдил диҳем». Дар ин робита қонуну қарорҳо ва барномаю стратегияҳои зиёд қабул гардидааст.
Дар «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ноябри соли 2003 тасдиқ шуд, истилоҳи «технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК)» чунин шарҳ дода шудааст: «маҷмӯи объектҳо, амалу қоидаҳои ба таҳия, коркард ва расонидани иттилоот вобастабуда, дар алоқамандӣ бо коммуникатсияи шахсӣ, оммавӣ ва истеҳсолӣ, инчунин, кулли технологияҳо ва соҳаҳо, ки ҷараёни номбаршударо якҷоя таъмин мекунанд».
Яке аз аввалин санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки истифодаи низоми мазкурро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррару танзим намуда, ба ташаккул ва рушди он асоси ҳуқуқӣ гузошта буд, қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 маҳсуб меёбад. Тибқи он созишномаи ҳамкорӣ дар ташаккул додани захира ва системаҳои иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои байнидавлатии кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи информатизатсия тасдиқ шуд. Тибқи созишномаи мазкур, мамлакатҳои аъзои ИДМ дар баробари танзими муносибат дар самти иттилоотонӣ, инчунин, дар бобати ҳамоҳангии танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ, таъсиси технологияҳои иттилоотонӣ, ҳифзи иттилоот ва манбаъҳои он, ташкил ва рушди бозори хизматрасонӣ дар соҳаи иттилоотонӣ, ҷалби сармоя ва истифодаи фишангҳои ҳавасмандгардонии тарҳрезӣ ва татбиқи барномаҳо, маркетинги бозори иттилоот, омодасозии мутахассисони соҳа ва дигар тадбирҳо ба тавофуқ расида буданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2002 чунин дастур доданд: «Бо назардошти вазъи геополитикии кишварамон, рушди рӯзафзуни технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва таъсиру нуфузи иттилооти омма ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба мо зарур аст, ки консепсияи ташаккул ва рушди фазои ягонаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираҳои дахлдори иттилооти давлатиро таҳия, баррасӣ ва қабул намоем».
Дар ин замина Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011) ва як қатор санадҳои мушаххаси меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва тасдиқ гардиданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои таъмини воридшавӣ ба шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили системаи ягонаи автоматиконидашудаи таҳияи аснод дар дастгоҳи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таъсиси Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот ва тадбирҳои танзими воридшавӣ ба шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ» ва «Дар бораи қоидаҳои фароҳамоварии хизматрасонии интернет дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ин раванд такон бахшиданд.
Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳи «ҳукумати электронӣ» дар «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Тоҷикистон» истифода шуда, дар заминаи стратегияи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид ва он заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, сохтори захираҳои иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотии афзалиятнок, хизматрасонии иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳимояи маълумот, системаи иттилоотии идоракунии давлатӣ, таъминоти кадрии ҷараёни иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракуниро муайян намуда, барои дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани Шурои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Натиҷаҳои татбиқи стратегия ва барномаи мазкур ба соҳаи саноат низ таъсири мусбат расонида, барои рушди он заминаҳои мусоиди технологиву идорӣ фароҳам намуд. Масалан, бар ивази муросилоти анъанавӣ почтаи электронӣ ташкил гардид, ҷараёни коргузорӣ шакли сифатан нави компютерикунонидашударо касб намуд, пайдо шудани алоқаи мобилӣ ва интернет дастрасӣ ба иттилоот ва табодули онҳоро осон намуд. Илова бар ин, имкониятҳои муколамаи мутақобила бо сарфаи вақт васеъ гардида, ҷараёни ҷалби сармояву сармоягузор ба соҳа беҳтар шуд, аз ҷониби давлат имтиёзҳои иловагӣ барои ҳавасмандгардонии воридоту ҷоринамоии технологияҳои нав пешбинӣ гардид, барои баланд бардоштани касбияти мутахассисон шароити иловагӣ фароҳам гардид.
Марҳилаи нави татбиқшавии «ҳукумати электронӣ» бо қабули Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Консепсияи мазкур идомаи мантиқии татбиқи стратегияву барномаи зикршуда буда, бо мақсади амалисозии «Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006 тасдиқ шудааст, таҳия гардид.
Аз ҷумлаи ҳадафҳои консепсияи мазкур баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сатҳу сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон расонида мешаванд, сода гардонидани қоидаҳо ва кам кардани муҳлати расонидани хизмати иҷтимоӣ, инчунин, кам кардани хароҷоти маъмурӣ, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот, ташаккули низоми ягонаи табодули иттилоотӣ мебошанд.
Натиҷаи чунин тадбирандешиҳо буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги Индекси рушди ҳукумати электронӣ (EGDI), ки аз ҷониби Департаменти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад, ба қатори гурӯҳи кишварҳои бо EGDI-и баланд дохил шуд. Вале ин дастовардҳо ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нестанд, зеро низоми «ҳукумати электронӣ» ба он шакле, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ татбиқ мешаваду тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида муқаррар гардидааст, ба таври бояду шояд дар кишвар ба роҳ монда нашуд. Аз ин рӯ, дар ин самт андешидани тадбирҳои иловагӣ ва риояи қонуну тартиботи ҷорӣ зарур аст, то ба комёбиҳои бештар ноил гардем. 4
Н. ХОЛБОЙЗОДА,
К. ИСМОИЛИЁН,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон