Ватандӯстӣ рисолати бузурге, нест ҳамтояш

№32 (4615) 03.03.2023

DSC_4380Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба фаъолият оғоз намудани вакилони даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон таъкид намуда буданд, ки қонунҳои мо бояд бо дарназардошти дурнамо ва ҳадафҳои ояндаи рушди давлати миллӣ ва пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳия ва қабул карда шаванд.

Дар робита ба ин, аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дастоварди арзандаи парламентаризми тоҷик маҳсуб шуда, мавриди ҳамовозӣ қарор гирифтанаш аз мазмуну моҳияти баланди он шаҳодат медиҳад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» яке аз қонунҳои муҳимтарини низоми ҳуқуқии кишвар буда, қабули он дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадафи тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстии мардумро дорад. Бо қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ собит гардид, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар ­масъалаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамқадами замон аст.

Зарур аст, ки масъулин ба мардум муҳтавои ин қонуни муҳимро шарҳ диҳанд, зарурати таҳия, қабул ва ҷонибдории онро бо тамоми нозукиҳояш фаҳмонанд. Вақте ҷомеаи кишвар моҳияту мақсади қонунҳоро дуруст мефаҳмад, татбиқи онҳо осонтар мегардад.

Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳлили амиқи проблемаҳо, таклифу пешниҳодҳои судманд, иродаи мардум дар сатҳи қонун, ҷус­туҷӯи чораҳову пешниҳодҳои беҳтарин, мубоҳисаҳои пуршӯр ва албатта, рӯҳия ва эҳсосоти инсонӣ нуҳуфтаанд. Дар умум, моҳияту рисолати фаъолияти ҳар як шаҳрванд дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат, заҳмату талош барои шукуфоии бештари кишварамон ва комёб будан дар ҳама самтҳо мебошанд.

Агар мухтасар моҳияти онро баён карданӣ шавем, пас қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ беҳтар аз дигарон дарк кардаанд, ки рӯҳия ва табиати қонунҳо бояд ба фалсафаи ҳаёт, урфу одатҳо ва анъанаҳои мардум ҷавобгӯ бошанд, аз зиндагии мардум зуҳур кунанд ва ба рафъи мушкилиҳои ҳаёти эшон кумак намоянд, зеро қонунҳо барои саодати халқ қабул мегарданд.

Дар қонун муқаррар шудааст, ки тарбияи ватандӯстӣ ин фаъо­лияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст, маҳсуб мешавад.

Дар ин раванд тадбирҳое, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёкон рабт доранд, мақоми хоса дорад.

Чун сухан дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон меравад, бояд ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон, тарбия намудани шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан авлавият бошад.

Бегуфтугӯ, ин иқдоми муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо, ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон зоҳир намудани ҳисси ватандӯстӣ, адои шоистаи қарзи ҷамъиятию давлатӣ ва ҳарбӣ мусоидат менамояд.

Тибқи муқаррароти моддаи 5, субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ фарогир буда, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ мекунанд, коллективҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ ва ғайра, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятию давлатии шаҳрвандон ва ҳамватанони берун аз марз истиқоматдошта, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва оила аз ҳамон ҷумлаанд.

Барои дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шудани фаъолият дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» муқаррар кардааст, ки субъект­ҳои тарбияи ватандӯстӣ бо восита ва имкониятҳои ба худ хос вазифаҳои соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ намоянд.

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон густурда буда, пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккул додани заминаи меъёрии ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз ҳамон ҷумлаанд.

Дар моддаи 7 пешбинӣ гардидааст, ки таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таҳияи лоиҳаи консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ватан­дӯстии шаҳрвандон ва пешниҳод намудани онҳо барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ, ки ­масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро танзим мекунанд, муайян кардани тартиби ташкили феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар татбиқи барномаҳои идоравии тарбияи ватандӯстӣ иштирок мекунанд ва аз дастгирии давлатӣ бархӯрдоранд, муайян кардани воҳиди сохторӣ, ки масъалаҳои тарбияи ватандӯстиро ба зимма дорад, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мебошад.

Ҳамаи мо масъулем, ки дар раванди ҷаҳонишавии масъалаҳо дар доираи манфиатҳои миллӣ мавқеи худро пуштибонӣ намоем. Ин вазифаи муқаддаси парламенти касбӣ аст ва хоҳад монд. Дар ин давра мо бояд беш аз пеш манфиатҳои миллӣ ва сиёсии кишварро ҳифз кунем ва пояҳои истиқлолияти давлатиро устувор гардонем.

Маҳмадалӣ Қурбонзода,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия