Муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, истифодаи оқилонаю сарфакоронаи неруи барқ, мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, ёрирасон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин, саноатикунонии босуръати кишвар аз мавзӯъҳое буданд, ки рӯзҳои аввали соли 2021 якҷо бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар зимни мулоқот бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиён шарҳу тавзеҳ додем.
Ҳамчунин, дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум дар соли 2020, Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба сокинони кишвар ҷиҳати истифодаи сарфакорона ва мақсадноки неруи барқ, рушди соҳаи саноат ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, омодагиҳо ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, андешидани тадбирҳо вобаста ба дастгирии ҷавонон, занону духтарон дар деҳот, пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 суҳбатҳо ороста шуд.
Интихобкунандагон доир ба мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартарафсозии онҳо, камбудиҳо дар фаъолияти баъзе аз сохторҳои маҳаллӣ, бахусус дар самти таъмини оби полезӣ, изҳори андеша карданд. Зикр гардид, ки бо дарназардошти имконоти мавҷуда ба ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат карда хоҳад шуд.
Неъматулло ХОЛБОЙЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон