Вохӯрӣ бо интихобкунандагон

№3(4265) 09.01.2021

2618655_originalРаиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақша — чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону ҷавонон, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Сангвор вохӯрӣ доир намуд.

Зимни он дар бораи муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, таъмиру бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бунёди гармхонаҳо, захираи маҳсулоти озуқа, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҷараёни омодагиҳо ба мавсими зимистон, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу ағбаҳо ва фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафт.

Вохӯриҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияҳои минтақаи Рашт идома дорад.

 

5 январи соли равон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо интихобкунандагон доир гардид.

Аз ҷумла, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вакилон Рустам Раҳматзода, Раъно Бобоҷониён ва Гулбаҳор Назирӣ дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо интихобкунандагон мулоқот ва дар бораи самтҳои асосии фаъолияти парлумони кишвар, таҳияи қонунҳои нав, истифодаи самараноки замин, шарҳу тавзеҳи Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, коркарди ниҳоии маҳсулоти ватанӣ, пурзӯр намудани рӯҳияи худшиносививу худогоҳӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, мубориза бар зидди ифротгаройӣ ибрози ақида намуданд.

Ҳамчунин, интихобкунандагон бо саволу дархост ва пешниҳодҳо ба намояндагон муроҷиат карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

4 январи соли 2021 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон бо сокинону фаъолон мулоқот намуд.

Зимни он доир ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва рушди устувори фаъолияти соҳибкорӣ сухан рафта, аз интихобкунандагон даъват карда шуд, ки ба масоили зимистонгузаронӣ, захираи маҳсулоти ғизоӣ, истифодаи босамари замин ва сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз Қодир ва Матробиён Саодатшо бо сокинони деҳоти ­«Ванқалъа»-и ноҳияи Шуғнон ва ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб вохӯрда, дар бораи пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, илму фарҳанг ва маориф суҳбат карданд.

 

5 январи соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев ҷамъомад доир гардид.

Мироҷ Абдуллоев бо интихобкунандагон аз дастовардҳои даврони соҳибис­тиқлолӣ ёдовар шуда, дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро барои сокинон муҳим арзёбӣ кард. Инчунин, таъкид намуд, ки сокинони ноҳия бояд сарфакорона истифода намудани неруи барқ ва самаранок истифода бурдани заминро ба роҳ монанд.

 

- Соли 2020 бо сар задани бемории сироятии коронавируси COVID-19 барои мардуми ҷаҳон мушкилоти зиёд пеш омад, ки кишвари мо низ аз он дар канор намонд. Хушбахтона, тадбирҳои сари вақт андешидаи Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки шиддати сирояти беморӣ пешгирӣ шуда, гирифторони он фавран табобат карда шаванд. 

Ин нуктаро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода 5 январи соли равон дар вохӯрӣ бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара доир шуд, изҳор намуд. Ӯ, ҳамчунин, дар бораи мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дигари муҳим ҳарф зад.

 

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сурайё Уроқова ва Ғиёсиддин Ашӯров 5 январи соли равон бо фаъолзанон ва кормандони Маркази саломатии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуданд.

Онҳо дар бораи қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон соли 2020 қабул шуданд, маълумоти муфассал дода, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулоти озуқа, танзими нархи маҳсулот дар бозору мағоза, нигоҳ ­доштани анъа­наҳои миллӣ ва ғайра ҷалб намуданд.

Инчунин, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ таъкид гардид.

 

Дар шаҳри Панҷакент вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода ва Парвиз Шодизода бо интихобкунандагон вохӯрда, дар бораи баланд бардош­тани сатҳи некуаҳволии сокинон суҳбат карданд.

Ҳамчунин, доир ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус сухан рафта, вакилон иброз доштанд, ки новобаста ба таъсири манфии он ба аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, Ҳукумати мамлакат фаъолияти мунтазам ва бомароми мақомоти давлатиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини пешрафти иқтисодиёти мамлакат лоиҳаи қонунҳоро таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки пас аз мавриди баррасӣ қабул гардиданд.

Зикр гардид, ки барои ба мушкили норасоии озуқаворӣ гирифтор нашудан бахши кишоварзии шаҳр, хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд фаъолиятро ҷиддӣ ба роҳ монад.

 

Мавзӯъҳои меҳварии суҳбати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Аҳмадзода бо интихобкунандагон дар ноҳияи Спитамен сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ буданд.

Миёни интихобкунандагон ва вакили Маҷлиси намояндагон саволу ҷавоб сурат гирифт.

 

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №27 Шодиён Муҳаммад Султонзода бо роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва интихобкунандагон дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён доир гардид.

Дар он бобати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, сари вақт ҷамъоварӣ намудани ­маблағи истифодаи он, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, корҳои ­беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва дигар масъалаҳои муб­рам суҳбат карда шуд.

Дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Кӯшониён низ бо иштироки Шодиён Муҳаммад Султонзода вохӯриҳо баргузор шуданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

М. ИМОМНАЗАР,

М. МАҚСУДОВ,

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»