Чоруми июни соли равон бо ибтикори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия доир ба иҷрои Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон ва масъулини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеа аз рӯзҳои аввали фаъолият ба соҳаи сохтмон таваҷҷуҳи хоса доранд.
- Бо дастури Роҳбари давлат барои инкишофи минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратегӣ — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар муайян гардиданд. Аз ҷумла, сохтмон ва бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва бузург, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси низоми ягонаи энергетикии мамлакат, таъмиру таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ ва барқарорсозии иқтидори онҳо, шабакаҳои интиқоли барқу газ, гузаштан ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия вазифаҳои афзалиятноканд, — зикр кард номбурда.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди соҳаи сохтмон Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2022-2025) таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 тасдиқ гардидааст. Ин ҳуҷҷат мақсад ва афзалияти рушд, самтҳои асосӣ, вазифаҳо ва механизми ислоҳоти соҳаи сохтмонро барои давраи то соли 2030 дар асоси омӯзиши амалияҳои беҳтарини дигаргунсозиҳои сохтории соҳаи сохтмон ва тамоюли ҷаҳонии рушди фаъолияти шаҳрсозӣ муайян менамояд.
Муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Улуғбек Умарзода оид ба рафти иҷрои стратегия иттилоъ дод, ки мақсади асосӣ ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳити мусоид барои зиндагӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ ва истеҳсолӣ, истифодаи оқилонаи мероси таърихӣ, фарҳангӣ, захираҳои табиат, ҳифзи муҳити зист ва ҳалли масъалаҳое мебошад, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд.
- Тибқи муқаррароти стратегия сиёсати давлат дар соҳаи сохтмон ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори соҳа бо роҳи самаранок истифода бурдани захираҳои меҳнатию моддӣ, инноватсия ва сармоягузориҳо бо мақсади таъмини амалишавии бомуваффақонаи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, минтақаҳо ва соҳаҳо равона мегардад, — зикр кард номбурда.
- Пешрафти соҳа бе мавҷудият ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ рушд карда наметавонад. Барои танзими соҳаи сохтмон дар мамлакат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони манзилҳои шахсӣ» (аз 21 июли соли 1994), «Дар бораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ» (аз 15 майи соли 1997), «Дар бораи масъулияти иқтисодии корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо барои қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокорӣ» (аз 15 майи соли 1997) ва «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» (аз 20 марти соли 2008) қабул гардиданд, ки барои рушди соҳа ва қабули дигар санадҳои зерқонунӣ асоси ҳуқуқӣ гузоштанд. Бо қабули Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, қонунгузорӣ мукаммал, танзими соҳа боз ҳам мураттаб гардида, муносибатҳо мушаххасу барои шаҳрвандону ташкилотҳо имкониятҳои боз ҳам васеътар фароҳам шуд, — изҳор дошт вакили Маҷлиси намояндагон Комрон Исмоилиён.
Дар охир вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳояшон аз масъулини соҳа посух гирифта, пешниҳоду тавсияҳо манзур намуданд.
Бо назардошти таклифу дархост ва пешниҳодҳои иброзгардида қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул карда шуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»