Раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайидалӣ президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё интихоб гардид.
Дар ин бора воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва хориҷӣ хабар доданд.
Бино ба иттилои расида, Муҳаммадюсуф Имомзода 20 сентябри соли равон дар шаҳри Барнаули Федератсияи Россия зимни Анҷумани сеюми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, ки дар он роҳбарон ва намояндагони беш аз 70 муассисаи таҳсилоти олии касбии бонуфузи 9 давлати дунё ширкат доштанд, вазифаи зикршударо ба уҳда гирифт.
Ҳангоми баррасии номзадон дастовардҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти ба роҳ мондани усулҳои нави идоракунӣ, рушд ва комёбиҳои назаррас дар соҳаи илм, таҳсилот, ҳамкории байналмилалӣ, ҳамгироии муваффақи барномаҳои муштараки таҳсилотӣ бо ҳамкорони хориҷӣ, таъсис ва пешбурди муваффақонаи шӯроҳои дифои рисолаҳои илмии байнидавлатӣ ба назар гирифта шуда, инчунин, дастовардҳои ДМТ ҳамчун намунаи пешқадам пазируфта шуда, барои татбиқ дар дигар донишгоҳҳо тавсия гардиданд.
Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё соли 2012 аз ҷониби 29 донишгоҳи 9 давлати дунё таъсис шуда, Муҳаммадюсуф Имомзода тайи ду сол роҳбарии онро ба уҳда хоҳад дошт.
«Садои мардум»