Вохӯрӣ бо интихобкунандагон

№38 (4300) 27.03.2021

изображение_viber_2020-04-17_10-39-39Дар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор шуд.

Дар он муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вакилони мардумӣ Абдуҳалим Ғаффоров, Машраб Файзуллозода ва Гулбаҳор Назирӣ баромад намуда, таъкид карданд, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои оянда муайян шуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мушаххас вазифагузорӣ гардид.

Вакилон аз он ёдовар шуданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонӣ то 23,6 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Муҳим он аст, ки соли 2020 ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 50 фоиз баробар гардид.

Интихобкунандагон ба вакилон вобаста ба масъалаҳои гуногун савол дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»

 

17 марти соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон вохӯрии интихобкунандагон бо муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим доир гашт.

Номбурда чаҳор ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакатро, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баён гардид, мавриди баррасӣ қарор дод. Аз ҷумла, зикр намуд, ки барои ташкили корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон замини шароити мусоид мавҷуд аст. Аллакай дар мамлакат 2074 корхона сохта, ба истифода дода шудаанд.

- Барои саноатикунонии мамлакат истеҳсоли барқ муҳим аст ва бо пурра ба кор андохтани НБО-и «Роғун» ба истиқлолияти энергетикӣ мерасем ва имкони ташкили корхонаҳои калонтар зиёдтар хоҳад шуд, — афзуд Қодири Қосим.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба маориф ва сайёҳӣ, ки дар Паёми Пешвои миллат қайд шудаанд, ибрози андеша кард.

Интихобкунандагон роҷеъ ба масъалаҳои гуногун ва бо суолу дархостҳо ба вакил муроҷиат карданд.

Мамадалӣ БАХТИЁРОВ

 

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ бо интихобкунандагон мулоқот кард.

Ӯ дар бораи рушди сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сайёҳони хориҷиву дохилӣ андеша ронда, зикр намуд, ки ин нукта дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид гардидааст ва аз ҳар яки мо ташаббускориву муносибати ҷиддиро тақозо менамояд. Дар ин замина ривоҷ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот авлавият ба шумор рафта, ба кор андохтани корхонаҳои аз кор бозмонда, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ низ тақозои замони мебошад.

Дар вохӯрӣ, инчунин, оид ба истиқболи сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, иҷрои дастури Президенти мамлакат оид ба зиёд намудани кишти зироатҳои ғалладонагӣ, истифодаи самараноки замин ва дигар масъалаҳо пешниҳодҳои судманд баён гардид.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»

 

Дар мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода бо интихобкунандагони деҳоти ба номи Халифа Ҳасан, «Шинг» ва «Фароб»-у Моғиён»-и шаҳри Панҷакент масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ӯ роҷеъ ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар кард.          

Интихобкунандагон аз деҳоти ба номи Халифа Ҳасан аз Парвиз Шодизода дархост намуданд, ки дар бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, ташкили муассисаи томактабӣ, бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат намояд.

Чунин мулоқот дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр низ доир гардид.

Т. СОЛЕҲЗОДА