Дар сӯгвории дӯст ва бародари арҷманд Муҳаббатшо Рӯзадор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ванҷ, № 40
Аз он рӯзи тираву боронӣ ва хеле ғамангез қариб як моҳ сипарӣ мешавад. Ҳамон рӯзе, ки хабари даргузашти дӯст ва бародари гиромӣ Муҳаббатшо Рӯзадор баробари расидани аввалин нурҳои хуршед ба замин барқосо паҳн шуд. Марг саҳари барвақт ба суроғаш омад. Ғайри интизори мо, ҳамкорону дӯстон. Ва худаш низ. Ғофилгираш кард…
Чун одат он рӯз ҳам барои варзиш ба майдончаи мактаби назди хонааш баромад. Варзиш кард. Марди чорпаҳлу ва тануманд, ки буд, аз хеле пеш ба обутоби ҷисмонӣ ва бадан шуғл доштанашро гувоҳӣ медод. Пас аз тамрини субҳгоҳӣ хушҳол ба хона баргашта, барои рафтан ба кор омода мешавад. Ба хонумаш ширчой супориш дода, барои риштарошӣ ба ҳаммом медарояд. Фурсат имкон медиҳад, ки танҳо як бари рӯяшро тарошад. ҳамон дам панҷаи бераҳми марг гиребонаш мегирад…
Шинохта буд ӯ. Тавассути дониш ва маҳорати касбӣ ҷояшро дар ҷомеа ёфт. Аз Бадахшон то Зарафшон ва Суғду Хатлон дӯстону шогирдони зиёд дошт. Аксар ӯро аз замони омӯзгорӣ дар Донишгоҳи шаҳри Хоруғ ва фаъолият дар Академияи илмҳо мешинохтанд. Самимияти аз андоза зиёд, бархӯрди олии инсониаш дар дилу дидаҳо маъво гирифта. Зангҳои бешумори тасаллият, ки ҳар рӯз ба мо мерасанд, инро собит мекунанд.
Изҳори ҳамдардӣ менамоянд, худро ғамшарики ин мусибат медонанд. Ва ғолибан суҳбатҳои телефонӣ бо ин пурсишҳо анҷом мешаванд; Чӣ тавр? Охир муаллим.., Ҳанӯз вақти зиндагиаш.., Хеле қавӣ… ва амсоли ин.
Аз рӯи одоб ва русуми миллӣ касе ҷуръат, аниқтараш ёрои ба замони гузашта бурдани воқеиятро намекунад. Бештар аз рӯи меҳр. Воқеан ҳам боварнакарданист.
Бале, қавиву тануманд буд. Аммо аз ӯ қавитар низ дасте будааст, ки касе сарпанҷаашро намегирад. Бидуни истисно ҳама дарро мезанад. Ҳар вақту соате, ки дилаш хост. Бо навбат…
Ҳама маргроем пиру ҷавон,
Ба гетӣ намонад касе ҷовидон!
Беҳтарин суханонанд фармудаҳои Ҳакими Тӯс — Абулқосим Фирдавсӣ дар ин маврид. Дилро тасаллӣ мебахшанд. Ва ҳушдори хубе баҳри боқимондаҳоянд. То ба қадри умр — «ашк як лаҳза ба мижгон бор» бирасанд, ки фардо дерашон нашаваду ангушти таассуф нагазанд.
Дӯсти донишманди мо ба умқи ин суханон хеле барвақт фурӯ рафта буд. Мекӯшид ҳар лаҳзаи умрро мақсаднок ва бафоида истифода барад. Ишқу алоқааш ба хонаводаи хушномаш махсус буд. Фарзандони калонӣ Дилбару Сарвар соҳибмаълумот. Духтари хурдиаш Гулҷаҳон дар хориҷ мехонад.
Ба кор муносибати хеле ҷиддӣ дошт. Субҳи саҳар дари дафтари кориаш боз буд. Масъулият дошт. Корашро ба навъи аҳсан ба ҷо меовард. Муовинати раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (дар мушкилтарин солҳо!), мушовири калони Сарвари Ҷумҳури Тоҷикистон дар ташаккули ӯ ҳамчун шахсият нақш доштанд.
Робитааш бо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ хеле олӣ буд. Ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хос дошт. Эътироф бояд кард, ки онҳо низ эҳтиромаш мекарданд.
- Аҷаб одамоне ҳастанд, — боре аз суҳбати як мансабдори давлатӣ ранҷида, забони шиква боз кард Муҳаббатшо: — Ба созмонҳои ғайридавлатӣ тавре нигоҳ мекунанд, ки гӯё фарзанди ӯгаю одамони ба ҷомеаи мо бегона бошанд. Охир, воқеият таври дигар аст — ку. Онҳо ҳам бародару хоҳарони моанд. Баробар бо ниҳодҳои давлатӣ барои ободии ин марзу бум заҳмат мекашанд. Ҳатто дар баъзе маврид пешдасттар ҳам ҳастанд. Ва агар кишвар ҷомеаи шаҳрвандии пешрафта надошта бошад, чӣ гуна метавонад ормонҳои олии демократиро амалӣ кунад?
- Ба бахти мардум мо Сарвари давлати дурандеш дорем, ки ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ эътибори зиёд медиҳанд. Вагарна баъзе аз мансабдорон даст ёбанд, аз гулӯи созмонҳои ғайридавлатӣ мегиранд…
Дили нозук ва дардошно дошт Муҳаббатшо. Аз беҳудагӯйӣ, суханпароканиҳои бемавқеъ хушаш намеомад. Кам, вале ҳадафманд ҳарф мезад. ҳарфе, ки дархӯри дарди ҷомеа бошад. Бо ҳарорат, муҳаббат ва самимият суҳбат мекард. Нотиқ буд. Ҳамсуҳбату шунавандааш яқин эҳсос мекард, ки ӯ шефтаву ошиқ аст. Оре, ошиқ. Ошиқи сарзамини биҳиштосо — Тоҷикистон!
Ҳайфо! Дареғо! Дар авҷи камолоти зиндагӣ ин дили саршор аз ишқ аз тапидан бозмонд.
Ёдат ба хайр, Муҳаббатшои гиромӣ!
Муносибтар аз фармудаи Абулмаонӣ, ҳазрати Бедил чун ҳусни хотима дар ин чанд сатри парешон пайдо накардам:
… Ҷуз дуо, дигар чӣ ояд аз ману сомони ман!
Олим САЛИМЗОДА,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот