Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад».
Эмомалӣ Раҳмон
Ибтидои қарни XXI ва пешрафти бесобиқаи илму технологияи муосир тағйироти бунёдиро дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ба вуҷуд овард. Ҳодисаҳои солҳои охирро мушоҳида намуда, бисёр олимону сиёсатмадорон роҷеъ ба ҳастии инсоният андеша менамоянд. Имрӯз дар ҷараёни бозиҳои сиёсӣ ҷорӣ кардани «демократия» як навъ омили бесубот кардани зиндагии мардум ва кӯшиши аз байн бурдани баъзе давлатҳо шудааст.
Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки дар давраҳои муайян ин ё он шиор василаи идеологии табаддулоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мегардид. Вале имрӯз шиорҳо барои ба даст овардани манфиат бо баҳонаи ҷорӣ намудани демократия ва ҳифзи ҳуқуқи инсон истифода мешавад. Мутаассифона, аз ягон минбари байналмилалӣ давлатҳои ба ном паҳнкунандаи демократия ҳисобот пешниҳод намекунанд, ки дар давраи чунин табаддулоти «демократӣ» ҳуқуқҳои чӣ қадар мардум поймол мешавад, то чӣ андоза дар чунин табаддулот мардуми ин кишварҳо иштирок менамоянд?
Давлатҳои абарқудрат ҷиҳати ба даст овардани захираҳои табиии кишварҳо, бо баҳонаҳои беасос Ироқ, Сурия, Ливияро ба нестӣ бурда, мардуми онҳоро овора намудаанд.
Барои мо, тоҷикон, туҳфаи таърих буд, ки Роҳбари давлат шахсияти боиродаю ватанпараст ва ҷасуру миллатдӯст Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуданд. Маҳз иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист садди роҳи идомаи ҷанги шаҳрвандӣ гардад. Аз таърих маълум аст, ки давлатдории тоҷикон, бинобар надоштани Сарвари умумимиллӣ борҳо ба парокандагӣ дучор шудааст.
Ҳар як миллат анъанаҳои хоси фарҳангию давлатдории худро дорад. Мавҷуд будани ихтилоф дар табиати одамон сабаби ташаккули тафаккури гуногун мешавад. Ҳар миллат санадҳои меъёрии давлатии худро мутобиқи менталитет ва хусусияти хоси худ таҳия менамояд. Татбиқи қонун ва санадҳои меъёрие, ки барои халқҳои дигар қобили қабул нест, оқибатҳои ногувор дорад.
Биноан, дар замони муосир низ ҳар давлат модели давлатдории худро интихоб менамояд. Албатта, ин ба абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ на ҳамеша маъқул мешавад. Интихоби хоси модели давлатдорӣ, ки ба таъриху фарҳанг ва манфиатҳои миллӣ мувофиқ бошад, ягона роҳи нигоҳ доштани миллату давлат мебошад.
Халқи тоҷик соли ҷорӣ 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамояд. Ин ҷашн аз дигар идҳо бо моҳияти созандагиву муттаҳидсозӣ фарқ мекунад. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Мусибате, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари халқи тоҷик омад, метавонист ба парокандашавии халқи куҳанбунёди мо боис шавад. Хушбахтона, халқи фарҳангсолори мо бори дигар исбот намуд, ки дорои заковату хирад ва фарзандони қавииродаву матин мебошад, ки тавонистанд моро аз ин хатар эмин доранд. Хушбахтона, Тоҷикистони имрӯза аз Тоҷикистони 20-25 сол пеш куллан фарқ мекунад. Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳилаи хеле вазнину пурхатарро паси сар намуда, имтиҳоноти ҷиддиро ба шарофати хиради волои мардум гузаштем ва аз кишвари ҷангзадаву буҳронӣ ба кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфтем.
Тоҷикистони имрӯза дар арсаи байналмилалӣ соҳиби ҷойгоҳи хоса мебошад. Ташаббусҳои Тоҷикистон аз тарафи СММ баҳои баланд гирифтааст. Ин далели он аст, ки таваҷҷуҳ ва эҳтироми роҳбарони кишварҳои дигар ба Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст.
Дастгирии ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об-барои рушди устувор» далели возеҳи ин гуфта аст.
Ваҳдати миллии мо дар ҷаҳони муосир намунаи барҷастаи сулҳофарӣ мебошад. Ин таҷрибаи кишвари мо барои бисёр кишварҳое, ки ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шудаанд, қобили истифода мебошад. Ҷои баҳс нест, ки барои ин кишварҳо пешвое чун Эмомалӣ Раҳмон лозим аст.
Насиба Содиқова,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон