Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон яке аз масоили ҳассос аст ва дар ин самт чораҷӯӣ шуда истодааст. Бародароне, ки маълумоти муфассал надоранд, ба эҳсосоти хунгармона дода нашуда, бояд дарк намоянд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ин маврид ҳеҷ гоҳ хомӯш набуданд ва ҳама гуна воқеаву рӯйдодро, ки манфиатҳои миллат, давлат ва кишвари Тоҷикистонро дар бар мегиранд, пайгирӣ менамоянд.
Имрӯзҳо дар баробари комиссияи ҳукуматӣ намояндагони вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва дар паҳлуи мардуми Исфара ҳалли масъаларо пайгирӣ менамоянд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон