Вакилон маоши панҷрӯзаашонро ба зарардидагони шаҳру навоҳии Кӯлоб ирсол намуданд

№68-69 (4330-4331) 22.05.2021

Дар партави ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли равон вакилони Маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру навоҳии Кӯлоб маоши панҷрӯзаашонро ирсол намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки 11 май дар натиҷаи омадани сел  дар шаҳри Кӯлоб даҳҳо манзили истиқоматӣ, роҳҳои мошингард, иншооти маданию хизматрасонӣ ва маишии шаҳр зарар диданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон