Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Вакилони Маҷлиси намояндагон ба халқи кишвар савганди садоқат ёд карданд

№125 (3605) 04.10.2016

DSC_0628Сеюми октябри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи якуми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

 РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред. Ҳоло дар толор 62 нафар вакил ҳузур дорад.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи якуми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

 РАИС: — Вакилони гиромӣ!

Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароите оғоз меёбад, ки мо чанде пеш 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хеле пуршукӯҳ ҷашн гирифтем ва дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати кишвар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул шуд.

Қобили зикр аст, ки ин ҳуҷҷати муҳим, аз ҷумла таҳдидҳо ба рушди кишварамонро дар андозагириҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дохилӣ ба инобат гирифтааст. Моро зарур аст, ки дар давоми иҷлосияи сеюм дар асоси ин Стратегияи дарозмуҳлат ба таъмини ҳуқуқии рушди устувори иқтисодӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем, қонунҳое таҳия ва қабул намоем, ки осебпазирии иқтисоди миллиамонро аз таъсири манфии омилҳои беруна коҳиш диҳанд ва ба модернизатсияи фарогири иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат намоянд.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ифтитоҳи даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон таъкид намуда буданд, қонунҳои мо бояд бо дарназардошти дурнамо ва ҳадафҳои ояндаи рушди давлати миллӣ ва пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳия ва қабул шаванд.

Мазмуни аслии фаъолияти мо ҳам дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат, заҳмату талош барои шукуфоии бештари кишварамон ва сазовор будан ба боварии мардуми шарифи Тоҷикистон — интихобкунандагони мо мебошад. Мо, вакилони мардумӣ, ба зиндагӣ бояд бо чашми сокинони одии кишвар назар андозем. Қонунҳои Тоҷикистон бояд ба ҳар як шаҳрванди қонунписанд фаҳмо бошанд ва зиндагии онҳоро беҳтар намоянд, зеро муҳайё намудани зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар дар оянда низ ҳамчун ҳадафи олӣ ва стратегии давлат боқӣ мемонад.

Умедворам, дар иҷлосияи сеюм ҳам мо метавонем ҳамчунон пурсамар кор кунем ва ҳамқадами замон бошем.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Котиботи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори зерин пешниҳод карда мешавад: 

Қ А Р О Р И

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи интихоб намудани ҳайати Котиботи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Котиботи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

 Раиси Котибот:

Бухориев Толибек Аҳмадович — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Аъзои Котибот:

Шарофидинова Мавзуна Шамсидиновна — вакил аз ҳавзаи интихоботии Исфара, №20;

Холиқов Ҳокимҷон Ҳикматуллоевич — вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Румӣ, №30.

Оид ба лоиҳаи Қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.

Вакилони муҳтарам, хоҳишмандам оид ба лоиҳаи Қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилонро дар ҷаласаҳои Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб намоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори зерин пешниҳод карда мешавад:

Қ А Р О Р И

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар ҷаласаҳои Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Барои баҳисобгирии овозҳо дар ҷаласаҳои Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Комиссия дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

 Раиси Комиссия:

Усмонзода Саидҷаъфар Усмон — вакил аз ҳавзаи интихоботии Фархор, №34.

Аъзои Комиссия:

Бобоева Гулнора Исломовна — вакил аз ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ, №2;

Қудратов Рустам Раҳматович  - вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Оид ба лоиҳаи Қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.

Вакилони муҳтарам, хоҳишмандам оид ба лоиҳаи Қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи бандҳои 246 ва 247 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳиро интихоб намоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори зерин пешниҳод карда мешавад:

Қ А Р О Р И

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи интихоб намудани гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Мутобиқи банди 247 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Роҳбари гурӯҳ:

Оқилзода Нурулло — вакил аз ҳавзаи интихоботии  Мастчоҳ, №18.

Аъзои гурӯҳ:

Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович — вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ, №35;

Ашурова Гулбаҳор Сангиллоевна — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Оид ба лоиҳаи Қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.

Вакилони муҳтарам, хоҳишмандам оид ба лоиҳаи Қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз вакилоне, ки ба ҳайати Котибот, Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шудаанд, хоҳиш мекунам, ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки дар асоси банди 137 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби инъикоси рафти кори Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро дар воситаҳои ахбори омма муайян намоем.

Оид ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, вакил аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ, №22 Салимзода Олим дода мешавад. Марҳамат.

 Олим САЛИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси рафти кори Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо чунин тартиб пешниҳод карда мешавад:   

Қ А Р О Р И

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи тартиби инъикоси рафти кори Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Мутобиқи банди 137 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Рафти кори Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Маводи кори Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» чоп карда шаванд.

3. Маводи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шаванд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.

Вакилони муҳтарам, хоҳишмандам оид ба лоиҳаи Қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

 РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рӯзномаи ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюм» пешниҳод мегардад.

Лоиҳаи Қарор дар дасти шумо ҳаст.

Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?

Хоҳиш мекунам, нисбати лоиҳаи Қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ба рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум масъалаҳои зерин дохил карда шуданд:

1. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Маросими савгандёдкунии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ашт, №17 Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад. Марҳамат.

 Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: - Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳамкасбони гиромиқадр!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмил ва мутобиқгардонии меъёрҳои Дастури мазкур ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Тағйирот ба банди 2 Дастур имконият медиҳад, ки дар мувофиқа бо муқаррароти моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вакили Маҷлиси намояндагон баъд аз интихоб шудан дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд намояд.

Иловаҳо ба банди 11 муқаррар мекунанд, ки дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон дар баробари лоиҳаи қонунҳо, инчунин дар бораи лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ва кодекс, тафсири Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва кодексҳо низ маълумоти дахлдор ҷойгир карда шаванд.

Дар мувофиқа бо тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат тамоми муқаррароти Дастури мазкур вобаста ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешаванд.

Иловаҳо ба банди 49 тартиби фаъолияти Шӯрои Маҷлиси намояндагонро ҳамчун мақоми дастаҷамъӣ ва ҳамоҳангсози Маҷлиси намояндагон мушаххас ва самаранок мегардонанд.

Тағйиру иловаҳо ба бандҳои 53 ва 301 тартиби муттаҳид намудани якчанд лоиҳаи қонуни мукаммал, қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қонун ва таклифи қонунгузорӣ, ки ба баррасии Маҷлиси намояндагон дар як вақт пешниҳод шудаанд, муқаррар менамоянд.

Иловаи қисми дуюм ба банди 301 мушаххас мекунад, ки лоиҳаи қонуне, ки дар баррасии кумита, комиссия ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон мебошад, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва лоиҳаи қонуне, ки ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шудааст ва ё дар баррасии Маҷлиси намояндагон қарор дорад, бо қарори Маҷлиси намояндагон пас гардонида мешавад.

Дар мувофиқа бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистан «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ба бандҳои 141, 148, 150 ва 267 ибораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» илова карда мешавад.

Илова ба банди 156 тартиби гузаронидани ҷаласаи хотимавии Маҷлиси намояндагонро мушаххас мегардонад.

Илова ба банди 186 имконият медиҳад, ки Маҷлиси намояндагон оид ба қабули қонуни конститутсионӣ дар бораи тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намояд.

Илова ба банди 303 муқаррар мекунад, ки бо пешниҳоди кумитаи масъул ва бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун ва таклифи қонунгузорӣ барои баррасӣ аз як кумита ба кумитаи дигар супорида шавад.

Иловаҳо ба банди 320 имконият медиҳанд, ки шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар баробари хулосаи асосӣ, дар сурати зарурат ба лоиҳаи дахлдор хулосаи такрорӣ ва хулосаи иловагӣ диҳад.

Иловаи банди 3231 Дастурро пурра намуда, имконият фароҳам меорад, ки кумитаи масъул бо пешниҳоди кумита, комиссияи Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории дигар бо розигии субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки лоиҳаи қонунро пешниҳод намудааст ва ё намояндаи ваколатдори ӯ метавонад ба лоиҳаи қонун оид ба масъалаҳои дахлдор тағйиру иловаҳо ворид намояд ва онро такмил диҳад.

Иловаи банди 3631 тартиби баррасии такрории лоиҳаи қонунро, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ба кумитаи масъул пас гардонида шудааст, муқаррар менамояд.

Тағйиротҳо дар бандҳои 386 ва 401 тартиби қабули қонунҳое, ки аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ нагардидаанд ва ба Маҷлиси намояндагон баргардонида шудаанд, мушаххас мегардонанд ва муқаррар менамоянд, ки қонун, кодекс, қонуни конститутсионие, ки аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ нагардидаанд, ба шарте қабулшуда ҳисоб меёбад, ки агар ба тарафдории қонун, кодекс, на камтар аз се ду ва ба тарафдории қонуни конститутсионӣ на камтар аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дода бошанд.

Агар ба тарафдории кодекс, қонун бо назардошти пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз се ду ва ба тарафдории қонуни конститутсионӣ на камтар аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дода бошанд, онҳо қабулшуда ҳисоб меёбанд.

Бо илова намудани боби 181 тартиби савганд ёд кардани вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баъд аз интихоб шудан ба танзим дароварда мешавад.

Тағйироту иловаҳо ба боби 19 тартиби савганд ёд кардани раиси Палатаи ҳисоб, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисобро баъд аз таъин шудан ба вазифа муқаррар менамоянд.

Тағйироту иловаҳо ба боби 29 тартиби додани ризоят барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва савганд ёд кардани онҳоро дар Маҷлиси намояндагон баъд аз таъин шудан ба вазифа муқаррар менамоянд.

Ба лоиҳа аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҳамагӣ 11 таклифу пешниҳод манзур гардид, ки аз онҳо 6- тоашон қабул, 1-тоашон қисман қабул шуда, 4-тоашон қабул нагардиданд, ки сабаби онҳо асоснок карда шудаанд.

Лоиҳа бо Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат мувофиқ буда, татбиқи он маблағи иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб намекунад.

Татбиқи муқаррарот лоиҳа фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои онро боз ҳам содаву пурмаҳсул мегардонанд. Аз ин рӯ, аз шумо — ҳамкасбони гиромиқадр эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа — Маросими савгандёдкунии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ менамоем.

Вакилони муҳтарам, тағйиру иловаҳое, ки рӯзи 22-юми майи соли равон дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, аз ҷумла нисбат ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ талаботи нав муқаррар намуданд. Чунончӣ, мувофиқи талаботи қисми ҳафтуми моддаи 49-уми Конститутсия вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб шудан дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд менамояд. Дар ин замина ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, матни савганд ҳам муқаррар гардид.

Вакилони муҳтарам, пеш аз он ки мо савганд ёд кунем, зарур аст тартиби пардайпаии савгандёдкуниро муайян намоем.

Пешниҳод аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон бо чунин тартиб савганд ёд намоянд: аввал Раис, сипас вакилон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва баъдан вакилон аз ҳавзаҳои якмандатаи интихоботӣ.

Оид ба пешниҳоди мазкур чӣ фикру мулоҳиза доред? Ба овоз монда шавад?

Хоҳиш мекунам, оид ба ин масъала мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

 Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Азизӣ А. А: — Ҳоло навбати аввал барои савганд ёд кардан ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт, №12 Зуҳуров Шукурҷон дода мешавад.

Ман — Зуҳуров Шукурҷон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарки масъулият ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми нерӯ, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям.

Сипас, бо тартиби муайяннамуда вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Хайринисо Юсуфӣ, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Шариф Раҳимзода, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Раҷабова Лутфия Нусратовна, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Содиқова Насиба Нуруллоевна, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Амрихудои Дамдор, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Сафаров Олимҷон Ҷусупович, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ашурова Гулбаҳор Сангиллоевна, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ҳакимов Ориф Марифович, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Достизода Миралӣ, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Латифзода Рустам Барот, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ахмедов Мирзоанвар, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Бухориев Толибек Аҳмадович, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Бобоев Олимҷон, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Қудратов Рустам Раҳматович, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ғаффоров Абдуҳалим, вакил аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ, №1 Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, вакил аз ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ, №2 Бобоева Гулнора Исломовна, вакил аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур, № 3 Абдуалимов Баҳром Абдулазимович, вакил аз ҳавзаи интихоботии Сино, №4 Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович, вакил аз ҳавзаи интихоботии Турсунзода, №5 Шарипов Садридин Файзиевич, вакил аз ҳавзаи интихоботии Шаҳринав, № 6 Қодирова Мусалам Асомидиновна, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳисор, №7 Сироҷов Шарофиддин, вакил аз ҳавзаи интихоботии Сомонӣ, №8 Суфиев Хайрулло Сабзаалиевич, вакил аз ҳавзаи интихоботии Рудакӣ, №9 Давлатов Муродулло Исматович, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ваҳдат, №10 Муртазақулов Ҷамшед Саидалиевич, вакил аз ҳавзаи интихоботии Файзобод, №11 Асозода Хайрулло, вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, №13 Назирӣ Гулбаҳор, вакил аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, №14 Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Урунхоҷаев, №15 Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов, №16 Акрамзода Баҳодур Исмоил, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ашт, № 17 Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, вакил аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ, №18 Оқилзода Нурулло, вакил аз ҳавзаи интихоботии Конибодом, №19 Раҷабов Равшан Муҳитдинович, вакил аз ҳавзаи интихоботии Исфара, №20 Шарофидинова Мавзуна Шамсидиновна, вакил аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент, №21 Абдуназар Хисрав, вакил аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ, №22 Салимзода Олим, вакил аз ҳавзаи интихоботии Истаравшан, №23 Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ғончӣ, №24 Исмоилзода Зуфар Муртазохон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Спитамен, №25 Қобилов Аҳматҷон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа, №26 Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович, вакил аз ҳавзаи интихоботии Бохтар, №27 Ҷобирзода Тоҳир Гул, вакил аз ҳавзаи интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ, №28 Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ёвон, № 29 Азимзода Толибхон Ситамурод, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Румӣ, №30 Холиқов Ҳокимҷон Ҳикматуллоевич, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қубодиён, №31 Садриддинов Бадриддин Талбакович, вакил аз ҳавзаи интихоботии Вахш, №32 Сафарзода Бахтовар Амиралӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қумсангир, №33 Сабурзода Мирзодавлат, вакил аз ҳавзаи интихоботии Фархор, №34 Усмонзода Саидҷаъфар Усмон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ, №35 Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович, вакил аз ҳавзаи интихоботии Данғара, №36 Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб, №37 Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз, вакил аз ҳавзаи интихоботии Мӯъминобод, №38 Маҷидзода Ҷурахон Зоир, вакил аз ҳавзаи интихоботии Восеъ, №39 Сафаров Зайнудин, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ванҷ, №40 Рузадор Муҳаббатшо, ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ, №41 Фелалиев Акрамшо Саидшоевич савганд ёд карданд.

РАИС: — Вакилони гиромӣ,

Мо бо ёд кардани савганди садоқат ба халқи Тоҷикистон на танҳо ба боварии интихобкунандагони худ расман арҷ гузош­тем, балки дар таърихи парламентаризми тоҷик саҳифаи нав навиштем.

Қобили зикр аст, ки савганд аз замонҳои хеле куҳан нуқтаи оғози ҳама гуна масъу­лият дар назди давлату миллати худ эътироф шудааст. Савганд ёд кардани вакилони мардумӣ бошад, имрӯз дар як қатор давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз қабили Канада, Полша, Туркия, Покистон, Қазоқистон ба ҳукми анъана даромадааст.

Фаъолияти парламентро дар доираи эҷоди ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон бунёдӣ унвон кард. Вакилонанд, ки қонунҳоро таҳия ва қабул менамоянд ва тамоми кишвар аз рӯи онҳо зиндагӣ ба сар мебарад. Вале то имрӯз дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми вакили Маҷлиси намояндагонро муайян мекунад, маҳз ҳамин меъёри такмилдиҳандаи ахлоқӣ, яъне маросими ба халқ савганд ёд кардан, намерасид.

Савганде, ки мо ёд кардем, хеле пурмуҳтаво ва фарогир аст ва амиқиву ҷиддияти масъулияти вакилӣ, муқаддасоти ин вазифаи пурифтихор ва мақоми олии намояндагиро бори дигар таъкид менамояд.

Онгуна, ки савганд барои сарбоз қонуни асосии ҳаёти ҳарбӣ, як муқаддасот ба шумор меравад, умедворам, савганди ёдкарда барои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам арзиши воқеан олӣ дорад ва дар иҷрои содиқонаи вазифаҳоямон омили иловагии таҳрикбахшандае хоҳад шуд.

Кори ҷаласаи якуми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир А.ИСОЕВ