Вохӯрӣ бо интихобкунандагон

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

Шонздаҳуми марти соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вакилон Машраб Файзуллозода, Мавлудахон Мирзозода ва  Мирзоанвар Ахмедов бо интихобкунандагон доир гардид, ки зимни он нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат шарҳу тавзеҳ  дода шуд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятро дар ҳама самт муваффақона ба роҳ монда, сол то сол ба афзун намудани нишондиҳандаҳо тавассути қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди истифода қарор гирифтани иншооти таъиноти гуногун ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дигар тадбирҳои муҳим ҷиҳати рушди босуботи мамлакат махсус таъкид гардид.

Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 март оғоз гардида, то 25 март идома меёбад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

17 марти соли ҷорӣ дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат бо интихобкунандагони ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд.

DSC_5933Дар оғоз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Дилрабо Мансурӣ баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша кард.

- Мусаллам аст, ки дар меҳвари фаъолияти Давлат ва Ҳукумати кишвар дар ҳафт соли оянда таъмини зиндагии шоиста ба мардум нақши калидӣ мебозад. Ин нукта дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии Сарвари давлат равшан ифода ёфтааст, — иброз намуд Дилрабо Мансурӣ ва афзуд, ки дар асоси таҳлилҳои илман асоснокшуда, аҳолии мамлакат аз 9,5 миллион нафар дар соли 2020 то ба 10,5 миллион дар соли 2025 афзоиш меёбад. Ин далел тақозо менамоянд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Дар мулоқот, инчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён, Парвина Меликова ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода низ баъзе аз нуктаҳои Паёми Президенти мамлакатро шарҳ доданд.

Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ, «Садои мардум»

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Файзулло Баротзода ва Сумангул Тағойзода бо устодон, омӯзгорон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон доир гардид, ки зимни он намояндагони мардум муҳтавои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ доданд. Аз ҷумла, Сумангул Тағойзода иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди иқтисодӣ, такмили давлатдорӣ, ҷорӣ шудани волоияти қонун, пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоӣ ва ҷавонон аз сиёсати оқилонаю бунёдкоронаи Сарвари давлат шаҳодат медиҳанд. Таъкид гардид, ки соли сипаригардида, новобаста аз пандемияи коронавирус, нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ мусбат буданд.

Файзулло Баротзода иброз дошт, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба фаъолияти назаррас ва ибратбахши бонувону духтарон ва ҷавонон эътибори ҷиддӣ дода, ба онҳо ҳамчун нафарони бомасъулият, меҳрубон, устувор ва ояндадор баҳо доданд.

 

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсиддин Шарифзода 17 марти соли равон зимни мулоқот бо интихобкунандагон дар деҳоти Фондарё ва шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олиро тавзеҳ дода, вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тадбирандешиҳо дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, маълумот дод.

Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум барномаву стратегияҳои давлатиро қабул ва мавриди амал қарор дода, баҳри рушд аз ҳама имконият истифода мебарад.

Вохӯриҳои Ғиёсиддин Шарифзода дар дигар шаҳраку деҳоти ноҳия низ доир хоҳад шуд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

16 марти соли ҷорӣ дар деҳоти «Ёрӣ», «Амондара» ва «Сӯҷина»-и шаҳри Панҷакент мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Парвиз Шодизода бо интихобкунандагон доир шуд.

Парвиз Шодизода муҳтаво ва нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат шарҳ дода, вазифаҳоеро, ки аз он бармеоянд, хотиррасон намуд.

Зимни мулоқот интихобкунандагон масъалаҳо оид ба муайян намудани мавзеъ барои таҷлили иди Наврӯз дар деҳаи Ёрӣ, бунёди муассисаи таълимӣ дар деҳоти «Амондара» ва ҳалли баҳсҳои замин дар деҳоти «Сӯҷина»-ро ба миён гузоштанд.

Т. СОЛЕҲЗОДА,

 рӯзноманигор

 

16 марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37 Шарифҷон Ҳакимзода бо омӯзгорону донишҷӯён доир гардид, ки зимни он нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат шарҳ дода шуд.

Зикр гардид, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати муҳимест, ки ба таъмини зиндагии арзандаи сокинони мамлакат нигаронида шудааст.

- Дар он, баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, ба соҳаи илму маориф низ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар радифи озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ, ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон минбаъд ҳар сол озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад, — иброз дошт Шарифҷон Ҳакимзода.

Ӯ, ҳамчунин, афзуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо мақсади дастгирӣ намудани кишоварзону хоҷагидорони мамлакат ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ хоҷагиҳои деҳқониро соли 2021 аз пардохти андози ягона озод карданд. Кишоварзони мамлакат аз ин ғамхории Сарвари давлат рӯҳбаланд шуда, минбаъд ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода хоҳанд бурд.

Шарифҷон Ҳакимзода бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри «Кӯлоб», интихобкунандагон аз ҷамоатҳои деҳоти «Кӯлоб», «Зарбдор», «Зиракӣ» ва «Даҳана» низ мулоқот хоҳад кард.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

 

- Илму маориф яке аз соҳаҳои муҳими давлат ба шумор мераванд, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, — иброз дошт вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №27 Шодиён Муҳаммад зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ва афзуд, ки эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф», озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷавонони соҳибистеъдодро муаррифӣ ва шавқи онҳоро ба илмомӯзӣ зиёд намуд.

Шодиён Муҳаммад, ҳамчунин гуфт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, роҳи ояндаи пешрафту беҳбудии ҷомеаро муайян мекунад.

Дар фарҷом миёни интихобкунандагон ва Шодиён Муҳаммад саволу ҷавоб сурат гирифт.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»