Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бори дигар бозгӯйӣ намудани моҳияти ин ҷашн аз манфиат холӣ нест. Хоса, дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо шиддат гирифта, гурӯҳҳои ифротгаро ва равандҳои дигари номатлуб дар шакли нав зуҳур карда истодаанд, ин иқдом муҳим, муфид ва саривақтист.
Вале эътироф бояд кард, ки аксар маврид дар робита ба ин масъала як идда танҳо шиорпароканӣ мекунанд, ки дар натиҷа тадбирандешӣ ҷиҳати бегазанд нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо аз мадди назар дур мемонад. Чӣ бояд кард, ки Ваҳдати миллӣ устувор монад?
Ба ин савол беҳтар аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посух пайдо накардам. Роҳбари хирадсолори давлатамон дар яке аз суханрониҳояшон фармуда буданд, ки «Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад».
Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир бори дигар собит намуданд, ки хомӯш намудани оташи ҷанги бародаркуш, ки ба он кишвар ва гурӯҳҳои алоҳида «равған мерехтанд», аз вартаи нобудӣ раҳо бахшидани мамлакат, дар муддати кӯтоҳ эҳё намудани сохторҳои фалаҷгаштаи Ҳукумат, таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, ҷалби сармояи зиёди хориҷӣ, муаррифии шоиста дар арсаи байналмилалӣ на ба ҳар шахсият муяссар мегардад. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе аз ҳамсоякишварҳо солиёни зиёд ҷанг идома дошта, қисмате аз мамлакатҳо бинобар надоштани шахсияте чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба майдони рақобати абарқудратҳо табдил ёфтаанд.
Бояд ба насли наврас моҳияти ин ҷашн ва саҳми меъмори онро дар заминаи далелу рақамҳои асоснок фаҳмонем, то онҳо дарк намоянд, ки чанд сол пештар бо чӣ мушкилот рӯ ба рӯ ва кадом шахсият боис гардид, ки рӯзгори саодатманди ҳозираи онҳо таъмин гардад.
Насли ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки дастоварди мазкур осон ба даст наомадааст. Аз далелҳои мавҷуда бармеояд, ки пас аз бисту як вохӯриву музокироти тарафҳо, ки ба хотири рафъи хатарҳои таҳмилӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ қариб чор сол идома ёфт, низои миллӣ бартараф гардида, ниҳоят санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ, яъне ҳуҷҷати наҷоти миллат ва давлат ба имзо расид.
Шарҳу тавзеҳ диҳем, ки оғози солҳои навадуми асри гузашта барои тоҷику тоҷикистониён солҳои хуб набуданд. Ба «шарофат»-и фитнаву дасисаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат рӯз ба рӯз муташанниҷ гардида, давлат қариб пароканда ва миллат ба нестӣ мерасид. Дасисаҳои душманони чӣ дохилию чӣ хориҷии миллат, таассуб, каҷфаҳмӣ, пайгирии манфиатҳои маҳаллию гурӯҳӣ ва боз иллатҳои дигари зиёде дар кишвари ба тозагӣ истиқлолият пайдокардаи мо асоси ҷанги шаҳрвандиро гузоштанд, ки оташи он ҳаёти ҳазорон нафар ҳамватанро ба ком кашид, Ватан хароб шудаву тамомияти марзии кишвар зери хатар қарор гирифт.
Яъне, як лаҳза фаромӯш кардани гузашта, аз ёд бурдани сабақҳои таърих боиси он гардид, ки миллат по ба канори вартаи бетаг, қадам ба марзи водии нестӣ гузорад. Азми қавӣ ва нияти неки Пешвои миллат замина фароҳам оварданд, ки ин раванд шурӯъ ва муваффақона анҷом пазирад. Ба ибораи дигар, масъалаи наҷоти миллати тоҷик ин абармардро водор кард, ки аз байни оташи ҷанги шаҳрвандӣ, фоҷиаву харобиҳои гӯшношуниди он гузашта, бо кадом мушкилоте, ки набошад, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистонро қадам ба қадам наздиктар созад. Аз ин нуктаи назар, Роҳбари мамлакат созишномаи мазкурро бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии мамлакат ҳамрадиф медонанд.
Ҳарчанд Пешвои миллат хоксорӣ карда гуфтаанд, ки «омили асосии расидан ба сулҳ аз замири халқи озодидӯсту фарҳангии тоҷик бархоста, бо тафаккури созанда ва иродаи шикастнопазири мардуми мо робитаи мустақим дорад», вале далели раднопазир аст, ки меъмори кохи мавриди назар маҳз ин абармард маҳсуб мешаванд. Дар асоси қонуни конститутсионӣ ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии арҷгузорӣ ва эҳтирому самимияти тоҷику тоҷикистониён ба фарзанди фарзонаи миллат аст.
Дар моддаи якуми қонуни мазкур муқаррар шудааст, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст».
Ҳама шоҳид будем, ки Пешвои миллат давлатдориро аз сулҳ оғоз намуда, борҳо иброз доштанд, ки ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишвар ва хушбахтиву сарбаландии халқи азиз минбаъд низ идома медиҳанд.
Хушбахтона, 23 сол аст, ки дар кишвар дигар садои тиру туфанг, нолаи талхи модарон ба гӯш намерасад. Мардум нафаси осуда мекашад ва бо эътимоди комил, бо дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯи фардои дурахшони хеш собитқадамона роҳ мепаймояд.
Аз ин рӯ, вазифадорем, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқ ҳамеша ҳушёру омода бошем. Дар шароити кунунӣ зарур ва ногузир аст, ки дар тарғиби Ваҳдати миллӣ беш аз пеш фаъол бошем.
Ваҳдати миллии тоҷикон неъмати бебаҳо ва падидаи камназир аст. Ин андешаи инфиродии банда набуда, дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби шахсиятҳои бонуфуз борҳо таъкид гардидааст. Агар масъаларо амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, он гоҳ паҳлуҳои зиёди тасдиқкунандаи арзишмандӣ ва мақому манзалати бениҳоят баланди Ваҳдати миллӣ ҳувайдо мегардад.
Боиси ифтихори ҳама бояд бошад, ки ҳоло таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шудааст. Яъне, ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намудааст. Ин дастоварди саҳлу сода нест, зеро эътироф дар заминаи эътимод рӯи кор меояд. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамояд.
Дар арафаи ин ҷашн бояд ҳар як фарди Тоҷикистон бори дигар дарк намояд, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвар неъмати бебаҳо, раванди бебозгашт ва бениҳоят азизу муқаддас мебошад, зеро маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва ҷаҳду талошҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ сулҳу оромӣ дар кишвар таъмин гардида, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинон шароити мусоид фароҳам шуд. Агар чунин тасмим гирифта намешуд, бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ бештар доман паҳн менамуд.
Хуб дар хотир дорем, ки он вақт кишвар «марказ»-и талошҳои сиёсӣ ва даргириҳои хунин гардид. Бенизомӣ, бесарусомонӣ, беқонунию беҳокимиятӣ ҳукмрон буд, бар асари ҷангу ҷидол ва задухӯрдҳои бемаънӣ ба хоҷагии халқ хисороти зиёд расид. Дар натиҷаи муноқиша ва амалиёти ҷангӣ садҳо хонаҳои истиқоматӣ, иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ, муассисаю корхонаҳо хароб ва ба хок яксон шуда, ғорат ва талаю тороҷ авҷ гирифт. Теъдоди онҳое, ки барои наҷот додани ҷон аз Ватан фирорӣ гаштанд, ба даҳҳо ҳазор нафар расид.
Бегуфтугӯ, дар чунин айёми ҳассос ва сарнавиштсоз нишастан ба сари мизи гуфтушунид ягона роҳи аз нобудӣ раҳоӣ бахшидани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва наҷоти миллату мардуми Тоҷикистон аз парокандагӣ буд. Хушбахтона, мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода комёб шуданд. Аз ин рӯ, вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро эмин нигоҳ дорем.
Мавлудахон МИРЗОЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон