Вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар асоси Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 январи соли равон ба шаҳру навоҳии мамлакат сафарбар гардиданд.
Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Бино бар иттилои расида, вакилони мардумӣ тӯли даҳ рӯз дар назди интихобкунандагон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро шарҳу тавзеҳ хоҳанд дод.
Инчунин, доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки Маҷлиси Олии мамлакат қабул кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва амсоли инҳо табодули назар хоҳанд кард.
«Садои мардум»