7-уми июни соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии Рашт сафари корӣ анҷом дод, дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо фаъолон мулоқот намуд.
Дар оғози суҳбат Маҳмадтоир Зокирзода салому паёми самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум расонд. Сипас, дар мавзуъҳои ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои мардуми мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ, сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сухан гуфт.
Маҳмадтоир Зокирзода бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ, аз ҷумла кишти картошка ва зироати кишоварзӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобидаро таъкид кард.
Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз намуд, ки мардуми ноҳия заҳмату талош, кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадрдонӣ карда, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо тамоми дастуру супоришҳояшонро чун ҳарвақта сармашқи кор менамоянд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ