Соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суруди миллӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуданд. Мардуми кишвар бо дарки масъулият дар ин чорабинии сиёсӣ якдилона ширкат намуда, барои қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз раъйи худро доданд.
Яке аз падидаҳои муҳими демократие, ки дар конститутсияҳои аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба чашм мерасад ва дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикоси худро пайдо намудааст, таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ маҳсуб меёбад.
Дар такя ба меъёрҳои конститутсионӣ моҳи феврали соли 1995 интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, номзадҳоро ба вакилии халқ коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, маҷлисҳои интихобкунандагон дар ҷойи истиқомат пешбарӣ намуданд. Вакилони даъвати якуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ намуданд.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуд, ки Маҷлиси Олӣ — парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти қонунгузорӣ ва баёнгари манфиату иродаи халқ маҳсуб меёбад.
Баъди музокироти тӯлонӣ дар давраҳои ҳассоси муноқишаҳои шаҳрвандӣ бо азму талошҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 бо мақсади ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз ҷиҳати аҳамиятнокии худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилият ва соҳибихтиёриро фароҳам оварда бошад, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба таъмини сулҳу субот ва пойдории мулку бақои давлати Тоҷикистон мусоидат намуд.
Ба имзо расидани ин санади муҳими таърихӣ, ҷиҳати аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ба ягонагии миллат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё кард. Воқеан, рӯйдоди дигари муҳими таърихӣ, ки бо Созишномаи мазкур равобит дорад, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар заминаи ин талабот моҳи сентябри соли 1999 тариқи райъпурсии умумихалқӣ боби сеюми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сохтор ва фаъолияти ҳокимияти қонунгузор — Маҷлиси Олиро дар бар мегирад, такмил дода, ба он тағйиру иловаҳо ворид ва дар асоси онҳо бори нахуст дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ташкилӣ ва тарзи нави Маҷлиси Олӣ, ки он аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат мебошад, ба миён омад. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси палатаи доимоамалкунанда мақоми конститутсиониву ҳуқуқии Парламентро таҳким бахшида, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ягона ва олии қонунгузор дар ҷумҳурӣ мустақилияти бештар ва салоҳиятнокиро ба даст овард.
Таъсиси Маҷлиси доимоамалкунанда барои такмили низоми қонунгузории миллӣ аҳамияти муҳим дошта, заминаи мустаҳками ҳуқуқии инкишофи устувори иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии кишварро таъмин намуд.
Дар ин раванд, бинобар зарурат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз якуми декабри соли 1994 аз эътибор соқит дониста шуд. Моҳи декабри соли 1999 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моҳи апрели соли 2000 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтанд.
Мутобиқи талаботи қонунҳои конститутсионии номбурда тарзи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан тағйир ёфта, ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Парламент) ҳизбҳои сиёсии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи таъини интихобот расман ба қайди давлатӣ гирифташуда ва худи шаҳрвандон бо роҳи худпешбарӣ доро мебошанд.
Ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ метавонанд номзади худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намоянд. 65 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (41 нафар) аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 35 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 нафар) аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мутаносибан ба шумораи овозҳое, ки ба рӯйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодгардида дода шудаанд, интихоб карда мешаванд. Шумораи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 нафарро ташкил медиҳад.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихобшуда бояд дар ҳудуди ҳавзаҳои интихоботии дахлдор истиқоматӣ доимӣ дошта бошанд. Шумораи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 нафар иборат буда, онҳо дар асоси намояндагии минтақаҳо интихоб мешаванд. Аъзои мазкур бо шумораи баробар ба панҷ нафарӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҳар як вилоят, шаҳри Душанбе ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоб мешаванд.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешаванд. Инчунин президенти собиқ, агар ӯ аз ин ҳуқуқаш даст накашида бошад, аъзои якумраи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Такмили ҳокимияти қонунгузорӣ аз замони расидан ба Ваҳдати миллӣ ибтидо гирифта, дар заминаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999 ва 2003 низоми ҳокимияти қонунгузор, ҳамзамон дар асоси ин ислоҳот фаъолияти ҳокимияти иҷроия ва судӣ такмил дода шуд. То ба имрӯз мунтазам ҷиҳати мутобиқсозии қонунгузориҳои гуногун ба стандартҳои байналмилалӣ, такмили принсипи инсондӯстӣ дар меъёрҳои он, ки дар онҳо волоияти қонун, эҳтирому риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал мебошад, тадбирҳо андешида мешаванд.
Мутобиқи моддаи 48-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар асоси тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999) ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олӣ, шумораи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳлати ваколати онҳо, салоҳиятҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби баргузории ҷаласаҳои онҳо, фаъолияти қонунгузорӣ ва дигарҳоро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим намудааст.
Бояд зикр намуд, ки фаъолияти қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз салоҳиятҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, он таҳия, қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, қарорҳову дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қатъи амали онҳо, шарҳ додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муҳокимаи умумихалқӣ баровардани лоиҳаи қонунҳо, масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ ва дигарҳоро дар бар мегирад. Бо дарназардошти рушди муносибатҳои ҷомеа фаъолияти қонунэҷодкунӣ роҳандозӣ мегардад.
Имрӯз дар таҷрибаи фаъолияти қонунгузорӣ роҳи демократӣ ва мураккаби қабули қонунҳо муқаррар шуда, он шаш марҳила: таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонун аз ҷониби субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, баррасӣ ва муҳокимаи лоиҳаи қонун дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ ва қабули қонун аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ ва ҷонибдорӣ кардани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои қонун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳоят нашри қонун дар матбуоти расмиро дар бар мегирад.
Қобили зикр аст, ки ваколати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аз фаъолияти қонунгузорӣ иборат аст, инчунин он дорои ваколати назоратӣ низ мебошад. Вазифаи мазкур марбут ба қабули қонун дар бораи Буҷети давлатӣ ва иҷрои назорати он зоҳир мегардад. Ҳамзамон дар доираи ваколатҳои худ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида қарор қабул намуда, иҷрои онҳоро назорат менамояд.
Фаъолият ва амали ҳокимияти қонунгузорӣ дар кишвар бидуни ҳамкории пайваставу доимӣ бо дигар шохаҳои ҳокимият ғайриимкон буда, танҳо дар ҳамбастии ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муяссар мегардад.
Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ, барои рушди ҳокимияти қонунгузор шароити мусоид фароҳам намуда, барои дар сатҳи конститутсионӣ таҳким додани он мусоидат кард.
Мавлуда ҚАЛАНДАРЗОДА, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон