Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Ваколатҳои мақомоти маҳаллӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия муайян гардид

№75 - 76 (4495 - 4496) 18.06.2022

DSC_4484Понздаҳуми июни соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 55 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Азизмамад Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Хуршед Каримзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Султон, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Мавлодод ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа 15 масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм дар хониши якум

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ»

4. Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории сеюми иловагӣ барои лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои тахассусӣ ба кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

12. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

13. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

14. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа»

15. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала «Оид ба лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм дар хониши якум» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм дар хониши якум бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 апрели соли 2013 таҳия шудааст.

Бо мақсади таҳия ва такмили ниҳоии лоиҳаи кодекс дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 апрели соли 2019 гурӯҳи корӣ аз намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ таъсис дода шуд.

Лоиҳаи кодекс бо дарназар­дошти таҳлили амалияи татбиқи беш аз 20-солаи Кодекси гражданӣ, навгониҳои бавуҷудомада дар муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ ва соҳибкорӣ, тадқиқотҳои илмӣ — амалӣ таҳия гардида, ба талаботи муосири муносибатҳои ҳуқуқии соҳа ҷавобгӯ мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳими лоиҳа он аст, ки дар ном ва матни кодекс истилоҳи «гражданӣ» мутобиқ ба услуби ифода дар забони давлатӣ ба истилоҳи «маданӣ» иваз карда шуд.

Мувофиқи таҳлили масъала, ки гурӯҳи корӣ анҷом додааст, аз 80 давлат, ки амалияи он ба назар гирифта шудааст, дар 50 давлат вожаи аслии баромади он «civil», «цивиль» (ба маъноҳои «шаҳрвандӣ» ва «маданӣ»), дар 20 кишвари дигар калимаҳои мазмунан наздики он истифода мегарданд. Масалан, дар Ӯзбекистан истилоҳи «фуқаро», Туркманистон — «раият», Озарбойҷон — «мулк» ва Қазоқистон — «азамат» истифода шуда, дар Афғонистон, Туркия, Урдун, Эрон ва дигар давлатҳо калимаи «маданӣ» истифода мегардад.

Вожаи «маданӣ» ифодагари моҳияти муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии субъектҳои ҳуқуқи маданӣ (гражданӣ) мебошад, ки кодекси мазкур ба танзим медарорад.

Дар қисми якуми лоиҳа асос­ҳои умумии қонунгузории маданӣ муқаррар гардида, тибқи он, қонунгузории маданӣ муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиеро, ки ба баробарӣ, мухторияти ирода ва мустақилияти молумулкии иштирокдоронашон асос ёфтаанд, танзим менамояд.

Дар қисми мазкур муносибатҳо оид ба вуҷуд омадани ҳуқуқу уҳдадориҳои маданӣ ва амалинамоии ҳуқуқҳои маданӣ, субъектони муносибатҳои маданӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо, объектҳои ҳуқуқи моликият, ҳуқуқи ашё ва моликият ва тарзҳои ҳимояи ин ҳуқуқҳо, намояндагӣ ва ваколатнома, муҳлатҳо дар муносибатҳои маданӣ ва мурури даъво, аҳдҳо ва шартномаҳо, қоидаҳои умумӣ оид ба уҳдадориҳо ва таъмини иҷрои уҳдадориҳо ва ғайра танзим карда шудаанд.

Дар лоиҳаи кодекс фасли нав, ки ба ҳуқуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ бахшида шудааст, пешбинӣ гардида, ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкие, ки мавҷудияти табиӣ ва иҷтимоии шахси воқеиро дар муносибатҳои маданӣ таъмин мекунанд, бори аввал дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда шудаанд.

Инчунин, дар лоиҳа фасли нав ба ҳуқуқи ашё бахшида шуда, дар он мафҳум, намудҳои соҳибӣ ҳамчун падидаи ҳуқуқи маданӣ ва ҳимояи он пешбинӣ мегардад. Меъёрҳои дахлдор оид ба соҳибияти ­объектҳо, ба монанди пулҳои нақдӣ ва қоғазҳои қиматноки ҳуҷҷатӣ, ашёи бо нишонаи навъ муайяншаванда дар сурати фардикунонӣ, ашёе, ки дар ҷараёни бунёд қарор дорад, ашёи муомилоти маданиашон маҳдуд, ки танҳо ба иштирокдорони муайяни муомилот мансуб мебошанд ва соҳибият нисбати қисми ашёи ғайриманқул бо шартҳои мушаххас дар лоиҳаи кодекс муайян шудаанд.

Дар муқаррароти умумӣ оид ба ҳуқуқи моликият мазмуни меъёрҳо таҳрир, камбудиҳои дар он мавҷудбуда бартараф карда шудаанд. Як қатор меъёрҳо, ки ба ҳуқуқи уҳдадорӣ бахшида шудаанд, аз ҷумла мафҳуми уҳдадорӣ вобаста ба мазмун такмил дода шуда, уҳдадориҳои алтернативӣ, фаръӣ ва воқеӣ пешбинӣ гардидаанд.

Тағйироти дахлдор дар масъалаҳои таъмини иҷрои уҳдадорӣ низ дида мешаванд. Меъёрҳои кодекс дар ин самт ба низом дароварда шуда, тартиб ва шартҳои нигаронидани ситониш нисбати мавзӯи гарав, гузашт кардани на танҳо ҳуқуқ, инчунин уҳдадориҳо вобаста ба шартномаи гарав муайян карда шуда, гарави ҳуқуқ, инчунин ашё ва ҳуқуқе, ки дар оянда ба вуҷуд омада метавонад, аз ҷумла захираҳои минбаъдаи маҳсулоти истеҳсолнамудаи гаравдеҳ, бунёди ашёи ғайриманқул ё қарзи дебиторӣ ба сифати мавзӯи гарав, пешбинӣ мешаванд.

Муқаррароти умумӣ оид ба шартнома такмил дода шуда, дар он тартиби гузаронидани гуфтушунид оид ба бастани шартнома муайян, принсипи озодии шартнома мушаххас ва меъёрҳои нав дар хусуси шартномаи қолабӣ ва беэътибории шартнома пешниҳод карда шудаанд.

Қисми дуюми кодекс ба навъҳои алоҳидаи уҳдадориҳо бахшида шуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳоро дар шартномаҳои гуногуни ҳуқуқии маданӣ танзим менамояд. Аксарияти муқаррароти ин қисми кодекс хусусияти диспозитивӣ доранд, яъне ҷонибҳо дар доираи қонунхои амалкунанда метавонанд меъёрҳои онҳоро тағйир диҳанд ё шартҳои наверо, ки ба моҳияти муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ ҷавобгӯ мебошанд, муқаррар намоянд.

Дар маҷмӯъ, дар қисми дуюм беш аз 64 намуди гуногуни шартномаҳо пешбинӣ гардида, ҳамчунин, бо ин уҳдадориҳо бинобар расонидани зарар ва уҳдадориҳо дар натиҷаи дорошавии беасос танзим карда шудаанд.

Қисми сеюми кодекс ба се мавзӯи алоҳида бахшида шуда, муқаррароти умумӣ оид ба моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи мерос ва ҳуқуқи байналмилалии хусусиро дар бар мегирад. Дар ин қисм объектҳои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, асосҳои ба вуҷуд омадани ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ва мазмуни ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ танзим ёфта, алоқамандии қоидаҳои умумӣ бо қонунҳои соҳавӣ муқаррар гардидаанд.

Ҳамчунин, муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба мерос ва меросгирӣ такмил дода шуда, меросгирӣ, тибқи васиятнома ва меросгирӣ, тибқи қонун, қабул ва даст кашидан аз мерос, бекор кардани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос, ҷавобгарии меросгирон аз рӯи қарзҳои меросгузор, меросгирии ашёе, ки муомилоташон маҳдуд аст, фаро гирифта шудаанд.

Дар самти ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ бошад, вазъи ҳуқуқии субъектони муносибатҳои маданӣ — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, масъалаҳои гуногуни вобаста ба амалинамоии аҳдҳо бо иштироки хориҷиён ва аз ҳама муҳим — тартиби татбиқи ҳуқуқ ҳангоми мухолифати қонунҳоро танзим менамояд.

Дар маҷмӯъ, лоиҳаи кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1351 модда, ки дар 8 фасл ва 72 боб мураттаб гардидаанд, иборат мебошад.

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм дар хониши якум бо дарназардошти тағйироту иловаҳои ба он воридгардида, ба талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошад.

Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро дар хониши якум ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам дода мешавад. Марҳамат.

Шоҳмурод РУСТАМ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм дар хониши якум бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ яке аз соҳаҳои мураккабтарини муносибатҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, он ҳамчун асоси муносибатҳои соҳибкорӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, заминистифодабарӣ, оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист ва дигарҳо баромад менамояд.

Мутобиқи лоиҳа, қонунгузории маданӣ аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин кодекс, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Дар лоиҳаи кодекси пешниҳодшуда на танҳо бартарияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба қонунгузории мадании ҷумҳурӣ, балки бартарияти қоидаҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба қоидаҳои пешбининамудаи қонунгузории маданӣ муқаррар шудааст.

Дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусӣ Кодекси маданӣ мавқеи хоса дорад. Кодекси маданӣ санади меъёрии ҳуқуқии кодификатсияшуда мебошад, ки муносибатҳои ҳуқуқии маданиро ба танзим медарорад.

Сохтори лоиҳаи Кодекси маданӣ ба сохтори соҳаи ҳуқуқи маданӣ мувофиқ буда, вазъи ҳуқуқии иштирокдорони муомилоти маданӣ, асосҳои пайдоиш, тартиби татбиқи ҳуқуқ ба моликият ва дигар ҳуқуқи ашё, ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонии ба он баробаркардашударо муайян мекунад, уҳдадориҳои шартномавӣ ва дигар навъи уҳдадориҳо, инчунин дигар муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро, ки ба баробарӣ, мухторияти ирода ва мустақилияти молумулкии иштирокдорони он асос ёфтааст, танзим менамояд.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2022 лоиҳаи кодекси мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулоса супорида шуд.

Бо такя ба қарори зикршудаи Шӯро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба лоиҳаи кодекс хулосаҳояшонро бо теъдоди зиёди таклифу пешниҳоди қобили таваҷҷуҳ барои баррасӣ ба кумитаҳои масъул манзур намуданд, ки онҳо ҳангоми баррасӣ баҳри такмили лоиҳаи кодекс ба назар гирифта шуданд.

Хулосаи кумитаҳо дар гурӯҳи корӣ бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон М. Ватанзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Р. Шоҳмурод, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Р. Раҷабзода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ҷ. Муртазозода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон З. Ализода, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Каримзода, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Маҳмадшозода мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба лоиҳаи кодекси пешниҳодшуда тағйиру иловаҳои дахлдор бо риояи тартиби муқарраргардида ворид карда шуданд.

Бо дарназардошти пешниҳодҳои воридгардида аз кумитаҳо ва хулосаи Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи кодекс такмил дода шуда, ду боб, як параграф ва беш аз 24 моддаи он дар таҳрири нав ифода гардида, ба зиёда аз 700 моддаи дигар тағйиру иловаҳои ҷудогона ворид шудааст.

Новобаста ба корҳои анҷомдодашуда лоиҳаи кодекс барои корбарии минбаъда эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ ­дониста шуд, ки лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм мутобиқ ба расмиёти пешбининамудаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои баррасӣ ва қабул дар хониши якум пешниҳод карда шавад.

Қабули лоиҳаи кодекс дар хониши якум имконияти таҳлили маҷмӯии тағйиру иловаҳои ворид­гардидаро фароҳам оварда, ба субъектони раванди ҳуқуқэҷодкунӣ имкон медиҳад, ки ҳангоми зарурат мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоду хулосаҳои иловагиро ирсол намоянд.

Кумитаҳои масъул лоиҳаи ­кодексро 8 июни соли 2022 дар ҷаласаи васеи якҷоя бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Вазорати адлия ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм бо тартиби муқарраргардидаи гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ арзёбӣ гардида, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардидааст.

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм дар хониши якум ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.

Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Лоиҳаи кодекси мазкур мукаммал аст. Мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, фасл ба фасл, боб ба боб, модда ба модда ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм дар хониши якумро яклухт ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам, ки нисбат ба он мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм дар хониши якум яклухт ба овоз монда шуда, кодекс қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм дар хониши якум» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Зоир Раҳмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Зоир РАҲМОНЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» дар таҳрири нав, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Б. Одиназода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қ. Қосим, Р. Латифзода, М. Ахмедов ва З. Раҳмонзода таҳия гардидааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» соли 2003 қабул гардида, рисолаташро то ба ҳол иҷро карда истодааст.

Бо дарназардошти мутобиқ сохтани меъёрҳои қонун ба дигаргуниҳои рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз байн бардоштани мухолифатҳои ҷойдошта ба қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои танзимкунандаи соҳавӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати пешниҳоди лоиҳаи қонунро дар таҳрири нав ба миён овард.

Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонун дар таҳрири нав тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ва мушаххасу саҳеҳ гардонидани истилоҳу ибораҳо мебошад. Дар лоиҳаи қонун масъалаҳои танзим ва дастгирии давлатии пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ пешбинӣ гардида, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон ва муносибатҳои молумулкӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ мушаххас гардонида шуданд.

Лоиҳа, тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расмиёти дохилиро гузаштааст. Дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ 87 таклифе, ки аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд, баррасӣ гардида, дар асоси онҳо лоиҳа такмил дода шуда, ба он се моддаи нав – моддаи 4 (Давлат ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ), моддаи 11 (Тартиби пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ) ва моддаи 15 (Истифодаи молу мулк дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ) ворид гардида, қисми 1-и моддаи 1, моддаҳои 6, 7, 8 ва қисми 2 моддаи 12 такмил ёфта, дар моддаҳои алоҳидаи он тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, пас аз такмил, лоиҳаи қонун аз 6 боб ва 21 модда иборат мебошад. Дар боби 1 (моддаҳои 1-4) Муқаррароти умумӣ, боби 2 (моддаҳои 5-8) — Танзими давлатии пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, боби 3 (моддаҳои 9-10) — Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандони дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ, боби 4 (моддаҳои 11-14)- Пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, боби 5 (моддаҳои 15 — 16) — Муносибатҳои молумулкӣ ва дар боби 6 (моддаҳои 17-21) Муқаррароти хотимавӣ ифода гардидаанд.

Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаҳои 14, 32, 57 ва 60 Конститутсия, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмамад Каримзода дода мешавад. Марҳамат.

Азизмамад Каримзода: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» соли 2003 қабул гардида, то ба ҳол амал карда истодааст. Дар баробари ин, бо дарназардошти мутобиқ сохтани меъёрҳои он ба дигаргуниҳои рушди иқтисодӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ва аз байн бардоштани мухолифатҳои ҷойдошта зарурати пешниҳоди лоиҳаи қонун дар таҳрири нав ба миён омад.

Дар асоси хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи қонун се моддаи нав — моддаи 4 (Давлат ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ), моддаи 11 (Тартиби пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ) ва моддаи 15 (Истифодаи молу мулк дар пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ) ворид гардида, қисми 1-уми моддаи 1, моддаи 6 (Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), моддаи 7 (Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ), моддаи 8 (Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ташкил, пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ) ва қисми 2 моддаи 12 такмил ёфта, дар моддаҳои алоҳидаи лоиҳа тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» якчанд маротиба дар ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ бо иштироки коршиносони соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қабули он аз буҷети ҷумҳурӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст. Мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб, модда ба модда ё яклухт қабул гардад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»-ро яклухт ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам, ки нисбат ба он мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзоанвар Ахмедов дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоанвар Ахмедов: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», дар таҳрири нав, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Р. Аҳмадзода, Б. Одиназода ва вакилони Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қ. Қосим, Р. Латифзода, М. Ахмедов, М. Юсуфӣ ва З. Раҳмонзода таҳия гардидааст.

Мақсади пешниҳоди он тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии пешбурди фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ бо дарназардошти ба миён омадани дигаргуниҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ — зиёд гардидани миқдори хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ дар соҳа, мутобиқгардонии фаъолияти онҳо ба талаботи қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз байн бардош­тани мухолифатҳои ҷойдошта мебошад.

Лоиҳаи қонуни аз нав таҳия шуда нисбати қонуни амалкунанда фарқияти зерин дорад:

- дар бобҳои алоҳида пешбинӣ намудани танзими фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ дар ҳавзҳо ва моҳигирӣ (бобҳои 3 ва 5), моддаҳои нав — моддаи 4 (Объектҳои оби соҳаи моҳипарварӣ), моддаи 5 (Хусусиятҳои истифодабарии қитъаҳои замин бо мақсадҳои моҳипарварӣ), моддаи 10 (Моҳипарварӣ дар ҳавзҳо, обанбор ва объектҳои дигари об) ва моддаи 20 (Моҳигирии саноатӣ);

- пешниҳоди мафҳумҳои нави — «объектҳои моҳипарварӣ», «моҳипарварӣ дар объектҳои табиии об», «моҳипарварӣ дар ҳавзҳои сунъӣ», «хоҷагиҳои моҳипарварӣ», «инфрасохтори моҳипарварӣ», «намуди моҳӣ» ва «ҳифзи захираҳои моҳӣ»;

- мушаххас гардондани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба моҳипарварӣ ва моҳигирӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти моҳӣ.

Лоиҳаи қонун расмиёти дохилиро гузашта, дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 109 таклифи пешниҳодшудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид ва дар асоси онҳо лоиҳаи қонун такмил дода шуд. Дар маҷмӯъ, пас аз такмил лоиҳаи қонун аз 7 боб ва 33 модда иборат мебошад.

Он ба талаботи моддаҳои 12, 13 ва 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намуданаш аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Мавлодод дода мешавад. Марҳамат.

Абдуқодир МАВЛОДОД: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» муносибатҳои тарафҳои гуногуни ҷамъиятиро дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ танзим намуда, ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ, маҳсулоти коркардшудаи он равона гардидааст. Он ба дигар қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Лоиҳаи қонун бо дарназар­дошти таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои моҳӣ ва ба танзим даровардани меъёрҳои истифодаи навъҳои гуногуни моҳӣ, аз ҷумла ҳифзи навъҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта ва ба рӯйхати навъҳои нодири ба «Китоби Сурх» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшударо танзим менамояд. Лоиҳаи қонун ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани асосҳои ҳуқуқии истифодабарии захираҳои табиии моҳӣ ба меъёрҳои умумибашарии ҳуқуқӣ ва таҳкими қонунгузории амалкунандаи соҳа таҳия гардидааст.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонуни зикршуда бо дарназардошти тағйиру иловаҳо ба қонунгузории мамлакат, санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ таҳия шуда, дар он навоварӣ ва талаботи байналмилалӣ ба назар гирифта шудааст.

Қабули қонуни зикршуда имкон медиҳад, ки истифодабарии устувори захираҳои моҳӣ ва муқаррар кардани меъёрҳои истифодаи ­навъҳои гуногуни моҳӣ, барои иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бастани шартномаҳои байналмилалӣ оид ба рушди моҳипарварӣ ба расмият дароварда шавад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст. Мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб, модда ба модда ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ»-ро яклухт ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам, ки нисбат ба он мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии Созишнома оид ба маб­лағгузорӣ (маб­лағгузории сеюми иловагӣ барои лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин Қаҳҳорзода: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади таъмини амнияти тандурустии аҳолии кишвар, махсусан, вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар солҳои 2020 — 2022 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ба соҳаи тандурус­тии мамлакат тадбирҳои мушаххас амалӣ гардиданд ва ин раванд идома дорад.

Дар робита ба ин, Созишномаи маблағгузории сеюми иловагии грантӣ барои амалӣ намудани «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон», ки 14 марти соли 2022 бо Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба имзо расонида шудааст, пешниҳод мегардад.

Ҳадаф аз татбиқи созишнома маблағгузории иловагии чорабиниҳое, ки дар «Нақшаи эътинои фаврӣ ба пандемияи COVID — 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақшаи миллии иммунизатсияи зидди бемории COVID -19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудаанд, иборат мебошад. Арзиши умумии созишнома 17,9 миллион ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ ё 250 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Аз ҳаҷми умумии маблағи ҷалбшуда 19,4 миллион доллари амрикоӣ барои харид ва таҳвили ваксинаҳои зидди бемории COVID-19, тестҳои ташхисӣ ва реагентҳои лабораторӣ, доруворӣ, дастгоҳи безараргардонии партовҳои тиббӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои таъмини эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ, дигар ваксинаҳо барои эмгузаронии нақшавии кӯдакон ва маблағҳои боқимонда барои амалӣ намудани чорабиниҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла доир ба роҳҳои коҳиш додани хавфҳои марбут ба пандемия, пайомадҳои қабул накардани ваксина, нашри иттилооти дахлдор тавассути воситаҳои ахбори омма, амалисозии тадбирҳои иловагии дастгирии соҳаи иммунизатсия, мониторинг ва арзёбии рафти татбиқи лоиҳа, идоракунии молиявӣ ва ғайра равона мешавад.

Татбиқи созишнома аз соли ҷорӣ оғоз гардида, анҷоми он соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.

Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории сеюми иловагӣ барои лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 14 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи он таъмини пешгирӣ, омодагӣ ва эътино ба пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз се қисмат иборат мебошад: тақвияти иқтидор дар соҳаи эҳёву табобати интенсивӣ ва пешгирии COVID — 19, банақшагирии бисёрсоҳавии чораҳои эътино ва таъмини омодагии ҷомеа, инчунин амалисозӣ ва мониторинги лоиҳа.

Созишномаи мазкур дар кумита бо тартиби муқарраргардидаи Дас­тури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузаш­та, ба моддаи 57 Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мутобиқ мебошад.

Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории сеюми иловагӣ барои лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID — 19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дода мешавад. Марҳамат.

Ҳоким ХОЛИҚЗОДА:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» зикр гардид, инчунин бо дастгирии шумо, вакилони муҳтарам, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 июли соли 2021 таҳти №1802 қабул шуд. Бо мақсади татбиқи муқаррароти он Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 27 августи соли 2021 таҳти №327 ва қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2021 таҳти №126 қабул гардиданд.

Тибқи қонун, аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаина оид ба авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва таъмин гардида, барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам шуд.

Раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ситоди ҷумҳуриявӣ ва мақомоти ҳамоҳангсоз дар давраи амали қонун назорат гардид. Аз ҷумла, ҳамоҳангсозии раванди қонунигардонии маблағҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии раванди қонунигардонии дороиҳо аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба ситоди ҷумҳуриявӣ пайваста ҳисоботи дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маб­лағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ шуда, тибқи банди 4-уми нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1 аз 20 январи соли 2022 ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳои иловагӣ аз муқаррароти қонуни мазкур, дарназардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта супоришҳо дода шуданд.

Супориши протоколи мазкур дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби мақомоти давлатӣ корбарӣ гардида, дар натиҷа, лои­ҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар доираи манфиатнокии иқтисодӣ ва мақсадҳои таҷрибаи ҷаҳонии барномаҳои авфи дороиҳо таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Бо лоиҳаи қонуни мазкур боз ба як соли дигар тамдид намудани муҳлати амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардида, ҷиҳати дар давраи минбаъдаи амал бо қонунигардонӣ фаро гирифта шудани амволи ғайриманқул дар қитъаҳои замини солҳои қаблӣ ба шаҳрвандон вобаста ё додашуда, бардоштани монеаҳои иловагӣ ҳангоми қонунигардонии метал ва сангҳои қиматбаҳои харидоришуда, бештар намудани дастрасии шаҳрвандон ба қонунигардонии маблағҳо тавассути ташкилотҳои маблағгузории хурд, васеъ намудани имкониятҳои шаҳрвандон барои қонунигардонии маблағҳо тавассути самтҳои маблағгузорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин барои кафолатҳои давлатии иловагӣ заминаи ҳуқуқии дахлдор таъмин карда мешавад. Тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда барои давраи минбаъда, дар маҷмӯъ, раванди қонунигардонии дороӣ ва маблағи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро мукаммал ва имконияту дастрасии шаҳрвандонро ҷиҳати қонунигардонӣ бештар менамояд.

Лоиҳаи қонун бо гурӯҳи Авру­Осиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешакӣ мувофиқа шуд.

Мақсад ва интизориҳои ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маб­лағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назар дошташуда, аз ҷумла ворид гардидани сармояи иловагӣ ба низоми молиявӣ — бонкӣ, таъсис ёфтани ширкатҳои нав, беҳтар гардидани сармояи ширкатҳои амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои кори нав, ба иқтисодиёти расмӣ баргардонида шудани маб­лағи андозсупорандагон аз иқтисодиёти пинҳонӣ, коҳиш ёфтани сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмӣ, рушди маблағгузории сохтмони молу мулки ғайриманқул, маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, беҳтар гардидани мавқеи тавозуни пардохти ҷумҳурӣ то дараҷаи муайян, амалӣ гардиданд.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 4 нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2022 таҳти рақами 1 бо мақсади аз байн бурдани монеаҳои иловагӣ, тамдид намудани амали қонуни мазкур, яъне, мукаммал ва имконияту дастрасии шаҳрвандонро вобаста ба қонунигардонӣ бештар намудан, таҳия  ва пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳа, доираи татбиқи қонунигардонӣ нисбати молу мулки ғайриманқул бо фарогирии қитъа­ҳои замини дар асоси қарорҳои тасдиқи санадҳои барӯйхатгирӣ вобасташуда, инчунин мавриди қонунигардонӣ қарор додани молу мулки ғайриманқул дар деҳот, ки солҳои қаблӣ сохта шуда, аз насл ба насл гузаштаанду то ҳол ҳуҷҷатгузорӣ нашудаанд, васеъ карда мешавад (ин тағйирот ба қисми 3 моддаи 5 қонун дахл дорад).

Инчунин, бо мақсади таъмини амалисозии минбаъдаи фаъолияти соҳибкории соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ки аз ҳисоби дороиҳо ва маблағҳои қонунигардонидашуда таъсис ёфтаанд, мутобиқи талаботи қисми 4 ба моддаи 10 иловашаванда кафолати иловагӣ дар хусуси дар ду сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ санҷиш нашудани онҳо пешбинӣ мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама расмиётро гузаштааст.

Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ карда, якчанд таклиф пешниҳод намуданд, ки баҳри такмили он истифода шудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Файзулло Қосимӣ дода мешавад. Марҳамат.

 Файзулло ҚОСИМӢ:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Р. Аҳмадзода, Р. Муқимӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ахмедов ва Ф. Қосимӣ пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз пешниҳоди он мутобиқгардонии мафҳумҳои дар моддаҳои алоҳидаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Бо ин мақсад пешниҳод мегардад, ки дар лоиҳа қисмҳои 3 моддаҳои 2, 41 ва номи моддаи 46, боби 7 такмил дода шуда, дар моддаи 49 калимаҳои «ҳуқуқ ба» ба калимаҳои «ҳуқуқи истифодабарӣ» иваз шаванд.

Лоиҳаи қонун расмиёти дохилиро тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон, гузаштааст.

Дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз 25 таклифи пешниҳодшуда, 17 таклиф қабул ва 8 таклиф қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Азизмамад Каримзода дода мешавад. Марҳамат.

Азизмамад КАРИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода, Р. Муқимӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ахмедов ва Ф. Қосимӣ таҳия шудааст.

Мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 2, 41, 46 ва 49 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан мутобиқгардонии мафҳумҳои дар Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Кумитаи давлатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро зарур ва лозим мешуморад.

Барои татбиқи меъёрҳои қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ масраф намешавад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор НАЗИРӢ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ­Р­. Аҳмадзода, Ф. Мӯъминова, Низом Қосим, Р. Муқимӣ ва Р. Акрамзода пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2020 таҳти №478 лоиҳаи қонуни мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулоса супорида шуд.

Мақсади пешниҳоди лоиҳаи мазкур бартараф намудани ҳолатҳои хилофи мантиқи ҳуқуқӣ ифода ёфтани меъёрҳо, камбудиву номувофиқатии меъёрҳои алоҳидаи кодекси амалкунанда, инчунин мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо бо дарназардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, бо ин васила, таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи муқаррарот таҳия гардидааст.

Мутобиқи қисми 1 лоиҳа, дар матни кодекс калимаҳои «Реестри», «реестрҳо», «Реестрҳои», «реестри», «реестр», «реестрҳои», «Реестр» ва «реестрро» мувофиқан ба калимаҳои «Феҳристи», «феҳрист­ҳо», «Феҳристҳои», «феҳрис­ти», «феҳрист», «феҳрист­ҳои» «Феҳрист» ва «феҳристро» иваз карда мешаванд.

Мувофиқи сархати якуми қисми 2 лоиҳа (қисми 2 моддаи 2 кодекс), калимаҳои «минтақаи гумрукии» ба калимаҳои «ҳудуди гумрукии» иваз ва аз қисми 4 ҳамин модда калимаи «ҳудуди» хориҷ мешаванд.

Тибқи қисми 3 лоиҳа, қисми 1 моддаи 5 кодекс дар таҳрири зерин пешниҳод мегардад:

«1. Амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нисбати муносибатҳое, ки то ҷорӣ намудани онҳо ба миён омадаанд, татбиқ намегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар дар худи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар оид ба мавриди амал қарор додани онҳо тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.».

Мутобиқи қисми 4 лоиҳа, минбаъд, дар баробари талаботи муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фаъолияти гумрукӣ тадбирҳои танзими гумрукию тарифӣ, мамнӯият ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон низ истифода мешаванд.

Дар асоси талаботи қисмҳои 5, 6 ва 8 лоиҳа мувофиқан номутобиқатии таркибии моддаҳои 9, 23, қисмҳои 1 ва 4 моддаи 131, қисми 2 моддаи 366 кодекс бартараф карда шуданд.

Тибқи қисми 7 лоиҳа (қисми 2 моддаи 37 кодекс), низоми имтиёзнок ё низоми нисбатан мусоидаткунандаи миллӣ нисбати моли дар банди 1 қисми 1 моддаи 37 зикршуда дар муддати  то як сол аз рӯзи аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани декларатсияи гумрукӣ татбиқ карда мешавад.

Мувофиқи қисми 8 лоиҳа, мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», дар қисми 2 моддаи 42, қисми 2 моддаи 44, қисми 1 моддаи 50, матни моддаи 55 ва қисми 1 моддаи 56 калимаҳои «аризадиҳанда» ва «аризадиҳандаро» мувофиқан ба калимаҳои «муроҷиаткунанда» ва «муроҷиаткунандаро» иваз мешаванд.

Бо мақсади мутобиқ намудан ба талаботи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи қисми 9 лоиҳа (моддаи 48 кодекс), шикоят нисбати қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ метавонад дар муҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи супорида шудани нусхаи қарор ё гирифтани он пешниҳод карда шавад ва бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Тибқи қисми 11 лоиҳа, бо мақсади мутобиқ намудан ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо коррупсия ва экстремизм пешниҳод мегардад, ки бандҳои 13 ва 20-и моддаи 462 дар таҳрири зерин ифода шаванд:

«13) чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон меандешанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили хавфҳои коррупсиониро дар мақомоти гумрук мегузаронанд;

20) муқовимат ба экстремизмро ба воситаи пешгирии ҳолатҳои аз сарҳади гумрукӣ интиқол додани маводи экстремистии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд.».

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ ва ҳамчунин, 69 таклифу дархост пешниҳод карданд.

8 июни соли 2022 дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз таклифҳои пешниҳодгардида 25-тоаш қабул, 19-тоаш қисман қабул ва 25-тоаш қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дода мешавад. Марҳамат.

Хуршед КАРИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо намуда, мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро зарур аст, ки таҳлили мунтазами қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати онро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ чораҳои судманд андешанд.

Дар робита ба ин, ҳама гуна иқдомоти субъектҳои ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ дар мавриди таҳия ва пешниҳод намудани лои­ҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии такмилдиҳандаи қонунгузории мамлакат қобили дастгирӣ буда, бешубҳа, ба ҳамкории судманд ва самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ мусоидат менамоянд.

Хадамоти гумрук дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи баррасишавандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, хулосаи дахлдорро ба мақоми давлатии мутасаддӣ манзур намуд.

Лоиҳаи қонун дар марҳилаҳои сипаригардидаи раванди қонунэҷодкунӣ такмил дода шуда, матни ниҳоии он дар мувофиқа бо ҷонибҳои мутасаддӣ барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмили Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, он мутобиқати дохилии меъёрҳои Кодекси гумрук ва мувофиқасозии муқаррароти онро бо талаботи қонунгузории амалкунанда, инчунин, мушаххассозии меъёрҳои алоҳида таъмин намуда, дар сурати қабул гардидан метавонад ба татбиқи босифати қонунгузории гумрук мусоидат намояд.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш  менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои тахассусӣ ба кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Бахтиёр Султон дода мешавад. Марҳамат.

Бахтиёр Султон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои тахассусӣ ба кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2021 таҳти №6563 (23-3) ҷиҳати ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мутобиқ намудани тартиби ба кормандони мақомоти андоз муқаррар намудани рутбаҳои тахассусӣ таҳия шудааст.

Тибқи муқаррароти қисми 5 моддаи 164, пешбинӣ шудааст, ки рутбаҳои тахассусии кормандони мақомоти андоз аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Қабули лоиҳа номгӯии рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурии мақомоти андоз ва истифодаи рутбаҳои қаблан ба кормандони мақомоти андоз додашударо танзим менамояд.

Мувофиқи тартиби амалкунанда, унвонҳои тахассусӣ ва рутбаҳои махсуси кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 1996 таҳти №241 муқаррар шуда, бо қабули лоиҳаи пешниҳодшуда қарори мазкур тибқи тартиби муқарраршуда аз эътибор соқит дониста мешавад ва дар ин бора дар банди 2 лоиҳа муқаррароти алоҳида пешбинӣ шудааст.

Қабули он ҷиҳати ба меъёрҳои қонунгузории ҷорӣ мутобиқ намудани номгӯи рутбаҳои тахассусии кормандони мақомоти андоз ва дар ин замина ба хизмати давлатӣ ҳавасманд намудани онҳо шароит фароҳам оварда, ҳамчунин, хароҷоти иловагии маблағҳои буҷетиро талаб наменамояд.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои тахассусӣ ба кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, Раҳмон Дилшод, Шарифҷон Ҷумъазода ва Мадина Набизода таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз он иҷрои супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ аз 11 сентябри соли 2020 дар бораи пурзӯр намудани ҷазо барои ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолону ноболиғон  баҳри пешгирии содиршавии чунин ҷиноятҳо мебошад.

Тибқи тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида, ба моддаи 47 Кодекси ҷиноятӣ намуди нави ҷазо дар шакли якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан ба фаъолияти муайян пешбинӣ гардида, бо мақсади муқаррар намудани мавриди татбиқи ин намуди ҷазо ба моддаҳои 48 ва 50 Кодекси ҷиноятӣ низ тағйироти дахлдор ворид шудааст.

Ҳамчунин, ба кодекс моддаи нав – 501 (Якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб­ҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян) илова мешавад. Якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми махсуси кодекси мазкур татбиқ карда мешавад. Яъне, тибқи муқаррароти қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ минбаъд чунин намуди ҷазо нисбат ба шахсоне татбиқ карда мешавад, ки ҷиноятро нисбат ба ноболиғон содир намудаанд ва он дар санксияи моддаҳои боби мазкур пешбинӣ шудааст -  аз манъ кардани ишғоли мансаб ва ё фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии соҳаҳои маориф, тарбия, инкишофи ноболиғон, ташкил намудани истироҳат ва солимгардонӣ, таъминоти тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, дар соҳаи варзиши кӯдакону наврасон, фарҳанг ва санъат бо иштироки ноболиғон, инчунин машғул шудан ба чунин фаъолият дар асоси фаъолияти инфиродӣ ё фаъолияти дигаре, ки кор бо ноболиғонро дар бар гирифтааст, иборат мебошад, ки он дар эзоҳи моддаи 142 иловаи 1 пешбинӣ гардидааст.

Бо тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 71, 75, 76 ва 81 пешниҳодшуда муайян карда шудааст, ки нисбат ба шахсони ҷиноятҳои ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) — 4) моддаи 139, моддаҳои 141 – 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 1421 кодекси мазкур содиркарда ё маҳкумгардида, институтҳои шартан татбиқ накардани ҷазо, муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо ва муҳлати иҷрои ҳукм татбиқ намешавад.

Мутобиқи тағйиру иловаҳо ба санксияҳои моддаҳои 138, 139, 141, 142 ва 1421 ҷазо дар намуди якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан ба фаъолияте, ки бо кор бо ноболиғон вобастагӣ дорад, илова гардида, ҳамчунин санксияҳои моддаи 139 доир ба маҳрум сохтан аз озодӣ такмил дода шудааст. Яъне, дар асоси қисми 2 моддаи 139 Кодекси ҷиноятии амалкунанда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳафт то даҳ сол пешбинӣ шудааст, ки тибқи лоиҳа, минбаъд ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан ба фаъолияти муайяни ҷазо таъин мешавад.

Дар қисми 3 моддаи мазкури амалкунанда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол буда, тибқи лоиҳа, минбаъд аз дувоздаҳ то бист сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ҷазо таъин мегардад.

Қисми 4 моддаи 139 амалкунанда бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бист сол ва тибқи лоиҳа, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз бист то бисту панҷ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ҷазо таъин мешавад.

Лоиҳа дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама расмиётро гузаштааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва дар маҷмӯъ, 21 таклиф пешниҳод карданд, ки ҷиҳати такмил истифода шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раънохон Бобоҷониён дода мешавад. Марҳамат.

Раънохон БОБОҶОНИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва меҳмонони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Р. Аҳмадзода, Д. Раҳмон, Ф. Раҳимӣ, Н. Қосим ва М. Набизода пешниҳод гардидааст.

Он бо мақсади тақвият додани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолу ноболиғон, бартараф шудани норасоиву камбудиҳои алоҳида, мукаммал намудани кодекс, риояи дақиқ ва сода гардидани татбиқи якхелаи он таҳия гардидааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур, ба кодекси амалкунанда ворид намудани як қатор тағйиру иловаҳо пешбинӣ шудаанд, ки хусусияти таҳрирӣ ва муайянкунанда, танзимкунанда ва мутобиқкунандаро дошта, дар ин робита, бо такмили моддаи 1 дар шакли иваз ё илова намудани калимаҳои «моликият» ба «молу мулки», «медиҳанд» ба «таъмин менамоянд» ва ҳамчун корфармо илова намудани «соҳибкорони инфиродӣ» мутобиқатии моддаи мазкур бо матни кодекс таъмин карда мешавад. Ивази калимаҳо дар моддаҳои 9, 12 ва 127 бо дарназардошти талаботи Кодекси гражданӣ, қонунгузории соҳаи маориф ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ роҳандозӣ гардида, ба хотири ҳифзи хуқуқи маъюбон ва категорияи алоҳидаи шаҳрвандон ба илова ба моддаи 17 пешбинӣ шудааст, ки бе асос рад намудани корфармо аз бастани шартномаи меҳнатӣ бо шахсе, ки мутобиқи квота барои ба ҷойи кор таъмин шудан фиристода шудааст, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Иловаи моддаи 2881 бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакону наврасон, ахлоқи ҷамъиятӣ аз кор дур кардани кормандони доғи судидоштае (алалхусус, барои ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт ва саломатӣ, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият, амнияту тартибот ва ахлоқи ҷамъиятӣ, оила ва ноболиғон нигаронида шудаанд), ки дар муассисаҳои  гуногуни марбут ба соҳаҳои таълиму тарбия, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишиву солимгардонии ноболиғон фаъолият доранд, пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ««Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2022 таҳти № 1041 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил дар маҷмӯъ 35 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки  аз онҳо  24 таклиф қабул, 6 — то қисман кабул ва 5 таклифи дигар қобили қабул дониста нашуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб­бой Аҳмадзода, Дилшод Раҳмон, Фарҳод Раҳимӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибхон Азимзода ва Фазлиддин Икромов таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Ҳадаф аз таҳияи он бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ҷудогона дар самти иштироки прокурор дар мурофиаи ҷиноятӣ мебошад.

Тибқи тағйиру иловаҳо дар сархати ёздаҳуми қисми 1 моддаи 35 калимаҳои «ташкилотҳои кредитӣ» ба калимаҳои «дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ» иваз карда шуда, бо иловаи сархати панҷум ба қисми 1 моддаи 168 салоҳияти прокурор бобати додани розигӣ ба таҳқиқбаранда ва муфаттиш барои ба суд пешниҳод намудани дархост оид ба ҳабси маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ қарор доранд, пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, ба ҷумлаи сеюми қисми 5 моддаи 408 пас аз калимаи «Эътирози» калимаҳои «Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» илова пешбинӣ гардидааст, ки минбаъд эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар марҳилаи назоратӣ баррасӣ карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳама расмиётро тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон гузашта, Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ карда, дар маҷмӯъ, 21 таклиф пешниҳод намуданд, ки баҳри такмили лоиҳа истифода карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба бобҳои 2 ва 9-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раънохон Бобоҷониён дода мешавад. Марҳамат.

Раънохон БОБОҶОНИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва меҳмонони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода, Д. Раҳмон, Ф. Раҳимӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Т. Азимзода ва Ф. Икромов пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии таҳияи он бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи кодекс, ноил шудан ба мутобиқати дохилӣ ва мутобиқгардонии кодекс ба талаботи дигар қонунҳо, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратура», мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ҷудогона дар самти баррасии парвандаҳои гражданӣ мебошад.

Дар доираи тағйиру иловаҳо ба моддаи 47 ваколатҳои прокурор дар мурофиаи гражданӣ такмил дода шуда, ӯ дар баррасии парвандаҳои алоҳида дар ҳолатҳои пешбининамудаи кодекс ва дигар қонунҳо ҳатман иштирок менамояд, хулоса медиҳад ва дар доираи ваколат парванда ё гурӯҳи парвандаҳоро, ки бо онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бо мақсади таҳлил ва ҷамъбасти фаъолият дар самти таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз суд талаб карда мегирад. Дар сурати муқаррар намудани ғайриқонунӣ ё беасос будани санадҳои судӣ, прокурор тадбирҳои дахлдорро бо тартиби муайяннамудаи кодекси мазкур амалӣ менамояд. Тибқи тағйиру иловаҳо, ба моддаҳои 257,  325, 365, 367 ва 368 масъалаҳои ба судҳои марҳилаи назоратии дахлдор пешниҳод намудани эътирози назоратӣ, ки он  новобаста ба иштироки прокурор дар мурофиаи судӣ сурат мегирад ва аз ҷониби суди марҳилаи назоратии дахлдор дар асоси  дастҷамъона баррасӣ намудани эътирози прокурор танзим шудаанд. Дар ин асос тағйироти дахлдор ба моддаҳои 372 ва 373 ворид карда шуда, тибқи онҳо, калимаҳои марбут ба эътирози назоратӣ хориҷ карда шудаанд. Яъне, тибқи лоиҳаи мазкур прокурор дар мурофиа тараф ба шумор намеравад ва дар мурофиа ҳуқуқу манфиати шаҳрвандон, давлат ва ташкилотҳои давлатиро дар доираи қонун ҳифз менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2022 таҳти № 1025 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмили он, дар маҷмӯъ, 24 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки  аз онҳо 18 — то қабул, 2-то қисман қабул, 4-тои дигар қабул нашуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ««Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба боби 2-и   Конститутсия ва боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раънохон Бобоҷониён дода мешавад. Марҳамат.

Раънохон БОБОҶОНИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва меҳмонони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Раҳмон, Ф. Раҳимӣ, И. Амонзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Азимзода ва М. Абдусаломзода пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии он ноил шудан ба мутобиқати дохилӣ ва мутобиқгардонии кодекс ба талаботи дигар қонунҳо, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратура» ва мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ҷудогона дар самти баррасии судии парвандаҳои иқтисодӣ мебошад.

Тибқи тағйиру иловаҳо, дар моддаи 39 иштироки прокурор дар парванда бо сархати нав ифода ёфта, дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 51 калимаи «муроҷиатномаро» ба калимаи «муроҷиатро» иваз ва ба он қисмҳои 6 ва 8 илова гардидаанд, ки тибқи онҳо, мувофиқан прокурор дар баррасии парвандаҳо оид ба баҳсҳои вобаста ба замин ва манзил, новобаста аз пешниҳоди муроҷиат ба суд ҳатман иштирок намуда, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо сарфи назар аз иштирок дар мурофиаи судӣ, дар доираи ваколатҳо метавонанд парванда ё гурӯҳи парвандаҳоро, ки бо онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бо мақсади таҳлил ва ҷамъбасти фаъолият дар самти таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз суди иқтисодии дахлдор талаб карда гиранд. Дар сурати муқаррар намудани он, ки санади судӣ ғайриқонунӣ ё беасос аст, прокурор тадбирҳои дахлдор, аз ҷумла овардани эътирози назоратиро бо тартиби муайяннамудаи кодекси мазкур амалӣ менамояд. Бо мақсади аз байн бурдани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта, мукаммал намудан ва боҳаммутобиқнамоии моддаҳои кодекс дар қисми 2 моддаи 52, қисми 1 моддаи 193, моддаи 236, моддаҳои 237, 238-244, 246-248, 250, 2503, 251, 270 ва 275-280 баъзе калимаҳо илова ва иваз шудаанд. Ҳамчунин, сархати чоруми  қисми 2 моддаи 239 дар таҳрири нав ифода ёфта, тибқи он, талаби шахси шикоят ва прокурори эътирозоварда ва асосҳое, ки аз рӯи онҳо ҳалнома бо истинод ба қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳолатҳои парванда ва далелҳои дар парванда мавҷудбуда мавриди шикоят ва эътироз қарор дода шудааст, пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2022 таҳти № 1024 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ««Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҳамчунин ҷиҳати такмили он, дар маҷмӯъ, 35 таклифу пешниҳод манзур кардаанд, ки  аз онҳо 23 — то қабул, 1 адад қисман кабул ва 11-тои дигар қобили қабул дониста нашуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

 Бо арзи эҳтиром хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор АШУРЗОДА:Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, ҷиҳати аз байн бурдани мухолифати байни матнҳои тоҷикӣ ва русӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, Парвина Маликзод ва Мавзуна Шамсидинзода пешниҳод гардидааст.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ҷиҳати бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо дарназардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва мутобиқгардонии онҳо ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда, аз ҷумла, моддаҳои 1, 2, 4, 11, 12, 13, 19, 28, 29, 30, 34 ва 35 тағйирот ворид карда шудааст, ки онҳо дорои хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ мебошанд.

Инчунин, бо дарназардошти талабот ва меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», моддаи 34 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳо ва раёсатҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон пурра гузашт, ки ҷиҳати такмили он 13 пешниҳод манзур гардид.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуҳалим Ғаффорзода дода мешавад. Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Шарифҷон Ҷумъазода, Фарҳод Раҳимӣ, Низом Қосим, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қодири Қосим, Амонулло Хайрулло ва Музаффар Маҳмудзода дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 вобаста ба масъалаҳои зарурати таъмини истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ, кам кардани талафот ва истифодаи таҷҳизоти барқии каммасраф таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мутобиқи лоиҳа, пешниҳод мегардад, ки дар моддаи 1 сархати ёздаҳум дар таҳрири нав ифода гардида, дар ин робита, бо ворид намудани сархати нав ба қисми 1 моддаи 17 алоқамандии моддаҳои мазкур таъмин карда шавад. Зеро то ин вақт дар матни қонун мафҳуми «захираи энергетикии дуюмбора» ҷой надошт.

Ҳамчунин, пешниҳод мешавад, ки ба қонун моддаи нав 61 илова гардад, ки дар он ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, мусоидат барои ҷорӣ намудани таҷҳизот, технологияҳо ва маводи каммасраф, аз ҷумла дар доираи татбиқи лоиҳаҳо, иҷрои нишондиҳандаҳои муқарраршуда дар соҳаи сарфаҷӯии энергия, риояи меъёрҳои истеъмоли захираҳои сӯзишворӣ ва энергетикӣ ва амсоли ба ин монандро фаро гирифтааст, муайян шудаанд.

Бо иловаҳо ба моддаҳои 8 ва 11 пешбинӣ шудааст, ки муайян кардани дараҷаи самаранокии энергетикии маҳсулот аз ҷониби истеҳсолкунанда ва воридкунанда амалӣ шуда, хулосаи мусбати экспертизаи давлатии энергетикӣ шарти ҳатмии тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла манбаъҳои гармӣ ва барқ, мебошад.

Қисми 3 моддаи 12 бо мақсади рафъи норасоии мантиқӣ дар таҳрири нав ифода гардида, истилоҳҳои ҳуқуқии дар ном ва матни моддаҳои 16, 19 ва 21 ҷойдошта тавассути тағйири калимаҳо ислоҳ шудаанд.

Қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ супорида шуд.

Дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 23 таклифи пешниҳодшудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аз онҳо 15-тояш қабул, 4-тояш қисман қабул ва 4-тояш қабул нашуданд.

Кумитаи масъул 2 июни соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабул намудани онро, бо дарназардошти ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, маъқул донист.

Тағйироти пешниҳодгардида ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, қонуни амалкунандаро мукаммал менамояд, номутобиқати дохилӣ ва мухолифати онро бо дигар санадҳои қонунгузорӣ бартараф намуда, барои амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб карда намешавад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ