Ваҳдати миллӣ омили ҳастии миллат аст

№75 - 76 (4495 - 4496) 18.06.2022

IMG_882816 июни соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода баромад намуда, аҳамияти ваҳдати миллиро дар шароити ҳозираи ҷаҳон шарҳ дод.

Зикр гардид, ки ваҳдатӣ миллӣ афзал донистани манфиати миллат аз манфиати шахсиву гурӯҳӣ буда, омили ҳастии миллат ба шумор меравад.

IMG_8795- Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон тавонис­тем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳилаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва рушди онҳо оғоз бахшем, — ёдовар шуд Файзалӣ Идизода ва афзуд, ки созишномаи зикршуда, ҳамчунин, барои ташаккули парлумони касбӣ дар мамлакат низ замина гузошт.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон