Мусоҳибаи хабарнигорони рӯзномаи «Садои мардум» бо муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ
- Муҳтарам Раис, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири самтҳои асосии фаъолияти хоҷагии халқи мамлакат ва ҳуҷҷати барномавӣ ва сарнавиштсоз мебошад. Баҳри амалӣ намудани дастуру нишондодҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат дар вилояти Суғд чӣ гуна чорабиниҳо ва нақшаҳо ба назар гирифта шудааст?
- Паёми имсолаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки санаи 23 январи соли ҷорӣ ироа гардид, мардуми вилоят хуш қабул намуда, онро ҳамчун санади тақдирсоз ва дурнамо пазируфтанд. Нуктаҳои асосии Паём байни сокинони вилоят тариқи баргузории мулоқоту вохӯриҳо ҳамаҷониба шарҳ дода шуд. Санаи 25 марти соли равон дар қаламрави вилоят Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳнамои ҷомеа» дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ гузаронида шуд. Инчунин дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нақша-чорабинӣ ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеоянд, таҳия ва ба тасвиб расида, он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар панҷ моҳи сипаришудаи соли 2015 фаъолияти худро баҳри амалӣ намудан ва татбиқи босифати нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуд. Воқеан, Паёми Сарвари давлат роҳнамои рушди тамоми самтҳо буда, нақши он ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз хеле назаррас аст. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Сарвари давлат дар ҳамаи самтҳо нақша-чорабиниҳои мушаххас таҳия ва амалӣ карда мешаванд.
- Амали «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд то соли 2015» анҷом пазируфт. Оё нақша ва тадбирҳои дар доираи ин барнома тарҳрезишуда пурра амалӣ гардиданд? Татбиқи барномаи мазкур чӣ натиҷа ба бор овард?
- Натиҷаи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 таҳти №288 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015» дар давоми солҳои 2006-2014 нишон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои асосии Барнома пурра ва барзиёд иҷро гардидааст. Масалан, дар тӯли солҳои 2006-2014 соҳаи саноати вилоят босуръат рушд ёфта (ба ҳисоби миёна 2,2 маротиба), теъдоди корхонаҳои саноатӣ аз 219 адади соли 2006 ба 566 корхона дар соли 2014 расонида шуд. Тибқи нақшаи нишондиҳандаи дурнамои Барномаи мазкур, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2015 бо нархҳои муқоисавӣ 2312,2 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар асл бошад, соли 2014 корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 3774,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати нишондиҳандаи нақшаи дурнамои соли 2015-и Барнома 1,6 маротиба ё 1462,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосии пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Барномаи мазкур самтҳои асосии сиёсати аграрии вилоятро барои давраи то соли 2015 муайян мекунад. Тибқи нақшаи дурнамо, соли 2015 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои муқоисавӣ 1093,7 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Соли 2014 кишоварзони вилоят ба маблағи 5687,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати соли 2013 ба андозаи 3,4 фоиз ва дар қиёс ба нишондиҳандаи нақшаи дурнамои соли 2015-и Барнома 4593,6 млн. сомонӣ ё 5,2 маротиба зиёд мебошад.
Дар солҳои 2006-2014 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 2463,3 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, мактабҳо барои 41172 ҷойи талаба, беморхонаҳо барои 924 кат ва дармонгоҳҳо барои 995 қабул дар як баст сохта, ба истифода дода шуд, ки нисбати нақшаи нишондиҳандаи дурнамои соли 2015-и Барнома мутаносибан 1,9 маротиба, 1,5 маротиба, 57,7 фоиз ва 1,9 маротиба зиёд мебошад. Ҳамин тариқ, бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки Барномаи мазкур пурра ва босифат амалӣ шудааст. Айни ҳол бо супориши Сарвари давлат лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят барои солҳои 2016-2020» омода гардида истодааст.
- Саноат аз самтҳои калидии рушди иқтисодиёти вилоят маҳсуб меёбад. Дар иртибот бо ин хоҳишмандем хонандагони рӯзномаро бо вазъи имрӯзаи соҳаи мазкур ошно созед.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида давоми панҷ моҳи соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш 130,0 фоизро ташкил намуд.
Дар соли 2014 ба истифода додани 155 корхонаи нав дар назар дошта шуда буд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми соли гузашта 164 корхонаи нави хурду бузург бо 3172 ҷойи нави кор ба фаъолият шурӯъ намуд. Корхонаҳои таъсисёфта асосан корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон, хӯрока, сабук, маъданҳои кӯҳӣ ва саноати сӯзишвориро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
Тибқи нақша, дар соли 2015 ба истифода додани 170 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 5,3 ҳазор ҷойи нави кор дар назар дошта шудааст. Ҳоло дар вилоят бунёди як қатор корхонаҳои калон, аз ҷумла сохтмони Корхонаи сементбарории «Ғаюр-Суғдсемент» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 1000 ҷойи кор ва истеҳсоли як миллион тонна семент дар як сол, Комбинати металлургии «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой» дар шаҳри Истиқлол бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ бо 1300 ҷойи кор, ҶДММ «Броадтек Тоҷикистон Майнинг инвестмент Лимитед» дар шаҳри Панҷакент ва ҶДММ «Нуқрафом» дар шаҳри Истиқлол бомаром идома доранд.
Ҳамчунин корҳои танзимиву озмоишӣ дар коргоҳи дуюми заршӯйии КМ «Зарафшон» бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан хуб ҷараён дошта, натиҷаҳои аввалини мусбӣ ба даст омаданд. Бо итминон метавон гуфт, ки бо бунёди корхонаҳои мазкур истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят зиёд мегардад. Илова бар ин, бобати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои махсусро амалӣ менамояд. Дар вилоят омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ рушд ёфтааст, ки ба ин васила теъдоди зиёди бонувон бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Соли ҷорӣ дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди вилоят марказҳои омӯзишӣ-истеҳсолии ҳунарҳои мардумӣ фаъол мегарданд. Имсол 150 маркази омӯзишӣ-истеҳсолӣ бунёд мешавад. Дар назар аст, ки ба ин васила 9 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин шаванд.
- Фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» чӣ гуна роҳандозӣ шудааст? Оё мақсадҳои вобаста ба ин минтақа дарнақшагирифта ба ҳадаф расиданд?
- Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ, техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ, таҷрибаи идоракунӣ барои ба даст овардани самаранокии истеҳсолот, истифодаи бештари захираҳои озоди меҳнатӣ, табиӣ ва ҳавасмандгардонии рушди саноат ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Мақсадҳои иҷтимоии таъсиси минтақа — ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва мусоидат барои беҳтар намудани қобилияти харидорӣ барои таъмини устувори рушди иқтисодӣ мебошад, ки мо ба ҳадафҳои дар пеш гузошташуда расидем. Дар ин минтақа низому шароитҳои мусоид ва имтиёзҳои хуб барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шудаанд. МОИ «Суғд» яке аз чор минтақаи озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки дар масоҳати 320 гектар дар асоси таҷрибаи давлатҳои мутараққии Аврупо ташкил ёфтааст. Имрӯз дар инҷо 26 ширкати саноатӣ фаъолият доранд, ки асосан ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, лӯла ва зарфҳои пластикӣ, профилҳои алюминӣ, ноқилҳои барқӣ, қубурҳо ва маводи рангу бор машғуланд ва дар онҳо теъдоди зиёди сокинон бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
- Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ оё натиҷа дод ва амалишавии ин тадбирҳо ба рушди соҳа чӣ таъсир гузошт?
- Нақши кишоварзон дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти умумӣ хеле назаррас аст ва ҳадаф аз ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, низ, пеш аз ҳама, соҳиби замин намудани деҳқонон мебошад. Маҳз дар натиҷаи ислоҳоти кишоварзӣ ва амалишавии қарор «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» дар вилоят беш аз 50 ҳазор хоҷагии оилавию инфиродӣ таъсис шуд ва метавон гуфт, ки замин соҳиби ҳақиқии худро пайдо намуд. Имрӯзҳо деҳқонону кишоварзон бо дили гарм ба меҳнат машғуланд ва яке аз самараҳои асосии ислоҳоти кишоварзӣ ин коҳишёбии теъдоди муҳоҷирон дар минтақа мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд минбаъд низ ҷиҳати дастгирии ҳаматарафаи кишоварзон кӯшишҳои заруриро ба харҷ медиҳад ва барои рушди соҳаи кишоварзӣ талош хоҳад намуд.
- «Дастгирии соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад», — омадааст дар Паёми имсолаи Сарвари давлат. Баҳри татбиқи ин нуктаи Паём дар вилояти Суғд чӣ гуна тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд?
- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ, тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд. Аз ҷумла барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон ва корҳои хонагӣ, ҳунарҳои дастӣ — қолинбофон дар назди Ҷамъияти саҳомии «Зиннат»-и шаҳри Хуҷанд Маркази таълимӣ – истеҳсолии ҳунарҳои халқии қолинбофӣ ва сӯзанидӯзии «Шероз» ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ба ин марказ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар асоси созишномаи басташуда миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Форси Ҷумҳурии Исломии Эрон се нафар занони ҳунарманд аз шаҳри Шероз хонумҳо Азами Ранҷбар, Илоҳи Изадӣ, Марзияи Наврӯзӣ барои омӯзонидани занону духтарон ба касби қолинбофии дастӣ омадаанд. Айни ҳол 200 нафар занону духтарони шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов, Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз онҳо қолинбофии дастиро ёд гирифтанд ва худ низ ба шогирдон ҳунар меомӯзанд.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ташкил намудани шумораи ҳар чӣ бештари ҷойҳои кори доимӣ барои ҷавонон дар дохили кишвар, инчунин ҷойҳои кори мавсимӣ барои занону духтарони вилоят дар шаҳри Исфара низ аз тарафи соҳибкори инфиродӣ А. Қосимов сехи коркарди меваи хушк ва коргоҳи дӯзандагӣ бо 55 ҷойи корӣ, соҳибкори инфиродӣ А. Шералиев сохтмони яхдон барои нигоҳ доштани тармева бо 64 ҷойи корӣ, соҳибкорони инфиродӣ Р. Маҳмудова, А. Қурбонов, ҶДММ «Субҳи Ватан» корхонаи истеҳсоли мева, сехи истеҳсоли шириниҳо бо 120 ҷойи корӣ ва сехи дӯзандагӣ аз тарафи ҶДММ «Салима» бо 30 ҷойи корӣ дар шаҳри Исфара ташкил ва ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар онҳо асосан занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки дар таҷлили тантанаҳои бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар вилоят Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, чун анъана, дар ифтитоҳи якчанд иншооти ҳаётан муҳими иҷтимоию фарҳангӣ барои сокинони вилоят ширкат доштанд.
Дар шаҳри Хуҷанд ҶДММ «Порсои Хуҷанд» хатти нави технологии коркарди ширро ба роҳ монд, ки дар натиҷа зиёда аз 50 ҷойи кори доимӣ ба вуҷуд омад. Дар шаҳри Қайроққум ҶДММ «Фаровон-1» се сехи истеҳсолӣ, аз қабили истеҳсоли сендвич- панелҳои сохтмонӣ бо 14 ҷойи корӣ, истеҳсоли хӯроки чорво (комбикорм) бо 20 ҷойи кор ва истеҳсоли конструксияҳои оҳаниро бо 10 ҷойи кор ба роҳ монд. Ба ғайр аз он, дар шаҳри Қайроққум ҶДММ «Дӯстон-1» фаъолияти сехи парандапарвариро бо 20 ҷойи корӣ ташкил намуд, ки иқтидори солонаи истеҳсоли тухм дар натиҷа 5 миллион донаро дар бар мегирад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои андешидани чораҳо дар ин самт минбаъд низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад намуд.
- Соли 2014 дар қаламрави вилоят «Соли роҳҳои обод» эълон шуда буд. Натиҷаҳои ин иқдом чӣ гунаанд ва оё ташаббуси пешгирифта имсол ва солҳои оянда ҳам идома меёбад?
- Соли 2014 дар вилояти Суғд «Соли роҳҳои обод» эълон гардида буд, зеро тавре медонем, роҳҳои ҳамвор, мумфарш ва таъмиргашта аз ҷумлаи ченакҳои пешрафти иқтисодии ҳар мамлакат мебошанд. Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мо тасмим гирифтем, ки ҳолати роҳҳои автомобилгарди вилоятро ба қадри имкон беҳтар намоем. Ин иқдом аз ҷониби сокинон низ ҳамовозӣ пайдо намуд ва сокинон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навсозии роҳҳои маҳаллӣ саҳми назаррас гузоштанд. Натиҷаи ҳамкории хуби мақомоти иҷроия бо аҳолӣ буд, ки дар доираи иҷрои барномаи вилоятии «Соли 2014-соли роҳҳои обод» 2826,4 км роҳҳои автомобилгард таъмиру тармим шуданд. Дарозии роҳҳои мумфаршшуда дар соли 2014 нисбат ба як соли пеш 2,8 маротиба зиёд гардид.
Соли 2015 дар вилоят Барномаи вилоятии «Соли 2015 – идомаи соли роҳҳои обод» қабул шудааст. Тибқи дурнамо, имсол бояд беш аз 3100 километр роҳҳои ҳудуди вилоят ба навсозӣ фаро гирифта шаванд. Барои амалисозии Барномаи мазкур аз тамоми сарчашмаҳо 91 миллион сомонӣ масраф хоҳад шуд. Хушбахтона, имрӯзҳо дар саросари вилояти Суғд корҳои бунёдкорӣ, аз ҷумла роҳсозӣ, вусъат меёбад. То ба имрӯз дар қаламрави вилоят беш аз 1150 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва навсозӣ шудааст. Иқдоми навсозии роҳҳо дар давоми солҳои минбаъда низ амалӣ карда мешавад.
- Масъалаҳои иҷтимоӣ, аз қабили таъмини эҳтиёҷмандон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои маориф ва тандурустӣ дар вилоят чӣ гуна ҳал мешаванд? Хоҳишмандем аз хусуси бунёди шаҳраки Сайҳун, ки сохтмонаш оғоз ёфт, муфассалтар изҳори андеша намоед.
- Албатта, масъалаҳои мазкур дар ҳама давру замон аз мавзӯъҳои рӯз маҳсуб меёбанд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин масъала давра ба давра ҳалли худро ёфта, сокинони ниёзманди шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ, чун дигар сокинони кишвар, барои бунёди манзил соҳиби қитъаи замин мешаванд. Ҳамзамон бо мақсади ҳалли ин масъала, тибқи дастури Сарвари давлат, дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо азхудкунии заминҳои бекорхобида бунёди шаҳраки нави Сайҳун оғоз гардид ва айни ҳол дар ин минтақа корҳои бунёдии шаҳрак идома дорад. Шаҳраки навбунёд бо пешниҳоди Сарвари давлат Сайҳун номгузорӣ шуд. Дар шаҳри Сайҳун 19 микрорайон, 17 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, 31 кӯдакистон ва ширхоргоҳ, 140 маркази савдою хизматрасонӣ, 40 майдонча ва толорҳои варзишӣ, терминали нақлиёти мусофиркаш ва бозору дигар зербинои зарурӣ бунёд хоҳад шуд. Ин мавзеи фарох дорои 14 000 гектар заминҳои хушку ташналаб аст, ки мавриди обёрию ободонӣ қарор гирифта, дар 3000 гектари он маҳаллаҳои истиқоматӣ бунёд меёбанд. Дар марҳилаи аввали бунёди шаҳр дар 1000 гектар замин биноҳои истиқоматӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маъмурӣ сохта мешаванд. Обёрию ободонии ин мавзеъ дар се марҳила сурат гирифта, маҷмӯан дар 7000 гектари он боғҳои интенсивии содиротӣ қомат хоҳанд афрохт. То имрӯз аллакай дар зиёда аз 100 гектари ин мавзеъ боғҳои нав бунёд ёфтаанд. Алҳол бо ҷалби ширкатҳои сохтмонӣ дар шаҳраки Сайҳун сохтмони 22 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, теъдоди зиёди котеҷҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ оғоз ёфтааст. Дар ин шаҳрак инчунин то ҳол ба беш аз се ҳазор оилаи ниёзманд заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад. Аз худ намудани ин миқдор заминҳои бекорхобида омили муҳими амалишавиии барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории кишвар, мегардад. Тавассути амалӣ шудани ин тадбир ҳазорҳо оилаҳои ниёзманд соҳиби хонаю манзил, замини корам ва боғу токзор шуда, бо кори доимӣ ва даромади хуб таъмин мешаванд. Шаҳраки Сайҳун дар ояндаи наздик ба минтақаи ободу сарсабз табдил меёбад.
Дар посух ба қисмати дигари суол мехоҳам ҳаминро тазаккур диҳам, ки нақшаи қисми хароҷоти буҷети вилоят дар панҷ моҳи соли 2015 дар доираи даромадҳои воқеии буҷетҳои маҳаллӣ ба андозаи 97,7 фоиз иҷро ва ба иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят 480 миллион сомонӣ равона гардида, ҳаҷми маблағҳои ба иқтисодиёту иҷтимоиёт равонашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ — маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш 381,6 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид. Дар оянда низ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Боиси тазаккур аст, ки соли ҷорӣ дар вилоят бунёди 15 иншооти соҳаи маориф ба нақшаи иншооти сохташавандаи Идораи сохтмони асосии вилоят ворид гардидааст. Дар давоми соли равон бинои нави таълимӣ дар назди мактаби №19-и ноҳияи Ҷаббор Расулов барои 400 ҷойи нишаст ба тариқи ҳашар бунёд ёфта, ҳамзамон сохтмони бинои нави таълимӣ дар маҳаллаи Ҷалолиддини Румии ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оғоз гардида, идома дорад. Ҳамзамон аз ҷониби Сафорати ИМА барои сохтмони бинои нави мактаби миёнаи №67 барои 240 ҷойи нишаст ва таъмири асосии бинои мактаби миёнаи №39-и шаҳри Исфара 600 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷудо шуда, айни ҳол таъмири асосии бинои мактаби мазкур оғоз гардидааст.
- Соли 2015 дар қаламрави вилояти Суғд «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо» эълон шудааст. Хоҳишмандем, ин иқдоми наҷибро шарҳ диҳед.
- Дар ҳақиқат, соли 2015 дар вилояти Суғд «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо» эълон шудааст, ки ҳадаф аз он боз ҳам баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа мебошад. Дар ин сол таъмиру бунёди теъдоди зиёди иншооти фарҳангӣ дар назар аст. Аз ҷумла ҳоло бунёд ва таъмири қасрҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои Ашт, Ғончӣ, Айнӣ, Чкалов идома дошта, оромгоҳи шоири классик Нақибхон Туғрал низ дар ин сол пурра навсозӣ мешавад. Тасмими навсозии оромгоҳи ин шоири шинохта бахшида ба 150 — солагии шоир гирифта шудааст ва охирҳои соли ҷорӣ корҳои барқарорсозӣ анҷом меёбад. Бахшида ба «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо» то ин дам теъдоди зиёди озмунҳои соҳавӣ гузаронида шуд. Чанде қабл дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо мақсади тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ, рӯзгордорӣ, корҳои ободониву созандагӣ ва бахшида ба 18 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, инчунин «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо» нахустин маротиба Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» баргузор шуд, ки дар он теъдоди зиёди сокинон иштирок намуданд. Фестивали мазкур бори дигар мардуми тоҷикро даври ҳам овард ва онҳо бо шукргузорӣ аз фазои ободу озоди Тоҷикистон дар он ширкат варзиданд.
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон соли 2015-ро «Соли оила» эълон карданд. Вобаста ба ин дар вилояти Суғд муҳтавои нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кадом мавзӯъҳоро фаро хоҳад гирифт?
- Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуданд. Таърихи инсоният ишорат бар он дорад, ки гаҳвораи ташаккули зеҳнию айнии фарзанд оила аст ва маҳз дар оила нахустин марҳилаҳои инкишофи кӯдак ба амал меояд.
Вобаста ба «Соли оила» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, тибқи он корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст. То имрӯз бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар доираи мавзӯъҳои бахшида ба маърифати оиладорӣ, солимии оила, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, тарбияи фарзанди солеҳ, пешгирии амалҳои номатлуб дар ҷомеа ва дигар масоил якчанд суҳбату вохӯриҳо ва конфронсҳои илмию амалӣ бо иштироки коршиносони соҳа, собиқадорони меҳнат, аҳли зиё ва адибону рӯзноманигорон баргузор шуд.
Бо итминон метавон гуфт, ки нақша — чорабиниҳои тарҳрезишуда давоми сол пайваста амалӣ мегарданд ва мақсад аз он таъмини пойдории оила, устувории ақидаи худшиносии миллӣ ва дӯстдории Ватан дар замири ҳар шаҳрванд мебошад.
- Муҳтарам Раис, суҳбати мо дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ сурат мегирад. Сокинони вилоят, ҷамоаҳои меҳнатии идораю ташкилот ва корхонаю муассисаҳо ин иди барои тамоми аҳолии мамлакат басо гаронарзишро бо чӣ гуна дастовезҳо пешвоз мегиранд?
- Иди Ваҳдати миллиро ҳамасола сокинони вилояти Суғд бо хушнудӣ ва ифтихор аз пойдории сулҳу оромӣ ва шукуфоии диёр пешвоз мегиранд. Имрӯзҳо ҷомеаҳои меҳнатии идораю ташкилот ва муассисаҳо, дар маҷмӯъ сокинони вилояти Суғд, барои хубу хотирмон таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Мо дар давоми моҳҳои сипаригардида дар баробари рушди бомаром дар ҳама соҳаҳои хоҷагидорӣ корҳои ташвиқотиро дар байни аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин якдилию якмаромии аҳли ҷомеа тавсеа бахшида, дар ин замина кӯшидем ҷавононро аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои зиёновар боздорем ва ғояи Ваҳдатро чун сарчашмаи ободию бақои Ватани маҳбубамон ташвиқ намоем. Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи ҳамватанонро бо фарорасии ин иди муқаддас табрик мегӯям ва бигзор мардуми моро ваҳдати ҷовидонию саодати зиндагӣ ҳамеша ёр бошад.
-Ташаккур барои суҳбати самимӣ.
Мусоҳибон Ҷумъахон НАБОТОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»