Бисту нуҳуми майи соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 57 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи аҳднома оид ба боркашонии байналмилалии нақлиётӣ (КАБ) марбут ба борхати электронӣ
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи аҳднома оид ба боркашонии байналмилалии нақлиётӣ (КАБ) марбут ба борхати электронӣ» сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек дода мешавад.
ХУДОЁРЗОДА Худоёр Завқибек:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Рушди тиҷорати байналмилалӣ ва таъминоти нақлиётии он дар бисёр ҳолат бо шарофати қабул гардидани Созишнома ва Аҳдномаи Созмони Милали Муттаҳид имконпазир гардидааст. Шаҳодати он таҷрибаи бадастомадаи истифодаи чунин роҳҳо барои саҳмгузории бевосита ба системаи аҳамиятнок ва муташаккили нақлиётӣ дар фазои паҳновари АвруОсиё мебошад. Дар баробари ин, ворид гардидани навигариҳо дар соҳаи нақлиёт ба муносибатҳои куллан нав барои ташкили интиқол ва идора намудани онҳо боис гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои иҷлосияи 79-уми Кумита оид ба нақлиёти дохилии Комиссияи аврупогии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Женева 20 — 24 феврали соли 2014 баргузор гардид, вазирон ва намояндагони воломақоми 58 мамлакат, аз ҷумла комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба нақлиёт, омодагиашонро барои ворид ва васеъ намудани тағйироти технологӣ ба ҳама намуди нақлиёт, аз ҷумла, ба воситаи муносиб намудани гузариш ба гардиши рақамии ҳуҷҷатҳо, пеш аз ҳама, дар сохтори боркашонии байналмилалӣ, изҳор намуданд.
Алоқамандии технологияи инфрасохтори ахборотӣ – коммуникатсионӣ барои ҷалби боркашониҳо ба долонҳои нақлиётӣ дар минтақа нақши муҳим мебозад. Ворид намудани борхати электронӣ аз ҷумлаи инноватсияҳои охирин нест, ки дар мамлакатҳои минтақа паҳн шудааст. Оғоз аз соли 2008 Конвенсияи боркашонии байналмилалӣ бо нақлиёти рӯизаминӣ (КДПГ соли 1956) дар таҷрибаи боркашонии автомобилии байналмилалӣ васеъ истифода гардида, бо протоколи иловагӣ пурра карда шуд, ки ба борхати электронӣ ё ЕСМР номгузорӣ гардид. Протоколи мазкур 5 июни соли 2011 эътибори қонунӣ пайдо намуда, ба он 11 давлат, аз ҷумла, Россия, Қазоқистон ва кишварҳои назди Балтика, ҳамроҳ гардиданд.
Протоколи иловагии CMR аз пойгоҳи ҳуқуқӣ барои пешниҳоди имкониятҳо ба тарафҳои Созишномаи байналмилалии боркашонии автомобилӣ тартиб додани борхат бо ёрии табодули электронии маълумотҳоро дар бар мегирад. Ҳамроҳшавӣ ба протоколи иловагӣ истифодаи ҳуҷҷатҳои коғазиро маҳдуд накарда, зина ба зина ба истифодаи E-CMR гузаштанро таъмин менамояд.
Дар баробари ин, ворид намудани E-CMR ба осон намудани ҳамбастагии навъҳои нақлиёт ҳангоми боркашониҳои мултимодалӣ ва баланд бардоштани назорат аз рӯи занҷираи дастраскуниҳо барои мақомоти назораткунанда равона гардидааст, ки ҷозибияти долонҳои нақлиётии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарандаро баланд мебардорад.
Истифодаи E-CMR имкониятҳои амалиётҳои ба борхати КДПГ вобастаро (шаҳодатномаи қабул ва супоридани бор, гирифтани тасдиқномаи дастрас гардидан, пешниҳоди талаботҳо, тавсия ва содир намудани қайду шарт, додани дастур ва ғайраро) баланд мебардорад. Гардиши электронии E-CMR ба пастшавии бозистии дастраскунандаҳои нақлиётӣ ва соҳибони борҳо барои муҳргузорӣ, коркард ва бойгоникунии борхатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунанда, ҳамчунин, баланд бардоштани дақиқи ҳисобҳо бо истифодаи маълумотҳои дар он мавҷуда мусоидат менамояд. Ворид намудани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо имкони гузаронидани амалиётҳо дар реҷаи вақти воқеӣ имкон медиҳад, ки имконият барои тезонидани гардишнокии маблағҳои пулӣ созмон дода мешаванд.
Истифодаи замимаҳои электронии бисёрзабона барои дастгирии гардиши E-CMR дар сабук намудани кори ходимон мусоидат менамояд. Борхати электронӣ метавонад ба системаи иттилоотии корхона вобаста ба дигар маҳсулоти рақамӣ барои ташкил ва амалӣ намудани боркашонӣ (эъломияи гумрукӣ, ЕTIR идоракунии молиявӣ, боркашонӣ ва ғайраҳо) ворид гардад. Дар системаи иттилоотии дастраскунандаи нақлиётӣ пайдо гардидани борхати электронӣ имконияти коммуникатсияро бо пойгоҳи маълумотӣ дар боркашонии тарафҳо ҷалбгардидаро беҳтар мегардонад.
Протоколи иловагӣ ё истифодаи E-CMR, ҳамчунин, бартариятҳои зерин дорад;
- онро сохтакорӣ карда намешавад, яъне, ҳаҷми бори интиқолшавандаро дар борхати электронӣ тағйир додан ғайриимкон аст. Ин барои пешгирии қочоқ механизми ниҳоят қулай мебошад;
- то расидани воситаи нақлиёт маълумот дар бораи он ва бори интиқолшаванда пурра дар гузаргоҳҳои давлатҳое, ки мол тавассути он ҳамлу нақл мегардад, дастрас мегардад. Механизми мазкур барои коҳиш додани исти воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳо мусоидат менамояд;
- борхати электронӣ гум намешавад, ин яке аз масъалаҳои ҳалталаб нисбати борхати қоғазӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур 3 июли соли 1996 ҳамроҳ гардида, он дар амалӣ намудани боркашонӣ дар хатсайрҳои байналмилалии автомобилӣ самаранок мавриди истифода қарор дорад.
Бо дарназардошти ин, хоҳиш менамоям, ки ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи аҳднома оид ба боркашонии байналмилалии нақлиётӣ (КАБ) марбут ба борхати электрониро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.
Хайрулло АСОЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи аҳднома оид ба боркашонии байналмилалии нақлиётӣ (КАБ) марбут ба борхати электронӣ аз 19 майи соли 1956, ки 20 феврали соли 2008 дар шаҳри Женева имзо гардидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи КДПГ (СМР) 3 июли соли 1996 ҳамроҳ гардидааст ва муоҳидаи мазкур дар амалӣ намудани боркашонӣ дар хатсайрҳои байналмилалии автомобилӣ самаранок мавриди истифода қарор дорад. Дар баробари ин, ворид гардидани навигариҳо дар соҳаи нақлиёт ба муносибатҳои куллан нав барои ташкили интиқол ва идора намудани онҳо боис гардид.
Протоколи иловагии мазкур аз пойгоҳи ҳуқуқӣ барои пешниҳоди имкониятҳо ба тарафҳои Конвенсияи байналмилалии боркашонии автомобилӣ тартиб додани борхат бо ёрии табодули электронии маълумотро дар бар мегирад.
Дар системаи иттилоотии дастраскунандаи нақлиётӣ пайдо гардидани борхати электронӣ имконияти коммуникатсияро бо пойгоҳи маълумоти дар боркашонии тарафҳо ҷалбгардида беҳтар мегардонад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи аҳднома оид ба боркашонии байналмилалии нақлиётӣ (КАБ) марбут ба борхати электрониро ҷонибдорӣ намуданд.
Протоколи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки тасдиқи протоколи иловагии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Оид ба ин масъала кӣ савол дорад?
Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Масъалаи мазкур яке аз навъҳои мубориза бо коррупсия маҳсуб меёбад. Мо хеле муддат аст, ки аз боби ҳукумати электронӣ сухан мегӯем, вале дар амалия пешравии ҷолиби таваҷҷуҳ ба назар намерасад. Вобаста ба ин, пурсиданиям, ки роҳхатҳои электронӣ тӯли чӣ қадар вақт дар амалия ҷорӣ мешаванд ё вақти муайян барои он ҷудо карда мешавад?
ХУДОЁРЗОДА Худоёр Завқибек: -Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!
Роҳхати электронӣ, пеш аз ҳама, барномаи компютерӣ буда, аз ҷониби Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид якҷо бо Иттиҳодияи байналмилалии нақлиёти автомобилӣ тарҳрезӣ шудааст ва айни ҳол ба давлатҳои аъзои Иттиҳодияи байналмилалии нақлиёти автомобилӣ ройгон дода мешавад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи байналмилалии боркашонии АБАК узви комилҳуқуқи иттиҳодияи мазкур мебошад. Роҳхати электронии мазкур дар серверҳои назоратӣ насб карда, тибқи он, корбарӣ сурат мегирад.
Бо ҷорӣ кардани борхати электронӣ Консепсияи «Истгоҳи ягона» ва «Равзанаи ягона» низ татбиқ карда мешавад. Ин басо аҳамияти килон дорад ва мо кӯшиш менамоем, ки роҳхати электронӣ ҳар чӣ зудтар ҷорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи аҳднома оид ба боркашонии байналмилалии нақлиётӣ (КАБ) марбут ба борхати электронӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ Собирзода Эмомалӣ дода мешавад.
Эмомалӣ СОБИРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Вазорати мудофиа таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳону минтақа, тақвият ёфтани терроризм ва экстремизм, пайдо шудани гурӯҳҳои калони ҳарбӣ, мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи террористӣ дар кишвар, ки метавонанд ба амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонанд, тақозо менамояд, ки ваколатҳои мақомоти разведкаи ҳарбӣ ба талаботи мубориза ба муқобили таҳдиду хатарҳои муосир мутобиқ карда шаванд.
Мақомоти разведкаи ҳарбӣ, тибқи қонунгузорӣ, фаъолияти разведкавиро берун аз кишвар ба роҳ монда, барои муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм ва фаъолияти экологӣ дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ пешбинӣ нашудааст.
Қабули тағйиру иловаҳо барои таъсис додани манбаъҳои иловагии маблағгузории фаъолияти разведкаи ҳарбӣ, роҳандозӣ намудани чорабиниҳои махфӣ ва ғайримахфии разведкавӣ, мутамарказонии идоракунии мақомоти разведкавӣ дар замони ҷанг, истифодабарии силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва махсус ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнудин дода мешавад.
Зайнудин САФАРОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади ба инобат гирифтани вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳону минтақа, тақвият ёфтани терроризм ва экстремизм, мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи террористӣ дар кишвар, ки метавонанд ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонанд, инчунин пайдо намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти разведкаи ҳарбӣ берун аз кишвар, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таклифҳо пешниҳод гардида, дар маҷмӯъ, ба инобат гирифта шуданд. Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ Собирзода Эмомалӣ дода мешавад.
Эмомалӣ СОБИРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ» аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Он дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ва санадҳои дигари меъёрии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, таҳия шуда, маротибаи аввал дар ҷумҳурӣ таҳия мегардад.
Мақсади таҳияи лоиҳаи қонун фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҷанг, пешгирӣ ва зада гардонидани таҷовуз ё таҳдиди таҷовуз ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, мукаммалгардонии иқтидори мудофиавии давлат буда, чорабиниҳои иқтисодӣ, дастгирии корхонаву муассисаҳо ва омодагии сафарбарии иқтисодиётро ҳангоми ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ дар бар мегирад.
Ҳолати ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маҳалҳои алоҳидаи он, тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд, бо муайян намудани сарҳади маҳалли ҷанг, амалӣ карда мешавад. Дар ин давра гузаронидани чорабиниҳои сиёсии дохилию берунӣ, ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ҳарбӣ пешбинӣ мегарданд.
Лоиҳаи қонун барои таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратура ва судҳо, мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро мушаххас намудааст.
Тибқи лоиҳаи қонун, бо мақсади таъмини амнияти тартиботи ҷамъиятӣ, иншоотҳо, реҷаи махсуси фаъолият, тартиби таҳия, ҷорӣ намудани ворид ва беруншавӣ аз маҳал, ки дар он реҷаи ҳолати ҷангӣ амал мекунад, чораҳои дахлдор андешида мешавад. Он ҳангоми амали ҳолати ҷанг, баргузории чорабиниҳои ташвиқотӣ –таблиғотӣ ё дигар амалҳоро, ки ба таъмини амният ва мудофиа дахолат менамоянд, маҳдуд мекунад. Дар давраи амали ҳолати ҷанг барои гузаронидани корҳои мудофиавӣ ҷалб намудани шаҳрвандонро низ пешбинӣ менамояд.
Ҳамчунин, лоиҳаи қонун бо мақсади эҳтиёҷоти мудофиавии кишвар масъалаҳои мусодираи молу амволи шаҳрвандон ва ҷуброн намудани арзиши он, маҳдудкунии ҷойи истиқомат, гузаронидани гирдиҳамоӣ, ҷаласаҳо, интихобот ва раъйпурсӣ, ҳаракати нақлиёт ва азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт, гаштугузори онҳоро дар кӯчаҳо дар бар мегирад.
Лоиҳаи қонуни таҳиягардида дар замони ҷанг хариду фурӯши силоҳ, доруҳои дар таркибашон маводи психотропидошта ва машруботи спиртиро манъ кардааст.
Ба мақомоти ваколатдор салоҳияти бурдани назорат аз болои воситаҳои алоқа, нашриёти чопӣ, ҷорӣ намудани сензура ва дигар воситаҳои ахбори омма дода шудааст.
Дар давраи ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг масъалаҳои берун шудани шаҳрвандон ба хориҷ ва дохил шудани онҳо дар кишвар маҳдуд ё қатъ мегардад. Дар ин давра гузаронидани чорабиниҳо оид ба риояи реҷаи махфӣ, нигоҳдории сирри давлатӣ, разведкавӣ, контрразведкавӣ, оперативӣ – ҷустуҷӯӣ пурзӯр карда мешаванд.
Реҷаи рӯзи корӣ, маблағгузорӣ, пардохти музди меҳнат тибқи нақшаи алоҳидаи нигоҳдории ҳолати ҷангӣ ба танзим дароварда мешавад. Илова бар ин, тартиби ҷамъоварии андоз, муфлисшавӣ ва боҷи гумрукӣ муқаррар мегардад.
Лоиҳаи қонун истифодабарии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбиро дар ҳудуде, ки ҳолати ҷанг ҷорӣ мешавад, пешбинӣ намуда, идоракунии ҳарбиро дар он ва вазифаҳои шаҳрвандонро бо ин мақсад муайян мекунад. Дар давраи ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг бо мақсади таъмини мудофиаи давлат, иншоот, воситаҳои нақлиёт, ки дар моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор доранд, метавонанд истифода гарданд.
Тибқи лоиҳаи қонун, масъалаҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ барои риоя накардани реҷаи ҳолати ҷангӣ пешбинӣ шудааст.
Дар хотимаи лоиҳаи қонун тартиб ва ҳолати қатъ шудани ҳолати ҷангӣ муайян гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур, бо дарназардошти пешниҳодҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, такмил дода шуда, ваколатҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мушаххас карда шудаанд.
Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнидин дода мешавад.
Зайнидин САФАРОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни баррасишаванда, ки аввалин маротиба дар шакли қонун бо ҷонибдории шумо – вакилони гиромӣ қабул карда мешавад, баҳри таъмини мудофиавии мамлакат дар ҳолати ҷангӣ бахшида шудааст, ки дар урфият мегӯянд: «Агар сулҳ хоҳӣ, ба ҷанг омода бош». Лоиҳаи қонун ҳамчун дастури сулҳофарона барои таъмини сулҳу амният дар Тоҷикистон хизмат менамояд. Итминони комил дорам, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва дарҳои бозро сармашқи фаъолияти давлатдорӣ пеша намудаанд, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳеҷ гоҳ ҳолати ҷангӣ эълон нахоҳад шуд.
Лоиҳаи қонун аз 18 модда иборат буда, бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо барои мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати ҷангӣ, пешгирӣ ва зада гардонидани таҷовуз ё таҳдиди таҷовуз ба муқобили Тоҷикистон, инчунин мукаммалгардонии иқтидори мудофиавии давлат, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз сохторҳои номбурда 87 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ онҳо дар мувофиқа бо ташаббускорони лоиҳа, ба инобат гирифта шуданд.
Илова бар ин, кумита таклифу пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ва муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ манзур шуда буданд, бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, намояндаи бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, лоиҳа такмил дода шуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Маърӯзаҳо поён ёфтанд. Оид ба ин масъала кӣ савол дорад? Сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.
Ҷаббор АХМЕДОВ: — Саволи ман ба қисми дуюми моддаи 4 вобастагӣ дорад. Дар он зикр шудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҷангиро эълон менамояд. Ин маънои онро дорад, ки вақте ҳолати ҷангиро эълон мекунанд, он бояд дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда шавад. Агар ҷаласа фаврӣ даъват нагардад, дар ин маврид чӣ кор мебояд кард?
МАҶИДЗОДА Ҷурахон Зоир – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният: — Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ! Дар қисми дуюми моддаи 4 омадааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҷангиро эълон мекунад».
Онро ба эътибор бояд гирифт, ки вақте ҳолати ҷангӣ эълон мешавад, ҳама ҷаласаҳо фаврӣ доир мегарданд. Яъне, фармони Президент фаврӣ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабзода Равшан Муҳитдин дода мешавад.
РАҶАБЗОДА Равшан Муҳитдин:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Қайд кардан бамаврид аст, ки то таҳияи қонуни мазкур масъалаҳое, ки бо ҳолати ҷангӣ вобаста мебошанд, дар боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ки 4 ноябри соли 1995 қабул гардида, «Ҳолати ҷанг. Вазъияти ҳарбӣ ва Сафарбаркунӣ» ном дорад, мушаххас танзим ёфтааст.
Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки дар моддаи 9, ки ба Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳолати ҷангӣ, моддаи 10 – Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ, моддаи 11 – Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ, моддаи 12 — Ваколатҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар давраи ҳолати ҷангӣ ва моддаи 14 — Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар давраи амали реҷаи ҳолати ҷангӣ бахшида шудааст, хеле возеҳ салоҳият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар давраи ҳолати ҷангӣ муқаррар карда шудааст.
Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.
Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда низоми идораи шохаҳои ҳукумат, зерсохторҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, онро ба танзим медарорад.
Давлат механизми идораи зерсохторҳои ҳукуматро дар давраи осоишта дар ихтиёр дорад ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ вуҷуд дорад. Вале, баъзе ҳолатҳое мешаванд, ки барои идораи он ҳанӯз қонун иҷро нашудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ» яке аз онҳост. Ҳолати ҷангӣ талабот ва мушкилоти ғайричашмдошт дорад. Вобаста ба ин, ҳар давлати соҳибистиқлол барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар амалияи ҳолати ҷангӣ амалҳои заруриро анҷом медиҳад. Яъне, лоиҳаи қонун талаботи ҳар як давлати соҳибистиқлол буда, низоми идораи шохаҳои ҳукумат, зерсохторҳои он, Қувваҳои Мусаллаҳ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар замони ҳолати ҷангӣ муайян менамояд. Ин қонун имкон медиҳад, ки дар ҳолати ҷангӣ давлат мутамарказ ва муташаккилона идора карда шавад.
Аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории қабули лоиҳаи қонун овоз диҳед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба вакил Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.
САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:
- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ! Лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ иқдоми дигари пур кардани фазои ҳуқуқии кишвар маҳсуб меёбад, зеро эълон кардани ҳолати ҷангӣ объекти танзими конститутсионӣ мебошад. Банди дуюми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси эълон кардани ҳолати ҷанг муайян кардааст. Банди 21 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла чунин салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар кардааст: «Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангиро эълон менамояд ва фармонро барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад». Яъне, ин ҳолате мебошад, ки бевосита дар Конститутсия зикр гардидааст.
Бинобар ин, мо бояд барои танзими муносибатҳое, ки дар ҳолати ҷанг ба вуҷуд меояд, қонуни алоҳида дошта бошем. Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба таҷрибаи давлатҳои пешрафта мутобиқат мекунад. Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ менамояд ва аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ», мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт ба овоз монда, қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ